Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, барои фурӯ нишондани хашми мардум аз моҷарои фасоди молӣ дар бахши энержии кишвараш, ваъда дод, ки "ислоҳоти асосӣ ва фаврӣ" анҷом медиҳад. Ин моҷаро яке аз дӯстони қадимӣ ва шарики собиқи тиҷоратии ӯро низ дар бар мегирад.
Зеленский рӯзи 15-уми ноябр гуфт, мудирони дастикам се ширкати бузурги давлатӣ дар соҳаи энергетика барканор ва басуръат ҷойгузин мешаванд ва дигаргунии бештаре дар рӯзҳои оянда дар роҳ аст.
Идораи зидди фасоди молӣ дар Украина ҳафтаи гузашта аз "амалиёти густарда" хабар дод. Бино ба изҳороти масъулони ин ниҳод, дар миёнаи ҷанги Русия алайҳи Украина фасод дар бахши энержӣ сурат гирифтааст ва сухан дар бораи даҳҳо миллион доллар меравад.
Дафтари миллии мубориза бо фасод дар Украина гуфт, "ин тарҳ шомили як созмони ҷиноии сатҳи болост", ки ҳадафи он "таъсиргузорӣ бар ширкатҳои стратегии давлатӣ, бавижа ширкати "Энергоатом" будааст". Вебсайти “Политико” ҳам аз қавли як мансабдори Иттиҳоди Аврупо навишт, ки фасоди матраҳшуда дар ин таҳқиқот “нафратангез” аст ва ба Украина дар назди ҳампаймонҳои байнулмилалияш обрӯ намеорад.
Раисҷумҳури Украина рӯзи 15-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, “бозсозии ширкатҳои калидии давлатиро дар бахши энержӣ оғоз кардем. Ҳамзамон бо ҳисобу китоби молии ин ширкатҳо, мудирияти онҳо бояд тағйир кунад.”
Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ин дигаргунӣ барои коҳиши фишорҳо бар Зеленский ва розӣ кардани муттаҳидони ғарбии ӯ кофӣ хоҳад буд ё на. Муттаҳидоне, ки аз раисҷумҳури Украина хостаанд, ҳамзамон бо муқовимати ин кишвар дар баробари ҳуҷуми Русия, барои аз байн бурдани фасоди сохторӣ иқдомоти бештаре анҷом диҳад.
Владимир Зеленский дастур додааст, ки тайи як ҳафта ҳайати нозирони наве дар “Энергоатом” ташкил шавад, то замина барои “бозсозии пурраи мудирияти ширкат” фароҳам гардад. Вай ҳамчунин эълом кард, ки тағйироти фаврӣ дар ширкати давлатии “Нафтогаз” ва ҳамчунин ширкати барқи обии ин кишвар сурат хоҳад гирифт.
ФИРОР БА ЛАҲИСТОН
Дар миёни шахсони гумонзад дар моҷарои фасод номи Тимур Миндич, яке аз ҳамкорони собиқи Зеленский ва аз саҳмдорони гурӯҳи ҳаҷвии “Квартал 95” низ дида мешавад.
Гузориши “Система”, бахши таҳқиқотии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон дод, ки ӯ чанд соат пеш аз амалиёти зидди фасод аз Украина ба Лаҳистон (Полша) гурехтааст. Ин масъала мунтақидонро ба ин гумон расондааст, ки ӯ аз қабл аз амалиёт хабар дошт.
Миндич ҳамчунин бо Игор Коломойский, миллиардери ҳомии корзори интихоботии Зеленский дар соли 2019, иртибот доштааст. Касе, ки аз соли 2023 бо иттиҳоми пулшӯйӣ ва қаллобӣ дар боздошт аст. Зеленский дар талош барои фосила гирифтан аз ин парванда ҳафтаи гузашта бо судури фармоне дороиҳои Миндич ва як гумонзади дигарро ба номи Александр Тсукерман баст.
ЧЕҲРАҲОИ ДИГАРИ САРШИНОС ДАР ПАРВАНДАИ ФАСОД
Герман Галушенко, вазири адлияи Украина, ки пештар вазири энержии ин кишвар буд, аз ҷумлаи шахсони матраҳ дар парвандаи фасоди молист. Вай ҳафтаи гузашта аз мақом рафт ва эълом кард, ки дар додгоҳ аз худ дифоъ хоҳад кард.
Светлана Гринчук, вазири энержии Украина, низ рӯзи 12-уми ноябр ва пас аз дархости Зеленский истеъфо дод, ҳарчанд таъкид кард, ки ягон кори хилоф накардааст.
Рустам Умаров, вазири пешини дифоъ ва дабири ҳозираи Шӯрои амнияти миллии Украина ва Алексей Чернишов, муовини пешини сарвазир, аз номҳои дигари матраҳ дар ин парванда ҳастанд. Умаров дахолати худро комилан инкор кардааст.
Ин моҷарои фасоди молӣ дар ҳоле рух додааст, ки бар асари ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Русия бахши энержии Украина зарари зиёд дида, гӯшаҳои ин кишвар пайваста аз нерӯи барқ маҳрум мегарданд.