Шокирҷон Ҳакимов, муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 19-уми апрел ба синни 59 мерасад. Ин сиёсатмадор ва ҳуқуқдон имсол зодрӯзашро на дар канори ҳамсару фарзандон, балки дар кунҷи маҳбас мегузаронад. Ӯ дар доираи парвандаи пурсару садои "кӯшиши табаддулот" ба 18 сол зиндон маҳкум шудааст. Худаш ва наздиконаш розӣ нестанд.
"Дигар тоқати ҷудоӣ надорем"
Аҳли хонавода нуҳ моҳ боз наметавонанд, ки Шокирҷон Ҳакимовро бубинанд. Боздошту зиндонӣ кардани ӯ аз чанд ҷиҳат ба вазъи оила таъсир гузоштааст.
Фаризахон Ҳакимова, ҳамсари Шокирҷон Ҳакимов, рӯзи 18-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Мо асабонӣ шудем. Фишори хунам ҳар рӯз баланд мешавад. Аз фикри зиёд бемории қанд пайдо кардам. Осон нест. Сутуни хонадон, маслиҳатгару насиҳатгар буданд."
Ҳакимова ба иттиҳомоте, ки мақомот нисбат ба шавҳараш эълон кардаанд, бовар надорад. Мегӯяд, баъд аз 35 сол зиндагии якҷоя ҳоло таҳаммули дурӣ аз ӯро надорад.
"Шокирҷон, зодрӯзатон муборак, садсола шавед! Зудтар ба назди фарзандон оед. Дигар тоқати ҷудоӣ надорем. Тезтар биоед, ки ман хаста шудам. Фарзандон ва набераҳо шуморо дӯст медоранд," – афзуд ӯ.
"Хаста шудем, аммо нарехтем"
Шокирҷон Ҳакимов соҳиби чор фарзанд буда, қабл аз боздошт шуданаш ният доштааст, ки писари хурдиро оиладор кунад. Духтараш дар як тамоси видеоӣ аз шаҳри Конибодом ба Радиои Озодӣ гуфт, зиндонӣ кардани падар онҳоро парешон кард.
Гулноза Шокирзода афзуд: “Сутуни хонадонро аз мо гирифтанд. Ба мо падар, эҳсоси дар паҳлуяшон будан, суханҳояшон, пандҳояшон намерасад. Дурии он кас хеле ва хеле хаста кардааст моро. Рӯҳан бисёр хаста шудем, вале то имрӯз нарехтем. Умед дорем, боз рӯзҳое мешавад, ки сари як дасторхон менишинем."
Шокирҷон Ҳакимов борҳо аз он шикоят мекард, ки бо доштани таҷриба ва дониш, ба хотири мавқеи сиёсиаш дар ҳеч донишгоҳ ба кор пазируфта намешавад.
Ғафурҷон Ҳакимов, бародари Шокирҷон Ҳакимов, гуфт: "Се маротиба бо ҳар баҳона рисолаашро барои дифоъ иҷоза надода буданд, вале маротибаи 3-юм истодагарӣ намуда, бо неруи зеҳнии худ рисолаи номзадяшро дифоъ кард. Чунин ҳолат дар арафаи дифои рисолаи докторияш низ пеш омада буд ва маҷбур шуд ба Донишгоҳи дӯстии халқҳо рафта, ҳимоя кунад. Новобаста аз чунин монеагузориҳо, тавонист рисолаи докторияшро низ сарбаландона дифоъ кунад".
Интихоботро ба даври дувум мекашонд
Ҳакимов аз шумори шореҳони воқеаҳои сиёсӣ буд ва дар баҳсҳои муҳими иҷтимоӣ иштироки фаъол дошт. Зодаи шаҳри Конибодом буда, дар интихоботҳои солҳои 2010 ва 2015 аз ҳавзаи Конибодом номзад ба Маҷлиси намояндагон буд.
Соли 2010 тавонист интихоботро ба даври дувум кашонад, аммо Кумитаи марказии интихобот Насрулло Маҳмудзодаро баранда эълом кард.
Фарҳод Худоёров, собиқ раиси бахши Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон дар водии Рашт, мегӯяд, “Шокирҷон Ҳакимов шахси донишманд ва сиёсатмадори варзида буд дар ҷаласаҳои ҳизби сотсиал-демократ фикри созанда дошт. Дар интихоботҳо, ҳангоми мулоқот бо мардум интихобкунандагонро қонеъ мекард. Як шахси пурэнержӣ буд. Дар арсаи сиёсат ва ҳуқуқ дониши баланд дошт, ки ҷойи таърифу тавсиф нест, ба ҳамагон маълум аст”.
Шокирҷон Ҳакимов дар моҳи феврали имсол бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ ба 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамроҳи ӯ 8 чеҳраи маъруфи сиёсӣ ва иҷтимоиро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат, кӯшиши табаддулот ва ғасби ҳокимият аз 8 то 27 сол зиндонӣ кард. Шикояти онҳо аз болои ҳукми додгоҳ бетағйир гузошта шуд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: