Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия навишт, ки Владимир Путин бегоҳи чаҳоршанбе, 8 октябр, бо сафари давлатӣ ва дар раъси як ҳайати калони ҳукуматӣ, вориди пойтахти Тоҷикистон мешавад.
Тибқи иттилои Кремл, Путинро дар сафар ба Душанбе ду муовини нахуствазир, ҳамчунин вазирони дифоъ, дохилӣ, рушди иқтисод, молия, адлия, меҳнат, саноат, тандурустӣ, нақлиёт ва дигар мақомоти баландпоя, ҳамроҳӣ мекунанд.
Сафари Путин ба Тоҷикистон бо гузоштани гулчанбар бар пояи ёдгории Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе, оғоз меёбад ва пас аз он зиёфати чошти ғайрирасмӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, баргузор мешавад.
Хабаргузории ТАСС аз қавли Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия навишт, ки субҳи 9 октябр маросими истиқболи расмӣ аз Путин дар "Қасри Миллат"-и Душанбе баргузор мешавад ва пас аз он президентҳои ду кишвар як ба як мулоқот мекунанд.
Сипас мулоқоти дуҷонибаи ҳайатҳо сурат мегирад ва ба гуфтаи манбаъ, қарор аст дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инсондӯстона баҳс ва табодули назар сурат бигирад. Раҳбарони Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин дар мавриди масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯ мекунанд.
Ба қавли ёвари Путин, пас аз гуфтугӯҳо интизор меравад, ки ду президент баёнияи муштараке дар бораи тавсеаи шарикӣ ва ҳампаймонии стратегӣ содир кунанд, ки дар он самти нави ҳамкориҳо миёни Душанбе ва Маскав муайян мешавад. Сипас ду президент дар рӯбарӯи хабарнигорон сӯҳбат мекунанд.
Путин ҳамчунин рӯзҳои 9 ва 10 октябр дар саммити кишварҳои Осиёи Марказӣ+Русия ва ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, иштирок мекунад.
Русия ва Тоҷикистон ҳамдигарро "шарики муҳим ва стратегӣ" меноманд. Бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар ҷаҳон дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Бо ин вуҷуд, Русия ҳеч шароите ба муҳоҷирони тоҷик фароҳам намекунад ва онҳоро пайваста озору азият медиҳад.
Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикистониро аз ин кишвар ихроҷ кард.
Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷику кору зиндагӣ мекард, вале маълум нест, ки дар ду соли ахир, ки фишорҳо шадидтар шуданд, чӣ теъдоде аз онҳо ихроҷ шудаанд.
Дар остонаи баргузории ҳамоиши сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар шаҳри Душанбе тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст.
Пулиси Душанбе аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинӣ, аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиётҳои ҷамъиятӣ истифода намоянд.
Мақомот ҳамчунин эълон карданд, ки дар ин рӯзҳо бозорҳои калони пойтахт муваққатан баста мешаванд ва дар бархе аз масҷидҳо намози ҷамоат барпо намешавад.
Дар рӯзҳои баргузории ҳамоиши ИДМ, дарс дар мактабу донишгоҳҳо ва таълим дар кӯдакистонҳои Душанбе қатъ намешавад.
Гуфтугӯ