Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонзадҳои ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар Русия як сол боз аз писараш хабар надорад. Ҳар гоҳ хумори писараш гирад, ба Интернет рӯй меорад, то аксҳои ӯро бинад ва ё дар борааш маълумоте гирад, аммо чизи дилгармкунандае намеёбад.
"Ҳамон суратҳоро мебинам. Осори латукӯбро мебинам. Як сол шуд. Гунаҳкор ҳам бошад, наход як бор телефон надиҳанд? Ман пулдор нестам, ки ба наздаш равам," – арзи дил кард ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Гулракат Мирзоева мегӯяд, дар як соли охир ва дар пайванд ба қазияи Далерҷон Мирзоев худаш бемори дил шуд ва арӯси хонавода бемори асаб. Вазъи иқтисодии оила низ бадтар гаштааст.
Наздикони гумонзадҳои дигар дар Тоҷикистон омода нашуданд, ки дар рӯ ба рӯи дурбин гап зананд.
Чӣ гузашт?
Ҳамла ба толори консертии "Крокус" рӯзи 22-юми марти соли 2024 рӯй дод ва дар натиҷа 144 нафар куштаву садҳо тан захмӣ шуданд. Мақомоти қудратии Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ҳамла боздошт карданд, вале то кунун баъзе шубҳаву суолҳо боқӣ мондааст.
Дар ҳоле ки наздиконашон дар гузашта ба эҳтимоли бегуноҳии онҳо таъкид доштанд, мақомоти Русия ҳамлагаронро узви шохаи "Хуросон"-и ДОИШ ё гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" медонанд.
Муҳаммад Шарифуллоҳ (Ҷаъфар), шаҳрванди Афғонистон ва узви шохаи "Хуросон", ки ӯро президенти Амрико Доналд Трамп "террористи калон" номид, дар баёнияаш эътироф кардааст, ки барои ҳамлагарони "Крокус" ҳам дарси истифода аз силоҳ дода буд. Ӯро рӯзи 5-уми март аз Покистон ба Амрико бурданду ба ҳабс гирифтанд.
“Ночор баргашта омад”
Ҳодисаи “Крокус”, ки муҳоҷирони тоҷик дар марказаш қарор гирифтанд, ба кору зиндагӣ ва нақшаву нияти даҳҳо ҳазор кас дар Тоҷикистон ва Русия таъсир гузошт.
Ҳарчанд муносибати дағал, санҷишҳои пайиҳам, маъракаи зидди муҳоҷирон дар Русия ва боздошту ихроҷи онҳо то моҳи марти соли 2024 низ ҷой дошт, баъди он бештар шуд. Додситони кул Ҳабибулло Воҳидзода дар моҳи феврали имсол эътироф кард, ки дар ин муддат зиёда аз 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия бозпас фиристода шудаанд.
Писари Ҷонибек Шоев аз шаҳри Норак аз зумраи онҳоест, ки дар пайи маҳдудиятҳо нисбат ба муҳоҷирон ночор аз Русия ба ватан баргашт. “Зиндагиямон хуб буд. Аз Русия пул мефиристод. Мақсад дошт, ки хона бихарем ё замин гирем. Аммо кор ҳамин хел шуд, баргашта омад,” – нақл кард Ҷонибек Шоев.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
“То ҳол маълумоти дақиқ надорем”
Коршинос Раҳмон Улмасов мегӯяд, дар як соли охир дар бахши муҳоҷират дар Русия дигаргуниҳои зиёд ба вуҷуд омад ва на танҳо тоҷикон, балки муҳоҷирон аз Узбекистону Қирғизистонро ҳам ҳадаф гирифт.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, "он чизе дар "Крокус" рӯй дод, маънои онро надорад, ки ҳамаи шаҳрвандони мо дар ин кор даст доранд. Ин тамоман фикри нодуруст аст... Як сол гузашта бошад ҳам, то ҳол мо ягон маълумоти аниқ надорем."
Улмасов афзуд, аз як тараф Думаи Давлатӣ қарору қонунҳоеро мепазирад, ки кору зиндагии муҳоҷиронро маҳдуд мекунад, аммо аз сӯи дигар эҳтиёҷи Русия ба нерӯи корӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳамчунон боқист.
Бахтиёр Сафаров, сардори ширкати Central Asia Consulting дар Вашингтон, мегӯяд, пеш аз ҳама мақомоти Тоҷикистонро зарур аст, ки аз дипломатияи фаъолтар кор бигирад: “Аввал ин ки битавонад ҳуқуқи шаҳрвандони худро дар хориҷ аз кишвар ҳимоя кунанд. Чун ингуна ҳолатҳо дар ҳама ҷо эҳтимол дорад рух диҳад.”
Cуханoи ба ин монандро намояндагони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) низ дар як таҳқиқоти 63-саҳифаӣ дар бораи пайомадҳои “Крокус” ба муҳоҷирони тоҷику узбеку қирғиз баён доштаанд.
Онҳо аз Созмони Милал ва кишварҳои дигари узв ва ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки бо талоши муштарак аз Русия талаб кунанд, ки ҳуқуқи муҳоҷиронро риоят кунанд. Аммо Тоҷикистон ва Узбекистон ба натиҷаҳои таҳқиқот посухе надодаанд.