Хона, мошин, пул ва дороиҳои дигари баъзе аз сиёсатмадорону мансабдорон ва як рӯзноманигори зиндониро дар Тоҷикистон ба фоидаи давлат мусодира кардаанд. Ин афрод ним сол пеш дар доираи парвандаи "табаддулот", ки ба таври махфӣ баррасӣ шуд ва суолҳои зиёдеро бепосух монд, аз ҳашт то бисту ҳафт сол аз озодӣ маҳрум гаштанд. Худашон беасос медонанд.
Намояндагони Хадамоти иҷро рӯзи панҷуми август гуфтанд, ки ҷараёни мусодираи амволи чеҳраҳои шинохта ба поён расид. Аз ҷумла, аз Саидҷаъфар Усмонзода, вакили пешини порлумон; Аҳмадшо Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ; Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ; Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини умури хориҷӣ; Абдулфайз Атоӣ, дипломат ва Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор.
Пайвандони Шокирҷон Ҳакимов, муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократ, аз мусодираи амвол эмин мондаанд, чун ӯ як манзили истиқоматӣ дорад, ки танҳо сарпаноҳи хонавода ба шумор меравад.
Дар бораи мусодираи амволи сарҳангҳои амният Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев чизе маълум нест.
Аз Рухшона Ҳакимова пулеро гирифтаанд, ки дар ҳисоби бонкияш нигоҳ медошт. Қаблан шахсони наздик ба ӯ гуфта буданд, ки Рухшона зиёда аз 230 ҳазор сомонӣ дорад ва онро бо нияти харидани хона дар Душанбе ҷамъ карда буд.
“Бояд гуфт, ки талаботи мақомоти додгоҳӣ (судӣ) пурра иҷро шуд. Ягон шикоят аз ҷониби намояндагон ё хешутабори онҳо ворид нагардид,” – гуфт Аҳтам Абдуллозода, раиси Хадамоти иҷрои Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ.
“Рақам ба рақам гуфта наметавонам”
Радиои Озодӣ ҳанӯз дар моҳи апрели имсол маълум карда буд, ки мусодираи амволи бархе аз чеҳраҳои шинохта шуруъ шудааст. Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ, рӯзи 6-уми август гуфт, мошину хонаҳои маҳкумшудаҳо ба ихтиёри ниҳоди зери раҳбарии ӯ гузашт.
“Рақам ба рақам гуфта наметавонам, ки чӣ аст, аммо дар маҷмуъ гуфта метавонам, ки манзилҳои истиқоматӣ, мошинҳо ва дигар дороиҳо ҳаст. Тибқи қонунгузории ҷорӣ инҳо метавонанд дар оянда ё ба фурӯш бароварда шуда ё ба манфиати давлатӣ истифода карда шаванд,” -- шарҳ дод ӯ.
Ин мансабдори тоҷик ва раиси Хадамоти давлатии иҷро махфӣ нигоҳ доштани амволи мусодирашударо ба баста будани парванда рабт доданд.
Наздикони баъзе аз маҳкумшудаҳо гуфтанд, ки бо қарори мусодираи амвол розӣ нестанд. Онҳо иддао доранд, ки баъзе аз моликияте, ки мусодира шуд, ба маҳкумшудагон тааллуқ надорад. Аммо ба далели пеш наомадани мушкил нахостанд ошкоро ва бо номи худ суҳбат кунанд.
Ҳуқуқдон Ҷамшед Ёров мегӯяд, ҳангоми мусодираи амволи маҳкумшудаҳо бояд таҳқиқу исбот шавад, ки то куҷо манзил ё мошин ба онҳо тааллуқ дорад. “Дар сурати исбот нашудан, мақомот ҳаққи мусодираро надоранд,” – гуфт ӯ.
Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд: “Манзиле, ки ба номи маҳкумшуда нест, фақат дар ҳамон сурат метавонад мусодира шавад, ки агар исбот гардад, аввал ба номи ӯ буд ё бо пуле харида шуд, ки бо ҷиноят ба даст омадааст. Ё барои он ки мусодира нашавад, манзилро ба номи каси дигар гузарондааст.”
Гуруҳи иборат аз сиёсатмадорону мансабдорони пешин ва як рӯзноманигор дар моҳи феврал бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “кӯшиши табаддулот” аз 8 то 27 сол зиндонӣ карда шуданд. Худашон ин ҳукмро беасос дониста, аз мақомот хостанд, ки онро бознигарӣ ва қарори мусодираи амволро бекор кунанд. Чизе, ки додгоҳ напазируфт ва ҳам далелашро ба ҷомеа нагуфт.