Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои як оила алайҳи корхонаи Зафар Азимов, домоди сарвазири Тоҷикистон


Акс: Зафар Азимов, раиси "Қолинҳои Қайроққум" (чап); Холнисо Ҳомидова, вакили мудофеъ (байн) ва даъвогар Парвиз Мамадҷонов (рост)
Акс: Зафар Азимов, раиси "Қолинҳои Қайроққум" (чап); Холнисо Ҳомидова, вакили мудофеъ (байн) ва даъвогар Парвиз Мамадҷонов (рост)

Аъзои як оила дар шаҳри Хуҷанд даъво доранд, ки бист сол боз ҳаққи худро аз корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" ва як тарабхона дар шаҳри Гулистон гирифта наметавонанд. Раёсати корхонаро Зафар Азимов, домоди 43-солаи сарвазир Қоҳир Расулзода, бар дӯш дорад. Ӯ ва зердастонаш дар ин бора суҳбат накарданд.

"Қарори додгоҳ ҳаст, вале иҷро намекунанд"

Даъвогарон, Парвиз Мамадҷонов ва модару хоҳаронаш, гуфтанд, саҳми онҳо дар "Қолинҳои Қайроққум" ва тарабхонаи мавриди баҳс мерос аз падарашон Султон Мамадҷонов аст. Ба нақли онҳо, Мамадҷонов солҳои дароз дар корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" кор карда, пас аз пошхӯрии Шӯравӣ яке аз саҳмдорони он ва тарабхонае дар шаҳри Гулистон будааст.

“Падарам 2-юми январи соли 2005 вафот карданд. Бо ҳалномаи Додгоҳ ҳаққи падарам ба мо гузашт. Ҳам аз тарабхона ва ҳам аз "Қолинҳои Қайроққум". Масъулони корхона аз иҷрои ҳалнома сарпечӣ мекунанд," -- шикоят кард Парвиз Мамадҷонов, писари Султон Мамадҷонов рӯзи 3-юми декабр.

Парвиз Мамадҷонов афзуд, то кунун дар ин бора ба ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон даҳҳо номаву ариза фиристоданд, вале посухи мусбат нагирифтанд.

"Қолинҳои Қайроққум", ки дар ҳоли ҳозир яке аз корхонаҳои саноатии пештоз дар Тоҷикистон ба шумор меравад, бештар бо номи Яҳё Азимов, сарвазири пешин ва хонаводаи ӯ гиреҳ мехӯрад. Вай солҳои дароз ин корхонаро роҳбарӣ дошт.

Ҳоло писараш, Зафар Азимов, ки ҳамзамон домоди нахуствазири ҳозира Қоҳир Расулзода аст, ин масъулиятро ба дӯш дорад. Вакили мудофеи даъвогарон мегӯяд, маҳз пайвандии мудири "Қолинҳои Қайроққум" бо мансабдори баландпояи Тоҷикистон ҳалли масъаларо душвор гардондааст.

Зафар Азимов бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Корхонаи "Қолинҳои Қайроққум". Соли 2023
Зафар Азимов бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Корхонаи "Қолинҳои Қайроққум". Соли 2023

"Рӯирост мегӯянд, медонед, ин кас домоди Қоҳир Расулзода?"

Холнисо Ҳомидова, намояндаи ҳуқуқии Мамадҷоновҳо, гуфт: "Инҷо тасарруф ҳаст, вале рӯирост мегӯянд, оё хабар доред, ин кас домоди Қоҳир Расулзода? Мо ариза пешниҳод мекунем, онро ба назорат аз болои санадҳои додгоҳӣ (судӣ) мефиристанд. Охир, мо аз болои қарори додгоҳ (суд) шикоят накардем. Мо аз болои амалҳои ғайриқонунии Азимов Зафар шикоят кардаем."

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз аввали моҳи декбар чанд дафъа талош кард, ки назари Зафар Азимов ва ё зердастонашро ба қазия бигирад, вале бенатиҷа буд. Касе дар ин корхона ҳозир нашуд, қазияро шарҳ диҳад.

Даромадгоҳи "Қолинҳои Қайроққум"
Даромадгоҳи "Қолинҳои Қайроққум"

Дар ҳамин ҳол, оилаи Мамадҷоновҳо мегӯянд, бо сабаби дастрас накардани ҳаққашон аз "Қолинҳои Қайроққум" ва як тарабхона дар Гулистон дар вазъи бади иқтисодӣ мондаанд. Чанде пеш онҳо дар номае аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки ба қазия дахолат кунад.

Парвиз Мамадҷонов гуфт, "Мо мехоҳем адолат бошад. Мақомоти дахлдор бояд аз рӯи ҳақиқат парвандаро зери назорат гиранд ва ба тарафгирӣ роҳ надиҳанд. Барои ҳамин, мо ба Дастгоҳи иҷроияи президент муроҷиат кардем ва мехоҳем, ҳаққи 20-солаи мо пардохта шавад."

Дар гузашта низ баъзе аз сокинон дар пайи беҷавоб мондани аризаву номаҳояшон дар ниҳодҳои давлатӣ ба раисҷумҳур ё наздикони ӯ дар ҳукумат муроҷиат карда буданд. Маълум нест, Парвиз Мадмадҷонов ва модару хоҳаронаш посухе хоҳанд гирифт ё не.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Даъвои як оила алайҳи домоди сарвазири Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00

Ин бори аввал нест, ки номи Зафар Азимов ба расонаҳо роҳ меёбад. OCCRP ё Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта соле пеш дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked" маълум кард, ки Фарангиз Азимова, духтари Қоҳир Расулзода ва ҳамсари Зафар Азимов, дар Дубай манзил дорад.

Бар асоси ин гузориши таҳқиқотӣ, Азимова соли 2011, замоне ки ҳамагӣ 24 сол дошт, дар маҳаллаи "Meadows” дар Дубай “вилла” гирифтааст. Арзиши ин хона дар соли 2024 ҳудуди 5 миллиону 400 ҳазор доллар баровард мешуд. Зафар Азимов, ҳамсараш ва хонаводаи сарвазири Тоҷикистон ба ин гузориш вокуниш накарданд.

XS
SM
MD
LG