Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё зарба ба "ғӯл"-ҳои нафтии Русия ҷангро дар Украина дигар мекунад?


Мухтасар

  • Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё ба зидди ду ширкати калони нафтии Русия таҳрим ҷорӣ карданд, то сарчашмаи молии ҷангро дар Украина маҳдуд кунанд.
  • Коршиносон мегӯянд, таъсири кӯтоҳмуддати ин таҳримҳо маҳдуд хоҳад буд, чун Маскав аз пеш низомҳои алтернативӣ эҷод карда, бахши зиёде аз муомилаҳои нафтии худро бо юани Чин ва рубли Русия анҷом медиҳад.
  • Чин ва Ҳинд ҳамчунон харидорони асосии нафти Русия ҳастанд. Ҳинд аз коҳиши воридот аломат намедиҳад. Вокуниши Чин ҳанӯз рӯшан нест.

"Бояд дид"

Таъмини молии ҷанге, ки 45 моҳ боз аз сӯйи Русия дар Украина ҷараён дорад, асосан бар содироти нафту гази Русия устувор будааст. Мунтақидон мегӯянд, ин вазъият ба далели бемайлии Ғарб ва ҳамчунин беэътиноии Чин ва Ҳинд идома дорад.

Акнун Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамроҳи Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё баъзе аз ширкатҳои калонтарини нафту гази Русияро нишон гирифтанд. Вазорати хазонадории Амрико рӯзи 22-юми октябри имсол эълон кард, ки ширкати давлатии “Роснефт” ва ширкати хусусии “Лукойл”, ки бахши бузурге аз даромади Кремлро таъмин мекунанд, зери таҳрим қарор мегиранд.

Пас аз як рӯзи он, Брюссел низ “Роснефт” ва “Газпромнефт”-ро ҳадафи таҳрим қарор дод. Раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп, ин таҳримҳоро “фавқулода” номид ва гуфт, “онҳо алайҳи ду ғӯли нафтӣ бисёр бузурганд”. Аммо оё ин чора муассир хоҳад буд? Оё қарор додани номи “Роснефт” ва “Лукойл” дар феҳрасти сиёҳ мошини ҷангии Русияро аз кор бозмедорад?

Александра Прокопенко, мушовири пешини Бонки марказии Русия ва таҳлилгари Маркази Карнеги дар Берлин, мегӯяд, “ба назарам, таъсири кӯтоҳмуддати ин таҳримҳо маҳдуд хоҳад буд. Ҳарду ширкат эҳтимол аз пеш худро барои чунин таҳримҳо омода карда буданд. Илова бар ин, бахши умдае аз содироти нафти Русия бо юан ва рубл анҷом мешавад, бинобар ин, интизори таъсири чашмгире бар буҷа надорем.”

Мария Шагина, муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи Байнулмилалии Тадқиқоти Стратегӣ дар Берлин, мегӯяд, ин таҳримҳо нахустин иқдоми муҳими маъмурияти Трамп аст ва бозтобе аз ноумедӣ аз рафтори Русия барои поён додан ба ҷанг дар Украина. Бо ин ҳол, ӯ афзуд, “бояд дид, ки маъмурияти Трамп то чӣ ҳад дар иҷрои ин таҳримҳо ҷиддист.”

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, эъломияи Амрико иҷрои таҳримҳоро то 21-уми ноябр ба таъхир мондааст ва “муҳимтар аз он бояд дид, ки оё Вазорати хазонадории Амрико чораи фаромарзӣ хоҳад андешид ва ширкату бонкҳои чинӣ ва ҳиндиро ҳам нишон хоҳад гирифт ё на.”

Ҷеннифер Канава, пажӯҳишгар аз Вашингтон, мегӯяд, аз эҳтимол дур аст, ки ин таҳримҳо таъсири умдае бар ҷанги Украина бигузоранд. Ба қавли ӯ, ин ҷанг барои Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, масъалаи ҳаётӣ аст. “Ӯ нишон додааст, ки ҳозир аст, ҳазинаҳои сангине аз назари талафоти инсонӣ, иқтисодӣ ва низомӣ бипардозад. Ин даври ҷадид аз таҳримҳо муҳосиботи ӯро дигар нахоҳад кард,” – афзуд пажӯҳишгар.

Маскав дар тангнои таҳримҳо, вале...

Аз шурӯи ҳуҷуми Русия ба Украина, Ғарб талош кардааст, ки Маскавро дар тангнои таҳримҳо қарор диҳад ва ин кишвар акнун таҳримшудатарин давлати ҷаҳон аст. Вале бархилофи пешбиниҳо, иқтисоди Русия ба ин вазъ тоб овардааст.

