Аслан Гулобов, зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, дар зиндон вафот кардааст. Ӯ 35 сол дошт. Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Гулобов шоми 9-уми июн бар асари хунрезии меъда ҷон дод. Мақомот расман дар ин бора суҳбат намекунанд.
Хабари марги Аслан Гулобовро нахуст Анора Саркорова, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо дар Фейсбук нашр кард. Ба навиштаи ӯ, Гулобов гирифтори захми меъда буд ва сарфи назар аз шикояти зиёд, саривақт ёрии тиббӣ дарёфт накард.
Як манбаи муътамад дар шаҳри Хоруғ ҳам 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Аслан Гулобов бар асари хунрезии меъда вафот кардааст.
"Давоми ду моҳи ахир аҳволи ӯ дар зиндон хеле бад буд. Наздиконаш ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рафта, хоҳиш карданд, ки барои табобати Гулобов чора андешида шавад, аммо мақомот ин талабро нодида гирифтанд,"- гуфт ин ҳамсуҳбати мо.
Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи расмӣ аз идораи зиндонҳо бенатиҷа буд. Намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гуфтанд, дар ин мавзуъ телефонӣ суҳбат намекунанд.
Манобеи Радиои Озодӣ дар шаҳри Хоруғ мегӯянд, рӯзи 10-уми июн ҷасади Аслан Гулобовро барои дафн ба наздикон медиҳанд.
Аслан Гулобов соли 2022 бо иттиҳоми даст доштан дар ҳодисаи қатли Абдулло Назаров, раиси КДАМ дар Бадахшон, дар соли 2012 гунаҳкор дониста ва ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Ҳамроҳи ӯ Ғуломалӣ Айёмбеков, писари Толиб Айёмбеков ва Хайримамад Дӯстмамадов ҳам умрбод зиндонӣ шуданд. Ҳарчанд онҳо даст доштан дар қатли Абдулло Назаровро рад карда буданд. Муҳокимаи онҳо паси дарҳои баста ҷараён гирифт.
Аслан Гулобов ва даҳҳо нафар аз чеҳраҳои шинохтаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар моҳҳои май-июни соли 2022 ва ба дунболи эътирозҳо дар ин минтақа боздошт шуданд. Он сол дар амалиёти мақомот наздик ба 40 сокини ВМКБ кушта шуданд. Мақомот онҳоро узви “гурӯҳи ҷиноятӣ” медонанд, вале сокинон мегӯянд, онҳо гуноҳ надоштанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо чанд бор талаб карданд, ки саркӯби эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва нақзи ҳуқуқи инсон дар ин минтақа таҳқиқ шавад. Вале бо гузашти се сол аз эътирозҳо дар Бадашон ин талаб нодида гирифта шуд.