Бино ба маълумоти расида, Хушрӯз Ҷумъаев, маъруф ба Хушом Ғулом, блогер ва фаъоли зиндонӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ниёз ба ҷарроҳӣ доштааст.
Ин пажӯҳишгари таърих ва забонҳои помирӣ соли 2022 ҳамроҳи даҳҳо фаъоли дигар аз Бадахшон бо иттиҳоми "узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ" боздошт ва ҳашт сол аз озодӣ маҳрум гашт. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукми ӯро сиёсӣ номиданд.
Бино бар маълумоти расид аҳволи ин маҳбус аз аввали соли 2026 ба ин сӯ бад шуда, пизишкон гуфтаанд, бемор ниёз ба ҷарроҳӣ дорад.
Дар Идораи зиндонҳои Тоҷикистон ба зангҳои мо ҷавоб надоданд, то дар бораи сиҳатии фаъоли зиндонӣ суол кунем.
Гулғунча Очибековна, модари Хушрӯз нахост, ки дар бораи писараш бо Радиои Озодӣ гап занад ва гуфт, ӯ зидди "навиштани ҳар гуна чизи бефоида" дар бораи писараш аст."
Дар охири соли 2021 ва то миёнаи соли 2022 гурӯҳе аз сокинони ВМКБ алайҳи рафтори кормандони мақомоти интизомӣ эътироз карданд. Моҳи май ва июни соли 2022 эътирози сокинон саркӯб ва даҳҳо фаъоли помирӣ боздошт шуданд, ки Хушрӯз Ҷумаъев (Хушом Ғулом) яке аз онҳо буд. Ӯро барои таъсиси гуруҳи, ба гуфтаи мақомот, ҷиноии “Комиссияи 44” муттаҳам карданд.
Ин комиссия моҳи ноябри соли 2021 пас аз эътирози 4-рӯза дар шаҳри Хоруғ ва дар натиҷаи созиши мақомот бо норозиён таъсис шуд. Аъзои аслии ин комиссия – намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ дар ҳамкорӣ бо мақомот тафтиши кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков, ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон ва ба ин тартиб ҳал кардани буҳрони сиёсиро дар минтақа бар уҳда гирифтанд.
Онҳо чанд дафъа бо нияти ҷалби таваҷҷуҳ ба вазъият дар вилоят ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раиси порлумон ва созмонҳои байнулмилалӣ муроҷиат карданд. Аммо баъд аз воқеаҳои моҳи майи соли 2022 ин комиссия гуруҳи муташаккили ҷиноӣ эълон шуд ва аъзои фаъоли онро аз 8 то 29 сол зиндонӣ карданд.
Ҷумъаев баъди эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ ба аъзои “Комиссияи 44” кумак мекард, дар ҳоле ки худ узви он набуд.