Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте ҷанг ба хонаи шумо меояд…


Виктория Рошина ҳуҷуми Русияро ба Украина бозтоб медод
Виктория Рошина ҳуҷуми Русияро ба Украина бозтоб медод

Дар ҷараёни се сол ҷанги Русия дар Украина хабарнигорон, аз ҷумла гузоришгарон ва ҳамкорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, баҳои сангине пардохтанд. Онҳо на фақат аз зери тиру туфанг ва маҳалли даргириҳои сахту хунин гузориш доданд, балки аз ҷумлаи қурбониён низ ҳастанд.

Яке аз онҳо Виктория Рошина хабарнигори озод буд, ки барои бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гузориш медод ва дар асорати нерӯҳои Русия ҷон бохт. Марги Рошинаи 27-сола дар моҳи октябри соли 2024 тасдиқ шуд, вале то ҳанӯз ҷасади ӯ ба пайвандонаш супурда нашудааст.

Моҳи март ба боздошту зиндонӣ шудани Владислав Есипенко дар нимҷазираи ишғолии Қрим, ки Русия онро ба як пойгоҳи низомӣ табдил додааст, чор сол пур мешавад. Есипенко, ки дар масоили иҷтимоӣ ва муҳити зист ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гузориш медод, бо гуноҳи интиқоли маводи тарканда маҳкум шуд. Вай ин иттиҳомро напазируфта, баръакс, аз шиканҷа шуданаш дар Боздоштгоҳ шикоят кард.

Владислав Есипенко
Владислав Есипенко

Хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Дмитрий Евчин дар хати аввали ҷанг дар ҷануби Украина сахт захмӣ шуд. Вай пас аз моҳҳо дармон ба маркази хабарии Радиои Озодӣ ба Киев баргашт.

Дмитрий Евчин
Дмитрий Евчин

Евгения Китаива дар соли 2023 ҳангоми гузоришдиҳӣ аз наздикии хати аввали ҷабҳа дар шарқи Украина дар миёни ҳамлаи низомиёни Русия дармонд. Ӯ ҷон ба саломат бурд, вале барои он ки вазъи равонияш ба ҳолати одӣ баргадад, чандин моҳ зарур шуд.

Як сол баъди ин ҳодиса, ӯ духтаре ба дунё овард. Китаива акнун дубора ба хати аввали ҷанг рафтааст ва дар мавриди занони зиндонӣ гузориш таҳия мекунад, ки барои пайвастан ба артиши Украина омодагӣ мегиранд. Артише, ки бо камбуди сарбоз рӯбарӯст.

Евгения Кутаива
Евгения Кутаива

Марян Кушнир хабарнигори дигарест, ки шуморе аз фоҷиабортарин лаҳзаҳои ҷангро тасвирбардорӣ кардааст. Вақте аз ӯ дар бораи дастовардҳояш пурсиданд, аз ҷоизаҳо нагуфт, балки аз рӯзе ёд овард, ки дар ҷараёни сафари корӣ як пирмардро аз деҳае дар хати аввали ҷанг бо худ берун овард. Пирмард шахси охирин дар ин русто буд.

Марян Кушнир
Марян Кушнир

Шаҳраки Немишаева дар масофаи начандон дур аз Буча (понздаҳ дақиқа бо мошин) ҷойгир аст. Нерӯҳои Русия муваққатан онро тасарруф карда буданд. Дар оромгоҳе дар ин шаҳри Украина Вира Ҳирич, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ хобидааст. Ӯ дар натиҷаи афтодани як мушаки Русия ба хонааш дар шаҳри Киев дар моҳи апрели соли 2022 кушта шуд.

Гузориши охирине, ки ӯ таҳия карда буд дар мавриди зани солхӯрдаест, ки аз Ҳолокост ҷон ба саломат бурда, дар шаҳри Мариупол мезист. Русия Мариуполро дар соли 2022 ишғол кард.

Вира Ҳирич
Вира Ҳирич

Дур аз хати аввали ҷабҳа низ аз хатар орӣ нест. Дафтари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Киев дар тирамоҳи соли 2024 бо таҳдидҳои бомбгузорӣ мувоҷеҳ шуд. Ба мисли садҳо идораи дигар, аз ҷумла мактабҳо, марказҳои тиҷоратӣ ва биноҳои давлатӣ.

Радиои Озодӣ ин таҳдидро баъди як таҳқиқи рӯзноманигорӣ гирифт. Таҳқиқ дар бораи он буд, ки чӣ гуна ҷосусҳои Русия кӯдакон ва навҷавонои украиниро ҷалб мекунанд, то бар зидди артиши кишвари худ кор кунанд.

Студияи Радиои Озодӣ дар Киев
Студияи Радиои Озодӣ дар Киев

Хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар ин давра аз фасод дар артиши Украина низ парда бардоштанд. Онҳо баъзе аз мансабдорони украиниро, ки дар кишварҳои хориҷӣ амволи гаронбаҳо доранд ва ё шиносномаи русии худро пинҳон медоранд, маълум ва ба мардум муаррифӣ карданд.

XS
SM
MD
LG