Доналд Трамп, президенти ИМА бо раҳбарони Миср, Қатар ва Туркия дар Шарм-уш-Шайх шоми 13 октябр созишномаи оташбас дар навори Ғаззаро имзо карданд.
Созиши сулҳ миёни Исроил ва ҲАМОС, гурӯҳе, ки Амрико ва Аврупо онро террористӣ мехонанд, бо талошҳои чор кишвар ва тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп ба даст омад. Дар ин нишаст, намояндагони ҲАМОС ва Исроил ширкат надоштанд. Аз номи ҲАМОС ин санадро Ас-Сисӣ ва аз номи Исроил - Доналд Трамп зери ин санад имзо гузоштанд.
Доналд Трамп дар ин маросим гуфт, ки ҷанги дусола дар Ғазза поён ёфт ва Ховари Миёна ором шуд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:
"Мо ҳамроҳ ба чизе даст ёфтем, ки ҳама ғайриимкон мепиндоштанд. Ниҳоят дар Ховари Миёна сулҳ ҳукмфармо шуд."
Бар асоси ин тавофуқ, ҲАМОС 20 гаравгони зиндаи исроилиро раҳо кард ва ваъда дод, ки пайкари 28 тани дигарро ба наздиконаш месупорад.
Исроил наздик ба ду ҳазор зиндонии фаластиниро раҳо кард ва артишашро аз Ғазза ақибтар бурд. Дар марҳилаи дуюм бояд ҲАМОС бесилоҳ шавад ва назорати Ғазза ба дӯши як гурӯҳи байналмилалӣ супурда шавад.
Исроил ҳам иҷозат додааст, ки кумакҳои бештари башардӯстона ба Ғазза интиқол дода шавад.
Ғазза пас аз ду соли ҷанг ба харобазор табдил ёфтааст. Мардуми Ғазза дар ҷустуҷӯи сарпаноҳ ва пайдо кардани ғизо ҳастанд, ки ҳоло кишвару созмонҳои байналмилалӣ ба ин борика интиқол медиҳанд.
Бар асари ҳамлаҳои Исроил дар ду соли ахир беш аз 67 ҳазор нафар дар Ғазза кушта шуд. Исроил пас аз он ба ин минтақа ҳамла кард, ки ҲАМОС рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба ин кишвар ворид шуда, 1200 нафарро кушт ва 250 нафарро гаравгон гирифт.
Гуфтугӯ