Шоми 8-уми октябр президенти Русия вориди Тоҷикистон шуд ва имрӯз, 9-уми октябр, бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, мулоқот дорад.
Сомонаи президенти Тоҷикистон дар хабарномае гуфтааст, ки раҳбарони ду кишвар дар "Қасри миллат" ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятиро баррасӣ мекунанд.
Хабаргузории давлатии ТАСС навиштааст, ки Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон рӯбарӯ мавзуҳои ҳассосро баррасӣ кардаанд. Ин хабаргузорӣ аз Путин нақли қавл кардааст, ки гуфтааст: “Мо ҳоло фурсат дорем, рӯ ба рӯ дар мавзуъҳои ҳассос суҳбат кунем. Ҳарчанд шаби гузашта мо дар ин бора гап зада будем.”
Маълум нест, ки манзури Путин аз “мавзуҳои ҳассос” чӣ буда метавонад. Пештар даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар пурсиши Радиои Озодӣ аз Путин беҳбуди вазъи муҳоҷирон дар Русия ва сулҳ бо Украинаро тақозо карда буданд.
Владимир Путин борҳо Тоҷикистонро “шарики муҳими стратегӣ” номидааст, вале Темур Умаров, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, мегӯяд, равандҳои сиёсӣ нишон медиҳанд, ки муносибати ӯ бо ин кишвар "чандон боэҳтиромона" набудааст. Коршиноси байнулмилал Эдвард Лемон ҳам наздикии ду тарафро "натиҷаи вазъият ва ночорӣ" номидааст.
Худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар соли 2022 дар нишасти Остона дар Қазоқистон аз Путин хоста буд, ки Тоҷикистонро "эҳтиром" кунанд.
Ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия дар шароити сахте кор мекунанд ва мақомоти ин кишвар шарту шароити кору зиндагӣ барои муҳоҷирони тоҷикро маҳдудтар кардаанд. Мансабдорони рус пайваста нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ва Тоҷикистон ҳарфҳои таҳқиромез мезананд ва солона даҳҳо ҳазор муҳоҷирро бо шеваи таҳқиромез аз ин кишвар меронанд.
Маълум нест, ки дар ин сафари Путин Русия ва Тоҷикистон дар кадом самт созишномаҳои ҳамкорӣ имзо мекунанд, вале сафарҳои қаблӣ созишномаҳои муҳим ба нафъи Тоҷикистон имзо нашуда буданд.
Муҳимтарин масъалае, ки аксари Тоҷикистониён интизор доранд, сабукӣ дар кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳаст, ки ҳоло баррасии он дар ҳеҷ барномаи мулоқоти раҳбарони ду кишвар дида намешавад.
Гуфтугӯ