Як созмони маъруфи байнулмилалӣ ҳукумати Тоҷикистонро барои роҳандозии маҳдудияти озодии баёну ҷамъомадҳои осоишта, таъқиби фаъолону мунтақидон ва боздоштҳои худсаронаву додгоҳҳои баставу ноодилона танқид кардааст. Гузориши Amnesty International ё Афви Байнулмилал рӯзи 28-уми апрел нашр шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз ба ин санад вокуниш накардааст, аммо дар гузашта вазъи бади ҳуқуқи одамонро дар кишвар тасвире нодуруст номида буд.
Дар як саф бо Афғонистону Беларус
"Таъқиби мухолифон идома кард; фаъолон, мунтақидони ҳукумат ва рӯзноманигорони мустақил, аз ҷумла онҳое, ки дар хориҷаанд, ҳадафи таҳдид ва таъқиби сиёсӣ қарор гирифтанд. Табъизи занон ва ақаллият ё камшуморони помирӣ давом ёфт. Зӯроварии хонаводагӣ, шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву таҳқиромез фарогир монд."
Ин тасвири умумии намояндагони Amnesty International ё Афви Байнулмилал аз вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2024 дар Тоҷикистон аст. Онҳо бо таваҷҷуҳ ба ин ҳолат Тоҷикистонро дар радифи кишварҳое чун Афғонистони зери итоати "Толибон", Бангладешу Беларус, Покистон, Эфиопия ва Уганда ҷой додаанд.
Муаллифон барои исботи гуфтаҳояшон далел ҳам овардаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, паноҳҷӯ Билол Қурбоналиев, ки соли 2023 аз Олмон ронда шуд, бо гуноҳи узвият дар "Гурӯҳи 24", ҷунбиши сиёсии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, ба даҳ сол зиндон маҳкум гардид.
"Сулаймон Ҷобиров дар моҳи апрел аз Русия зӯран ба Тоҷикистон баргардонда шуд ва моҳи август ба шаш сол зиндон маҳкум гардид," – гуфта шудааст дар гузориш. Ин дар ҳолест, ки наздикони Ҷобиров мегӯянд, ин узви пешини "Гурӯҳи 24" солҳои дароз дар шаҳри Самараи Русия кору зиндагӣ мекард ва ҳеч гуна фаъолияти сиёсӣ надошт.
Афви Байнулмилал аз ҳабси гурӯҳи 9-нафарии иборат аз як рӯзноманигору сиёсатмадорон ва мансабдорони пешин низ ёд овардааст, ки бо айбномаи "кӯшиши табаддулот" аз 8 то 27 сол зиндонӣ карда шуданд. Худашону пайвандон ба ин айбнома розӣ нестанд.
"Гуфтанд, бахшида хоҳанд шуд, агар..."
Дар ҳоле ки гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳимояи ҳуқуқи инсон пештар даъват карда буд, ки мустақилӣ ва бетарафии додрасҳо дар Тоҷикистон таъмин ва вакилони мудофеъ аз таъқибу фишор эмин нигоҳ дошта шаванд, ба гузориши Афви Байнулмилал, "фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқдонҳо, мунаққидони ҳукумат ва рӯзноманигорони мустақил, аз ҷумла дар хориҷ ва хешовандони онҳо таҳти таъқиб ва парвандаҳои беасоси ҷиноӣ қарор гирифтанд."
"Додгоҳ дар моҳи январи соли 2024 Шаҳбоз Шарифбекро барои видеое, ки дар он аз зӯроварии кормандони комиссариати ҳарбӣ шикоят мекард, ба 5 соли ҳабс маҳкум кард. Мақомот дар моҳи август Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк”-ро бо иттиҳоми додани ришва барои пешгирӣ аз баста шудани рӯзномааш боздошт ва сипас ҳабс карданд," – гуфта шудааст дар гузориш.
Дар идома мехонем: "Вазъи саломати вакили мудофеъ Манучеҳр Холиқназаров, ки ба 16 сол зиндон маҳкум шудааст, шадидан бад шуд. Мақомот даъватҳои байнулмилалиро барои озодии ӯ ва таъмин карданаш бо ёрии пизишкӣ нодида гирифтанд."
Ҳамчунин, ба навиштаи муаллифон, мақомоти Тоҷикистон ба хонаводаи фаъолони берунӣ низ фишор овардаанд: "Масалан, моҳи феврал модари рӯзноманигор Анора Саркороваро даъват карда, гуфтаанд, ки духтару домодаш бо иттиҳоми ифротгароӣ таҳти пайгард ҳастанд, вале агар ба кишвар баргашта авф бихоҳанд, бахшида хоҳанд шуд."
Аз шиканҷа то вазъи бади муҳоҷирон
Ба навиштаи гузоришгарон, дар ин сол шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон идома ёфта, беҷазоии баъзе аз ҷинояткорон боқӣ мондааст. Аммо ба нигоштаи онҳо, шикояти зиндониён дар бораи шиканҷа шуданашон дар муқоиса ба гузашта камтар буд ва сабабашро ба “нобоварӣ ба мақомот ва тарс аз таҳдидҳои баъдӣ” пайванд доданд.
“Фишор ва табъизи ақаллият ё камшуморони помирӣ низ идома ёфт. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар низомӣ шуд ва бо коҳиши иқтисодӣ ва кам шудани аҳолӣ рӯ ба рӯ гардид. То моҳи феврал ҳадди ақал 222 помирӣ дар мурофиаҳои паси дарҳои баста ва ноодилона барои иштирок дар эътирозҳои солҳои 2021-2022 маҳкум шуданд,” – омадааст дар бахше аз гузориш.
Муаллифон гуфтаанд, дар ин сол вазъи бади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки сарчашмаи муҳими омадани пул ба кишвар ҳастанд, мушкилоти иқтисодиро дар Тоҷикистон бештар кард. Онҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои камғизоии кӯдакон ва ифлосшавии ҳаво аз ҳисоби мошинҳову сӯхтани ангишт ва корҳои сохтмонӣ дар Душанбе низ танқид кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумат талош дорад бо бештар кардани теъдоди худравҳои барқӣ вазъро ислоҳ кунад.
Танҳо чизе, ки дар гузориш ситоиш шудааст, созиши Тоҷикистон ва Қирғизистон ва беҳтар шудани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя пас аз низои чандсолаи сарҳадист, ки дар гузашта сабаби кушта шудани даҳҳо тан аз ду тараф гардида буд.