Тоҷикистон барои сафари Путин омодагии бесобиқае дидааст: дар кишвар тадобири шадиди амниятӣ ҷорӣ шуда, аз моҳҳо пеш роҳҳои марказӣ таъмир ва хиёбону майдонҳои асосии Душанбе гулпӯш шудаанд. Қисме аз бозору масҷидҳои Душанберо барои се рӯз таътил кардаанд.
Сафари Путин ба Тоҷикистон аз 8-уми октябр шурӯъ мешавад, вале ба ҷуз барномаи умумии сафару дидору гуфтугӯҳо, ҷузъиёте дар бораи мавзӯи мушаххаси суҳбату созишномаҳои эҳтимолӣ дода намешавад. Танҳо субҳи чоршанбе мақомоти Кремлин дар шарҳи нақшаи кори раҳбари Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, то 15 санади ҳамкорӣ имзо мешавад ва "қарор аст дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инсондӯстона баҳс ва табодули назар сурат бигирад". Инчунин аз “гуфтушунид бо раисҷумҳури Тоҷикистон”, “баррасии масоили рушди шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ”, “изҳороти муштараки сарони ду давлат” ва “имзои бастаи асноди байнидавлативу байниҳукуматӣ ва байниниҳодӣ” хабар дода шудааст.
"Қадами хеле ҷиддӣ аст"
Дар Тоҷикистон ҳам дар суҳбатҳои коршиносон ва ҳам сокинони оддӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, аз сафари давлатии Путин интизориҳои зиёде дар бахши иқтисод, ҷалби сармоя ва ҳалли мушкилоти муҳоҷират садо медиҳад.
Аз ҷумла Шералӣ Ризоён, коршиноси равобити байналмилалӣ, мегӯяд, ин барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон "қадами хеле ҷиддӣ" аст.
Ризоён дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Бори нахуст раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ меояд. Тавре дар таҷрибаи дипломатӣ ин навъи сафар бисёр сатҳи баланди сафар аст. Ҳар раисҷумҳур ҳақ дорад дар замони мандаташ танҳо як маротиба ба ин ё он кишвар сафари давлатӣ анҷом диҳад. Бинобар ин, барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ҳам дар низоми муносибат бо Русия қадами ҷиддӣ аст, ки мо то ин сатҳ равобит дорем. Маъмулан дар ин гуна сафарҳо созишномаҳои зиёд ба имзо мерасанд. Шояд дар ин сафар шоҳиди қадамҳои нав ҳам шавем, аз ҷумла оғози фаъолияти зонаи саноатии Русия дар Тоҷикистон дар соли 2026.”
Суҳбати таҳлилгар Эдвард Лемонро инҷо бинед:
Таҳлилгари умури сиёсӣ Хурсанд Хуррамов мегӯяд, сафари давлатии Путин ба Тоҷикистон бори дигар “равобити стратегии муносибатҳои байни Маскаву Душанберо таъкид мекунад”. “Барои Кремлин ин сафар пеш аз ҳама аз лиҳози ҳифзи вазъияти мавҷуд дар равобити кунунӣ ва сатҳи муайяни нуфуз дар минтақа муҳим аст. Барои Душанбе ва шахсан Эмомалӣ Раҳмон ин як имкони тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаи муҳоҷират, инчунин ҷалби сармоя ва дастгирӣ дар масоили амниятӣ мебошад”,-- мегӯяд Хуррамов.
Ба бовари ӯ, “Тоҷикистон аз ин роҳ дар сиёсати хориҷиаш ҳам як тавозунеро ҳифз мекунад, чун дар шароити наздикшавии босуръаташ бо Пекин метавонад аз ин роҳ як навъ гуногунрангиро дар сиёсати хориҷиаш таъмин ва фазоеро барои ҳаракат эҷод кунад”.
Сафар дар пасманзари ҷанги Украина
Сафари Путин ба Тоҷикистон дар шароите сурат мегирад, ки беш аз се сол аст артиши Русия дар хоки Украина меҷангад ва феълан ҳеҷ аломате дар бораи эҳтимоли хатми ин низои пурқурбонитарин дар Аврупо баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба назар намерасад.
Ҷанги васеъмиқёс кишварҳои ҳамкори Русияро гӯё ба тарафдорон ва мухолифони ин ҷанг тақсим кард ва Тоҷикистон, ки ҳарчанд ҳеҷ гоҳ ин ҷангро ошкоро тарафдорӣ ё интиқод накардаасту аз суҳбатҳои солҳои охири президент Раҳмон эҳсос мешавад, ки бо он розӣ нест, боз ҳам гӯё хомӯшона дар ҳарими "тарафдорони сиёсати Путин" қарор гирифт.
Бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, барои Путин ин сафар баҳонаи дигаре барои намоиши гӯё дар инзивои сиёсӣ қарор надоштани ӯ мебошад.
Русия дар хоки Тоҷикистон азимтарин пойгоҳи низомии худро дорад ва рӯзи 7-уми октябр ҳам агентии давлатии "Ховар" онро "омили муҳими субот дар минтақа" номид.
Оё мавзӯи муҳоҷирон матраҳ мешавад?
Ҳодисаҳои баъди “Крокус” дар соли гузаштаву маъракаи сартосарии саркӯбу фишор ва ихроҷи муҳоҷирони корӣ аз Русия бисёриҳоро дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар миёни ҷонибдорони суннатии сиёсати Маскав дилсард ва нигарон кард. Феълан маълум нест, ки то куҷо мавзӯи фишор болои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ё кадом барномаи наве дар ин замина дар гуфтугӯи ду президент матраҳ мешавад ё на.
