Куруши Бузург, яке аз шоҳаншоҳони сулолаи Ҳахоманишиён дар Эрони қадим буд, ки наздик ба 2700 сол пеш нахустин дастури ҳуқуқи инсонро эълом дошт ва дар қатори қавму гурӯҳҳои дигар яҳудиёнро аз асорати бобулиён озод карда буд.
Амир Оҳана, раиси порлумони Исроил рӯзи 13-уми октябр пеш аз суханронии президенти ИМА гуфт, ки танҳо касе, ки имкон дорад, Трампро бо он муқоиса кард, ин Куруши Бузург аст.
“Агар касе шахсияте мисли шуморо ҷустуҷӯ мекунад, бояд таърихро варақ занад ва ба 2700 сол ақиб нигоҳ кунад. Ба Куруши Бузург. Шумо президент Доналд Трамп чеҳраи барҷаста ҳастед, ки номатон дар саҳифаҳои таърих ҷовидона хоҳад монд. Ҳазорон сол пас мардуми яҳуд шуморо ба ёд хоҳанд овард. Мо миллате ҳастем, ки ёдро пос медорем,”—гуфт Амир Оҳана, раиси кнессет.
Бар асоси ривоятҳои таърихӣ, дар соли 539-и пеш аз милод Куруш Бобулистонро гирифт ва пас аз 70 соли асорат яҳудиёнро озод кард. Яҳудиён бар инанд, ки Куруши Кабир на танҳо онҳоро аз асорати бобулиён озод кард, балки иҷозат дод, ки дубора ибодатгоҳояшонро барқарор кунанд. Яҳудиён Курушро “наҷотдиҳанда” меноманд ва дар адабиёти динӣ ӯро ба некӣ ёд мекунанд.
Доналд Трампро замоне ба Куруши Кабир монанд карданд, ки бо тарҳи пешниҳодии ӯ Исроил ва ҲАМОС (созмони террористӣ дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо) ба сулҳ розӣ шуданд ва рӯзи 13-уми октябр 20 тан аз гаравгонон аз Ғазза раҳо шуданд.
Видеоро инҷо бинед:
Доналд Трамп дар порлумони Исроил суханронӣ кард ва сулҳ дар Ғаззаро “ҳодисаи таърихӣ” номид.
Ӯ гуфт, ки ҷангҷӯёни ҲАМОС бесилоҳ хоҳанд шуд, вале шарҳ надод, ки ин пешниҳодро ин созмони ҳокими Навори Ғазза пазируфтааст ё на.
Трамп гуфт, вақте расидааст, ки пирӯзӣ ба террористонро ба марҳилаи сулҳ ва рушд дар Ховари Миёна табдил диҳем.
Бар асоси марҳилаи аввали тарҳи сулҳ, ҲАМОС 20 гаравгонро имрӯз озод кард ва ҷасади 28 гаравгони кушташударо низ ба Исроил медиҳад. Исроил артишашро аз Ғазза берунтар кард ва наздики ду ҳазор зиндонии фаластиниро, ки 250 нафарашон ҳукми абад гирифта буданд, озод кардааст.
Дар марҳилаи дуюм бояд идораи Ғазза ба дасти намояндаҳои чанд кишвар гузашта, ҲАМОС бесилоҳ шавад. Пештар ҲАМОС шарти халъи силоҳ шуданро рад карда буд.
Ҷанг дар Ғазза 7-уми октябри соли 2023 пас аз он оғоз шуд, ки ҲАМОС ба хоки Исроил ҳамла карда, 1200 исроилиро кушт ва беш аз 250 нафарро гаравгон гирифт. Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 67 ҳазор нафар кушта шуд, ки ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аксарашон занону кӯдакон ҳастанд.
Гуфтугӯ