Як созмони муътабари байнулмилалӣ гуфт, ки вазъи ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон дар соли 2024 бадтар шудааст.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 16-уми январ дар гузориши солонааш саркӯби дигарандешон, боздошти хабарнигорону шахсиятҳои шинохта, кӯшиши мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди намояндагони мухолифонро аз хориҷа намуна овард.
Дар гузориш аз нопадидшавии Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов – раҳбарони "Гурӯҳи 24" – дар Туркия ва зиндонӣ шудани онҳо дар Тоҷикистон ёд шудааст. Боздошту муҳокимаи чеҳраҳои саршинос дар доираи парвандаи "табаддулот", қазияи рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим дар Кӯлоб, идомаи таъқиби фаъолон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мавридҳои дигар аст.
Тибқи гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) , мақомот дар Тоҷикистон таҳқиқи бетарафонаи саркӯби эътирозгаронро дар солҳои 2021 ва 2022 дар ВМКБ ба роҳ намонданд ва аъзои ҷомеаи помириҳо ҳанӯз аз таъқибу фишори зиёд шикоят доранд.
"Истиқлоли бадании занонро ҳадаф қарор доданд"
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) вазъи занонро дар Тоҷикистон ҳам арзёбӣ кардааст. Муаллифони гузориш навиштанд, ки дар соли 2024 "истиқлоли бадании занон мавриди ҳамла қарор гирифт".
"Мақомот ҳам тарзи либоспӯшии замонавӣ ва ҳам мазҳабиро нишон гирифтанд," – омадааст дар гузориши солонаи HRW.
Ин созмон дар идома аз камтар шудани "касбҳои мамнуъ" барои занон дар Тоҷикистон истиқбол кардааст. Мақомот дар моҳи январи соли 2024 феҳристи касбҳои мамнуъро барои занон аз 334 то 194 поин оварданд. Вале ҳанӯз кори занон дар бахшҳои зиёде, ки маоши баландтар доранд, ба мисли соҳаи нақлиёт, корҳои зеризаминӣ ва ё дар баландошёнаҳо маҳдуд мемонад.
Ҳабси Шокирҷон Ҳакимов ва…
HRW боздошти ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси Ҳизби оппозитсионии сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимовро танқид кардааст. Ҳакимов ва чанд сиёсатмадори амалкунанда ва собиқ дар тобистони соли 2024 дастгир шуданд.
"Дастрасии онҳо ба вакили мудофеъ фавқулода маҳдуд аст. Ҳабси Шокирҷон Ҳакимов махсусан мавриди нигаронист, чун яке аз охирин шахсиятҳоест, ки дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гап мезад”, -- омадааст дар гузориш.
Мақомоти Тоҷикистон ҳашт чеҳраи маъруф ва ходимони пешини давлатиро ба кӯшиши бо зӯр гирифтани ҳукумат, барангехтани кинаву адоват, қаллобӣ ва хиёнат ба давлат гумонзад медонанд. Ба иттилои Радиои Озодӣ, дар мурофиае, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе гузаронд, додситон ба онҳо аз 23 то 30 сол зиндон талаб кардааст.
Дар курсии айбдорӣ Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев - сарҳангҳои бознишастаи амният, Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ, Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ ва Аҳмадшо Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократ нишастаанд. Вакилони мудофеъ аз додрас хостаанд, ки онҳоро бегуноҳ эълон кунад.
Парвандаи язгуломиҳо, хабарнигорон ва паноҳҷӯён
Дар гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар боздошту ҳабси 27 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ чун намунаи поймолкунии ҳуқуқи инсон ёдовар шудааст.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар моҳи августи 2024 силсилаи боздоштҳоро дар Язгуломи ВМКБ тасдиқ кард ва гуфт, онҳо барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дастгир шуданд. Ин гурӯҳро дар Тоҷикистон созмони террористӣ медонанд. Намояндагони мухолифони ҳукумат иттиҳомро сохта номиданд.
HRW дар гузориши солонааш аз таъқиби рӯзноманигор Анора Саркорова низ ёдовар шудааст. Муҳаққиқон навиштаанд, Саркорова, ки аз саркӯбҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузориш медиҳад, бо иттиҳоми "даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ ва тарғибу ташвиқу дуруст шуморидани ифротгароӣ" таҳти пайгарди ҷиноӣ қарор дорад.
Гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар боздошти Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк”-ро дар моҳи августи соли 2024 дорои ангезаҳои сиёсӣ номид. Аҳмади Иброҳими 63-сола бо гуноҳи ришвату тамаъҷӯӣ ва ифротгароӣ рӯзи 10-уми январ ба 10 сол зиндон маҳкум гардид. Худашу наздиконаш онро беасос ва сохта донистанд.
Додгоҳи олӣ дар моҳи феврали 2024 муаллиф, муҳаррир ва масъули нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро аз 1 то 6,5 сол ҳабс кард. Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ин китоб дар бораи чолишҳои ҷомеа, аз ҷумла фасоди молӣ ва муҳоҷират баҳс мекард.
Гузориш инчунин ба ҳамкории кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди баъзе аз паноҳҷӯён муроҷиат кардааст. Муаллифон гуфтаанд, бо вуҷуди ин ки паноҳҷӯён аз тарси зиндон ва шиканҷа дар ватанашон хоҳони ҳимояти ҳукуматҳои аврупоӣ ҳастанд, чанд мавриди бозгардондани онҳо сабт шуд.
Аз ҷумла, моҳи ноябри 2024 Олмон ба дархости паноҳандагии Дилмурод Эргашев, як фаъоли сиёсӣ, посухи рад дода, ӯро ихроҷ кард. Мақомот ӯро дар Тоҷикистон ба мӯҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.
Комрон Худойдодов, бародари Шабнам Худойдодова, фаъоли пешини “Гурӯҳи 24”, ки дар Лаҳистон (Полша) зиндагӣ мекард, ба навиштаи HRW, “аз тарси ихроҷ ба Тоҷикистон ба кишвари сеюм рафт”.
Саркӯбҳои баъди “Крокус” дар Русия
Гузориши солонаи HRW дар бахши Русия аз ҳамла ба толори консертии “Крокус” ёдовар шуда, навиштааст, баъзе аз гумонбарон мавриди шиканҷа қарор гирифтанд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 22-юми марти 2024 рӯй дод, 144 кас кушта шуд.
"Чор гумонбар бо ҷароҳатҳои намоён дар мурофиаи додгоҳӣ ҳозир шуданд. Бо вуҷуди ин ки нақши сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти амниятӣ дар шиканҷаи намоишкорона дида мешуд, ҳеч таҳқиқе дар ин замина ба роҳ монда нашуд," -- навиштааст HRW.
Муаллифон фишору саркӯби муҳоҷирони тоҷикро дар Русия ба таври ҷудогона ёдовар шудаанд. "Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар моҳи феврал хабар доданд, ки бо таҳдиди ихроҷ... онҳоро зӯран ба артиши Русия бурданд," – гуфта шудааст дар гузориш. Дар шаш моҳи аввали соли 2024 аз Русия 17 ҳазор муҳоҷири тоҷик ронда шудаанд, ки назар ба соли 2023-юм 6 ҳазор нафар бештар будааст.