Ҳанӯз қатли духтари 17-сола аз зарби корди падараш фаромуш нашуда, ҷомеаи ин кишварро кушта шудани боз як духтари 17-солаи дигар таккон дод. Бино ба гузоришҳо, ӯро падар ва бародараш ба қатл расониданд.
Конӣ Абдуллоҳӣ ва Отифа Зағибӣ аз охирин қурбониёни қатлҳои номусӣ ё хушунати хонаводагӣ ҳастанд. Ин падида дар саросари Эрон афзудааст.
Бино ба хулосаи таҳқиқоти Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, дар як соли охир дар Эрон дастикам 133 зану духтар қурбонии қатли номусӣ шудаанд ё бо сабабҳои дигаре бо дасти шавҳарону падарон ё бародарони худ ба қатл расидаанд.
Таҳқиқи хабарҳо вобаста ба куштори занон нишон додааст, ки танҳо дар се маврид занон аз сӯйи шахсони бегона ба қатл расидаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ нобаробарии ҷинсиро аз сабабҳои асосии чунин кушторҳо меноманд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҷомеаҳои муҳофизакор ин як василаи ҷазо додани занону духтарон барои амалу рафторҳои гуё ноҷои онҳо аст.
Созмони ғайридавлатии “Stop Femicide Iran”, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, аксар мавридҳои қатли занонро ба “куштори номусӣ” ва баҳсҳои хонаводагӣ рабт дода, гуфтааст, занон барои коре, ки гуё хилофи урфу одатҳои ҷомеа буда, обрӯи хонаводаро поин мебарад, ҳадаф қарор гирифтаанд.
Бино ба хабарҳо, сабаби марги Кони Абдуллоҳӣ ва Отифа Зағибӣ ин “дӯст доштан” будааст. Абдуллоҳӣ рӯзи 25-уми январ бо сабаби робитааш бо як ҷавон кушта шуд. Рӯзи 29-уми январ расонаҳо хабар доданд, ки Отифа Зағибӣ, духтари дигари эронӣ бо дасти падар ва бародараш кушта шуд. Зағибӣ ду сол қабл бо қасди издивоҷ бо дӯстписараш аз хона фирор карда буд.
Қатли занон дар рақамҳо
Дар Эрон омори расмӣ дар бораи кушторҳои хонаводагӣ вуҷуд надорад. Ба иттилои як созмони ҳуқуқи башар дар аксар мавридҳо чунин кушторҳо сабт намешаванд ё бардурӯғ чун худкушӣ ва ё марги тасодуфӣ арзёбӣ мешаванд.
Бино ба гузориши нашрияи эронии "Шарқ", аз соли 2021 то 2023 дастикам 165 зан аз сӯйи мардони хонавода кушта шудаанд. Аммо бахши форсии Радиои Озодӣ танҳо дар соли 2024 133 ҳолати марги занону духтаронро ҳисоб кардааст, ки ин далели афзоиши омори фавти занон дар Эрон аст.
Арзёбии омори мақомоти Эрон муайян кардааст, ки ҳамасола беш аз 74 ҳазор зани хушунатдида барои муоинаи пизишкӣ ба марказҳои ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ муроҷиат кардаанд. Муҳаққиқон ва ҳомиёни ҳуқуқ теъдоди воқеии хушунати хонаводагӣ дар кишварро ба маротиб бештар арзёбӣ мекунанд. Ба таъмини онҳо, мавридҳои ҷабру зулм алайҳи занон дар хонаводаҳо то 100 маротиба бештар аз омори расмист.
Бино ба таҳқиқи хабарнигорон, аз 133 парвандаи марбут ба кушторҳои хонаводагӣ дар соли 2024 51-тои он чун "баҳси оилавӣ" сабт шудаанд. Созмонҳои ҳуқуқи башар бо нигаронӣ мегӯянд, мақомот дар Эрон омори афзояндаи кушторҳои номусиро пинҳон медоранд. Айнан мисли ин ки таҷовуз ба номусро ҳам дар расонаҳои давлатӣ ва гузоришҳои полис аксар вақт чун зӯроварӣ ё таъқиб арзёбӣ мекунанд.
Қонунҳо дар Эрон ба аҳкому талаботи шариати ислом такя мекунанд. Дар моддаи 630-юми қонуни ҷиноии Эрон омадааст, “ҳар вақте мард бинад, ки занаш бо касе зино мекунад ва агар бидонад, ки ин кор бо иҷозаи зан шудааст, вай метавонад ҳардуро дар як вақт ба қатл расонад, вале агар зан бегуноҳ аст, вай ҳақ дорад танҳо мардро бикушад.”
Афзоиши “кушторҳои номусӣ”
Ҳомии ҳуқуқ, Саид Деҳқон, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин банди қонун дар аксар маврид сабаби содир шудани ҳукмҳои сабук дар парвандаҳои марбут ба куштори номусӣ мешавад. Ҷазои ҳадди аксар барои ин навъи ҷиноят 10 сол аст. Аммо ба гуфтаи ҳуқуқшинос, додрасҳо кӯшиш мекунанд, алайҳи мардон чунин ҳукм содир накунанд. Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, дар кишвар қонуне нест, ки аз занони зери зулму озор ҳимоят кунад.
Бо вуҷуди афзоиши тамоюли хушунат алайҳи занон ва кушторҳои хонаводагӣ, тарҳи қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи занони озордида, ки соли 2013 дар порлумон муаррифӣ шуда буд, то ҳанӯз қабул нашудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи солҳои ахир хабари қатли чандин зан ба далелҳои “номусӣ” ҷомеаи Эронро таккон дод. Яке аз ин қурбониёни кушторҳои номусӣ Ромина Ашрафии 14-сола аст, ки соли 2020 баъди фирор бо як ҷавони 28-сола падараш ӯро кушт.
Ин хонавода зидди издивоҷи духтар буданд ва бо вуҷуди хатарнок будани бозгашти Ромина, ӯро боздошт карда ба оила, баргардонданд ва ҳангоми хоб падар духтарашро бо дос ба қатл расонд.
Қазияи дигари пурсарусадо ин қатли Мона Ҳайдарии 17-сола буд, ки шавҳараш барои фирор ба Туркия сари ӯро аз тан ҷудо кард. Навори лаҳзае, ки мард бо сари буридаи ҳамсар дар шаҳр чарх мезанад, дар шабакаҳо ва бархе аз расонаҳо нашр шуд.
Падари Ромина ва шавҳари Ҳайдарӣ ҳарду боздошт шуданд, вале барои ин ҷинояти худ камтар аз 10 соли зиндон ҳукм гирифтанд.