Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Зери фишор ҳастем.” Русия боз 8 тоҷики зиндониро ба ҷанги Украина бурдааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳашт шаҳрванди зиндонии Тоҷикистонро рӯзи севуми апрел аз маҳбаси рақами 26-и шаҳри Волгогради Русия ба ҷанг дар Украина бурдаанд. Дар ин бора наздикони онҳо рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Як маҳбуси тоҷик дар зиндони Волгоград дар паёме ин ҳолатро тасдиқ кард ва гуфт, “маҳбусони боқимонда зери фишор ҳастанд, то шартномаи пайвастан ба артиши Русия ва рафтан ба ҷангро имзо кунанд”.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ки ба далели амниятӣ номаш фош намешавад, дар ин муассисаи ислоҳӣ зиёда аз 50 тоҷики дигар нигоҳ дошта мешаванд. То поёни адои ҷазои онҳо аз як то панҷ сол мондааст.

“Онҳо нигаронанд, ки мақомоти Русия ё ба зорӣ ва ё ба зӯрӣ ба ҷанг мебаранд. Худашон намехоҳанд. Ба сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат карда, вале посухе нагирифтанд,” – гуфт маҳбуси тоҷик дар Волгоград.

Радиои Озодӣ низ барои гирифтани шарҳи мақомот ба сафорати Тоҷикистон дар Русия занг зад, аммо касе ҷавоб надод.

Гурӯҳе, ки мақомоти Русия мехоҳанд ба ҷанг баранд, давоми як соли охир ба зиндони Волгоград оварда шудаанд. Ба нақли ҳамсуҳбати мо, дар аввал маъмурони зиндон бо кормандони Вазорати дифоъ онҳоро бо ваъдаҳои зиёд барои рафтан ба ҷанг тарғиб карданд, аммо вақте ҷавоби рад гирифтанд, ба таҳдид гузаштанд.

Зиндоние, ки бо мо суҳбат мекард, гуфт, “онҳое, ки ҷавоби рад медиҳанд, бо баҳонаҳои гуногун ба ШИЗО, макони маҳудудтар дар дохили зиндон интиқол меёбанд. Онҳоро аз суҳбати телефонӣ, дидор бо наздикон ва хӯроки беҳтар маҳрум мекунанд.”

Муҳоҷирони тоҷикро аз зиндон ба ҷанги Украина бурдаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Аз оғози ҷанги Русия дар Украина даҳҳо зиндонии тоҷик ба майдонҳои даргирӣ бурда шудаанд. Дар ибтидо ин корро гурӯҳи зархаридони “Вагнер” мекард, вале баъдан ин корро бевосита Вазорати мудофиаи Русия анҷом медиҳад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ваъда додааст, ки ба ҷанги беш аз сесола дар Украина поён хоҳад дод. Русия ва Украина дар иқдоми нахустин барои сулҳ ваъда карданд, ки ба корхонаҳои тавлиди нафт ва иншооти барқрасонии ҳамдигар ҳамла намекунанд, аммо ҳар рӯз якдигарро ба риоя накардани ваъда гунаҳкор месозанд.

Мақомоти Украина мегӯянд, Русия ҳамлаҳои худро ба шаҳрҳои ин кишвар бештар кардааст ва ҳеч нияти ҷиддӣ барои сулҳ бастан надорад. Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, агар Русия сулҳ накунад, нисбат ба Маскав таҳримҳои сахттар ҷорӣ мекунад.

Наздикони зиндониён аз идомаи ҷалби маҳбусон нигарон ҳастанд, чун бовар доранд, ки Русия ба зудӣ ба ҷанг поён доданӣ нест ё дар пайи тақвият додани артишаш барои фишори бештар ба Украина ҳаст. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, чанде пеш сафарбарии нав эълон кард, то 160 ҳазор нафар ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шаванд.

XS
SM
MD
LG