Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфт, чор тарафат қибла." Даъвои як сокини Ёвон бо хонаводаи Асадулло Ғуломов


Сокини Ёвон аз хонаводаи Асадулло Ғуломов замин мунтазир будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Як сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, аз соли 1991 бо хонаводаи Асадулло Ғуломов, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, бар сари як қитъа замин баҳс дорад, аммо ба натиҷае нарасидааст.

“Ин замин барои бунёди хона дода шуда буд. Асадулло Ғуломов омаду гуфт, ки замин дар пеши хонаи ман аст. Дар иваз ба Шумо як бар ду, 32 сотих замин гирифта медиҳам. Дар ҳар ҷое, ки маъқул аст,” – нақл кард Ҳабибулло Ашӯров.

Ин ваъдаи Асадулло Ғуломов, ба қавли ҳамсуҳбати мо, дар замоне будааст, ки ӯ имкони бунёди манзилро надошт. Мегӯяд, дар солҳои баъдӣ, вақте Асадулло Ғуломов ба мансабҳои баланди давлатӣ расид, дигар ӯро аз наздик дида натавонист.

“Вақте маросими дафни Асадулло Ғуломов гузашт, 4-уми августи соли 2011, ба писараш фаҳмондам, ки бо раҳматии падарат маслиҳати шифоҳӣ доштем. Ӯ бояд ба ҷойи ду замин чор замин медоду маводи сохтмонӣ ёрӣ мекард. Вай рақамҳои телефонашро доду гуфт, ба ман занг зан. Як бор, ду бор занг задам, дигар бо сабабҳои номаълум телефонаш ҷавоб надод,” – иддао кард ӯ.

Ба қавли ин сокини ноҳияи Ёвон, ӯ барои ҳалли мушкил ба назди ҳамсари Асадулло Ғуломов низ рафтааст, вале посух гирифтааст, ки замин дар ихтиёри сардухтури беморхонаи ноҳия, Бурҳониддин Халилов, бародари Асадулло Ғуломов қарор дорад.

Ҳабибулло Ашӯров гуфт: “Ба назди сардухтур рафта, гуфтам, ки маро янга фиристод, масъалаи заминро ҳал кунед. Вай гуфт, ту чӣ мегӯӣ? Он заминҳоро барвақт ба расмият даровардам. Чаҳор тарафат қибла.”

Бурҳониддин Халилов рӯзи 3-юми апрел дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “марҳум гузаштааст ва боасос будани гапҳои Ҳабибулло Ашӯровро дар ҷое надидааст”. Ба пурсишҳои батакрори мо танҳо посух дод, ки дар ин бора чизи дигаре гуфта наметавонад.

Ҳабибулло Ашӯров ба додситонӣ, Кумитаи замин ва ҳукумати Ёвон барои ба ихтиёри худ даровардани замин муроҷиат кардааст, аммо бенатиҷа. Вай танҳо нусхаи қарори собиқ Кумитаи иҷроияи Шӯрои деҳоти Навкорамро (соли 1991) дар даст дорад. Дар он гуфта шудааст, ки дар баробари 20 коргар ба Ашӯров низ қитъаи замин ҷудо шудааст. Ӯ умед дорад, ки бар асоси ин санад метавонад дигарбора заминро соҳиб шавад.

Бахтиёр Насруллоев
Бахтиёр Насруллоев

Ҳуқуқдон Бахтиёр Насруллоев чизи дигар мегӯяд: “Ягон илоҷи заминро баргардонидан надорад. Ӯ бояд бино месохт. Замин давлат додааст. Мард қонунро вайрон карда, аз рӯйи таъинот истифода накардааст. Агар бо ягон шаҳрванд заминашро иваз карда бошад, бояд қонунӣ иваз мекард. Вай аллакай заминро ба дигар кас додааст, ҳама ҳуқуқи истифодабариро кайҳо гум кардааст."

Ҳабибулло Ашӯрови 61-сола ҳамроҳи се писараш дар як манзил зиндагӣ доранд, ки ду тани онҳо оиладор ва соҳиби фарзанд ҳастанд. Мегӯяд, барои бунёди хона ба фарзандонаш ба қитъаи замин сахт ниёз дорад, вале танҳо бо ваъдаи шифоҳӣ заминашро дар ихтиёри Асадулло Ғуломов гузошт ва ҳоло дар дигарбора гирифтани он дасткӯтоҳ аст.

Асадулло Ғуломов дар мақомҳои гуногун, аз қабили муовини раиси ширкати давлатии "Тоҷиксохтмон", раиси ноҳияи Синои кунунии пойтахт ва муовини аввали сарвазири Тоҷикистон кор кардааст. Ҳоло писаронашро ҳамчун соҳибкорони бонуфуз мешиносанд.

XS
SM
MD
LG