Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфт, Русияро тарк кун." Ҳузури паноҳҷӯёни тоҷик дар Гурҷистон ҳам сахт шудааст


Исмоил Холов
Исмоил Холов

Теъдоде аз мухолифони тоҷик, ки аз Русия гурехта ба Гурҷистон рафтаанд, мегӯянд, сол то сол ҳузури онҳо дар ин кишвар сахттар мешавад.

"Якуним сол гузашт, ҷавоби рад омад"

Таҷрибаи Исмоил Холови 44-сола нишон додааст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфти ҳаққи зист дар Гурҷистон осон нест. Вай ба воситаи додгоҳ тавонист, иҷозаи будубоши яксоларо ба даст орад. Пештар Хадамоти муҳоҷирати Гурҷистон дархости паноҳандагии ӯро рад карда буд.

Исмоил Холов узви "Гурӯҳи 24" аст ва мегӯяд, соли 2023 дар пайи зиёд шудани таъқибу фишори мақомот аз Русия фирор ва дар Гурҷистон дархости паноҳандагӣ кард, аммо посухи рад гирифт. "Якуним сол гузашт, ҷавоби рад омад. Онҳо гуфтанд, ки ба додгоҳ муроҷиат кун. Ба додгоҳ муроҷиат кардам. Додгоҳ ба фоидаи ман анҷом ёфт," – нақл кард ӯ. Суҳбати мо бо хост ва ризояти мусоҳиб сабт шуд.

Ҳоло ба Исмоил Холов иҷоза шудааст, ки як муддат дар ин кишвар бимонад. Дархосташ барои паноҳандагӣ дубора дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Холов аз соли 2011 бо аъзои хонаводааш дар Русия мезист. Мегӯяд, ронандаи мусофирбар буд ва ҳаққи иқомат (ВНЖ) дошт. Аммо, ба нақлаш, соли 2015 баъди суҳбат дар барномаҳои мухолифон ва пайвастан ба "Гурӯҳи 24" (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст) бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Маскав дастгир шуда, 6 моҳ дар боздошт буд. Ӯро ба Тоҷикистон истирдод накарданд ва раҳо шуд.

"Се соли дигар зиндагии одӣ доштам. Мақомоти Тоҷикистон боз ба Русия нома фиристоданд, ки ҳамин шахсро супоред. Баъди он, ФСБ-и Русия корро ба даст гирифт. Додгоҳи Аврупо маро се соли дигар нигоҳ дошт. Вақте ҷанги Русия дар Украина сар шуд, намояндагони Додгоҳи Аврупо гуфтанд, ки мо дигар туро ҳимоя карда наметавонем. Ҳамин хел ҷавоб омад ба вакили мудофеъ ва вакил ба ман гуфт, ки Русияро тарк кун," – идома дод ӯ.

Видео дар инҷост:

Зиндагии паноҳҷӯёни тоҷик дар Гурҷистон сахт шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

"Нисбат ба Русия ва Туркия амн аст"

Дар Тоҷикистон алайҳи Исмоил Холов парванда боз шудааст ва ӯ дар ҳамкорӣ бо созмон ва ҳизбҳои фаъолияташон мамнуъ гумонзад аст. Қазияи Исмоил Холов ва таъқиби ӯ дар Русия борҳо расонаӣ шудааст ва Додгоҳи Аврупо аз ҳуқуқи вай ҳимоя мекард.

Хабаргузории давлатии "Ховар" дар соли 2018 муроҷиатномаи ин мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро нашр карда буд, ки дар он гуфтааст, бо фиреб ба гурӯҳи мухолифи ҳукумат ҷалб шуд ва аз ин кор пушаймон аст. Худаш мегӯяд, ин изҳоротро аз тарс ва зери таъқибу фишор навишт.

Исмоил Холов мегӯяд, талош дорад, дар Гурҷистон паноҳандагӣ бигирад: “Ин ҷо нисбат ба Русия ва Туркия амн аст. Нисбат ба кишварҳои дигаре, ки аз он ҷо бачаҳои гурӯҳҳои сиёсиро дуздида мебаранд.”

Аммо маълум нест, Гурҷистон ба дархости паноҳандагии ӯ чӣ посух хоҳад дод. Ба гуфтаи баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ ва тоҷиконе, ки дар ин кишвар қарор доранд, бархӯрди мақомоти Гурҷистон вақтҳои охир, махсусан пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Русия, бо шаҳрвандони Тоҷикистон хуб нест.

Як ҳуқуқшиноси тоҷики муқими Гурҷистон гуфт, гирифтани паноҳандагӣ барои тоҷикистониҳо дар ин ҷо сахт аст. “Аз 5 нафаре, ки барои паноҳандагӣ муроҷиат карданд, 3 нафарашон рад шуда, 1 нафари дигар ҳамчун паноҳанда эътироф шудааст. Ҳолати як нафари дигар ҳанӯз дар баррасӣ мебошад. Дар ҷавобҳои расмии мақомот асосан ба "хатар ба амнияти миллӣ" дар Гурҷистон ишора мешавад,” – гуфт ҳуқуқшинос. Ӯ нахост, номаш расонаӣ шавад.

Тоҷикистон дар шумори кишварҳое дохил аст, ки шаҳрвандонаш метавонанд бе раводид ё виза ба Гурҷистон сафар ва як сол зиндагӣ кунанд. Дар як соли охир роҳ ёфтани тоҷикон ба ин кишвар душвор шудааст ва гурӯҳ-гурӯҳ аз фурудгоҳ пас гардонда мешаванд. Моҳи апрели соли 2024 танҳо аз як ҳавопаймо 10 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар берун карда шуданд.

XS
SM
MD
LG