Темур Умаров, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Олмон мегӯяд, агар бархе ба ин бовар бошанд, ки муносибати мақомоти кишварҳои минтақа бо Маскав баъди соли 2022 ва ба вижа баъди ҳодисаҳои "Крокус" бояд тағйир ёбад, бояд дар бораи табиати ин равобит шинохти бештаре дошта бошанд.
“Шояд бархе ба ин назар бошанд, ки масалан, Эмомалӣ Раҳмон метавонист ҳамтояш Владимир Путинро барои сиёсати нави муҳоҷирати Русия интиқод кунад. Вале ба эҳтимоли зиёд чунин нахоҳад шуд, чунки муносибатҳо миёни давлатҳои худкома аз муносибатҳо бо ҳама гуна дигар режимҳои сиёсӣ фарқ мекунад. Чунки дар режимҳои худкомаи шахсӣ сохторҳои масъули ҳамкориҳои хориҷӣ мустақил нестанд ва нақши расмие иҷро мекунанду маркази қабули қарор нестанд”, --мегӯяд Умаров. Барои он ки кор то ба дараҷаи, масалан, танқиди саркӯби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз ҷониби президенти Тоҷикистон бирасад, ба бовари Умаров, бояд “шарту шурути муносибатҳои миёни Раҳмону Путин тағйир ёбад”. “То замоне, ки чунин нашавад, мо шоҳиди кадом таҳаввулоти наве намешавем”, --гуфт таҳлилгар.
Аз сӯи дигар, ба қавли Хурсанд Хуррамов, равобити миёни Душанбеву Маскав на ҳамеша “ҳамвор буд” ва “дар ҳоле, ки муҳоҷират дар иқтисоди Тоҷикистон нақши эътидолгарро бозӣ мекунанд”, Русия ин гурӯҳро мавриди фишори афзоянда қарор додааст. “Бо ин вуҷуд, - ба гуфтаи Хуррамов, - модели раҳбарии сохтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар умум ҷавобгӯи манфиатҳои Кремлин аст. Барои Русия ва бахусус Путин, эҷоди робитаҳо бо қудрати шахсӣ, назар ба давлате бо парлумон ва ҷомеаи мадании фаъол осонтар аст”. Дар ин росто, ба бовари таҳлилгар, ҳар масъалае, ки метавонад чун аҳроми фишор истифода шавад, муҳим мешавад.
“Қаблан мо дида будем, ки Рустами Эмомалӣ бори аввал аз ҷониби Путин дар Кремлин қабул шуд ва бисёриҳо инро чун аломати ризоияти ғайрирасмии Маскав пазируфтанд. Аз ин рӯ, мавзӯи мероси қудрат дар Тоҷикистон метавонад аз ҷониби Маскав чун аҳроми нуфуз ба Душанбе истифода шавад, то ки ба раҳбари Тоҷикистон дар бораи вобастагии ӯ аз дастгирии беруна ёдовар шаванд”.
Бархе таҳлилгарони дигар мегӯянд, ҳадафи калони раҳбари Русия аз сафар ба Тоҷикистон дидор бо раҳбарони минтақаи ба истилоҳ таҳти нуфузи Маскав мебошад.
Алишер Илҳомов, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Лондон мегӯяд, вақтҳои охир кишварҳои туркзабони минтақа – аз Озарбойҷон сар карда то Узбекистону Қазоқистон як навъ фосилагирӣ аз ҳарими Маскавро ба намоиш гузоштаанд. Масалан, имзои созишҳои бисёрмиллиарддолларии Узбекистону Қазоқистон бо ширкатҳои амрикоӣ, дидори шахсии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо раҳбари ИМА Доналд Трамп мавриди асабонияти Путин буда метавонад. Илҳомов гуфт: “Ин нишастро (ҷаласаи Русия ва Осиёи Марказӣ) Путин барои тақвияти мавқеи стратегиаш дар минтақаи Осиёи Марказӣ истифода хоҳад кард. Дар пасманзари он ки кишварҳои туркзабон тадриҷан аз Маскав дур мешаванд, эҳтимолан ҳоло Маскав ба Душанбе умед мебандад. Тоҷикистон узви ҷомеаи туркзабонҳо нест ва Путин бо боло бурдани аҳамияти Тоҷикистон метавонад ихтилофҳои миёни ду гурӯҳи кишварҳоро тақвият диҳад, яъне аз як сӯ Тоҷикистон ва аз сӯи дигар кишварҳои узви ҷомеаи туркзабонҳо. Шояд ӯ бо ин роҳ бихоҳад, ки Тоҷикистонро ба пойгоҳи таъсиррасонии худ табдил диҳад.”
Матбуоти расмии Русия менависад, Путин аз замони сари қудрат омаданаш дар Русия дар соли 2000-ум 13 дафъа аз Тоҷикистон дидан кардааст, вале ин аввалин сафари давлатии ӯ ба ҳайси президенти кишвар мебошад. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, миёни Душанбе ва Маскав дар 33 соли истиқлолияти ин давлатҳо 320 санади ҳамкорӣ имзо шудааст ва муҳимтарини онҳо созиши шарикии стратегӣ ва истиқрори пойгоҳи низомии 201-ум ба мӯҳлати наздики 50 сол дар хоки Тоҷикистон аст.
Гуфтугӯ