Таҳримҳои Ғарб камтар аз ҳадди интизор муассир будаанд ва шикофҳои фаровоне доранд. Ҳамин амр боис шудааст, ки Маскав битавонад ба фурӯши нафту газ ба харидорони муштоқе чун Ҳинду Чин, Туркия ва кишварҳои дигар идома диҳад.

Бино ба маълумоти Оҷонси байнулмилалии энержӣ, Русия дар моҳи сентябр аз содироти нафти хом ва фаровардаҳои нафтӣ 13 миллиарду 350 миллион доллар фоида гирифтааст, ки нисбат ба моҳи июл камтар аст. Ин коҳиш асосан дар пайи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия будааст.

Баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, ба монанди Словакия ва Маҷористон то ҳол нафти Русияро мехаранд ва чанде дигар, аз ҷумла Ҳолланд, Фаронса ва Белгия, воридоти гази моеи Русияро идома медиҳанд. Доналд Трамп аз чунин вазъ сахт танқид кардааст: “Онҳо ҷанги зидди худашонро маблағгузорӣ мекунанд. Кӣ боре чунин чизе шунидааст? Онҳо бояд фавран хариди энержиро аз Русия бас кунанд, вагарна ҳамаи мо вақтро беҳуда аз даст медиҳем.”

Аксар кишварҳои аврупоӣ воридоти нафти хоми Русияро дар соли 2022, пас аз оғози ҷанг дар Украина, қатъ карданд ва соли 2023 воридоти бензин ва маҳсулоти коркардшударо коҳиш доданд. Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, то охири соли 2027 ҳама гуна воридоти гази Русияро низ қатъ мекунад. Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин беш аз 20 ширкати чинӣ ва хориҷиро, ки ба воридоти нафти Русия машғуланд, таҳрим намуд.

Вилояти Смоленск, Русия. Анбори нафти "Роснефт" пас аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина. Моҳи апрели 2025
Вилояти Смоленск, Русия. Анбори нафти "Роснефт" пас аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина. Моҳи апрели 2025

Дар ҳамин ҳол, "Роснефт" ва "Лукойл" барои эҷоди низом ва занҷирҳои алтернативӣ вақти кофӣ доштанд. Лесли Палти-Гузман, коршиноси энержӣ ва муассиси ширкати Energy Vista гуфт: "Самарбахшии таҳримҳо аз татбиқи онҳо ва қудрати ҳампаймонҳои Амрико вобаста аст."

Рейчел Зимба, пажӯҳишгари Маркази амнияти нави Амрико мегӯяд: "Чораҳои нав бо чораҳое, ки "Роснефт", "Лукойл" ва харидорони онҳо барои муқобила бо таҳримҳо андешидаанд, қисман хунсо карда мешаванд." "Албатта, онҳо таъсир хоҳанд дошт, бештар аз он ки Аврупо танҳо амал мекард, аммо таъсири воқеӣ аз он вобаста хоҳад буд, ки Иёлоти Муттаҳида то чӣ ҳад ҳозир аст на танҳо таҳдид кунад, балки дар воқеъ таҳримҳо алайҳи бонку бандарҳои хориҷиро татбиқ кунад."

Вокуниши Чину Ҳинд

Ҳанӯз маълум нест, ки вокуниши Чин ва Ҳинд, ду харидори бузурги нафти Русия, чӣ хоҳад буд. Чин аз ҳампаймонҳои наздиктарини тиҷоратии Маскав аст. Ҳинд то кунун дар баробари фишори Амрико барои коҳиши воридоти энержии Русия муқовимат кардааст ва Трамп барои ин Деҳлиро шадидан танқид кард ва дар моҳи август боҷҳои танбеҳӣ ҷорӣ намуд. Мумкин аст, ин раванд тағйир кунад.

Гузоришҳо баёнгари онанд, ки Reliance, бузургтарин харидори нафти Русия дар Ҳиндустон, ки бо "Роснефт" барои воридоти тақрибан 500 ҳазор бушка нафт дар як рӯз қарордод дорад, пас аз эълони таҳримҳои Амрико тасмим гирифтааст, воридотро боздорад.

Мария Шагина, муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи Байнулмилалии Тадқиқоти Стратегӣ дар Берлин, мегӯяд, "Деҳлии Нав ба таҳдидҳо ҳассостар аст ва эҳтимол фаъолиятҳояшро камтар кунад. Тарсондани полоишгоҳҳои хурди чинӣ, ки ба бозорҳои ҷаҳонӣ камтар ворид шудаанд, душвортар хоҳад буд."

"Ба ҷуз Чин кадом харидор ҳозир аст, ки хатари харидани нафти "Роснефт"-ро бипазирад?" – тахмин зад Палти-Гузман.

XS
SM
MD
LG