Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи шахсиятҳои шинохта одилона буд?


Меҳмонони барнома Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон ва вакили дифоъ ва Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд.
Меҳмонони барнома Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон ва вакили дифоъ ва Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал ҳашт нафарро бо иттиҳоми қасди табадуллоти давлатӣ ба солҳои дарози зиндон маҳкум кард. Бисёре аз онҳо мансабдорони собиқ ва сиёсатмадорони шинохта ҳастанд.

Аз ҷумла Акбаршо Искандаров, ки аз соли 1991 то соли 1992 раҳбари мувақаттии Тоҷикистон буд. Ӯ ва се нафари дигар ба 18 соли зиндон маҳкум шуданд ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ ва Саидҷаъфар Усмонзода, вакили собиқи мардумиро ба 27 соли зиндон маҳкум карданд.

Рухшона Ҳакимова, хабарнигор ва модари ду кӯдаки хурд ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Шокирҷон Ҳакимов, амаки Рухшона ва муовини раиси Ҳизби сотсиал демократ ҳам бояд 18 солро дар утоқи зиндон таҳаммул кунад. Суҳбати Гапи Озод дар ҳамин бора аст ва меҳмонон Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон ва вакили дифоъ ва Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Муҳтарам Ҷамшед Ёров, онгуна ки медонем, муҳокима баста сурат гирифт ва маълум нест, ки онҳоро бо кадом далел чунин ҷазоҳои сахт додаанд? Ба назари шумо чаро муҳокимаро пинҳон аз назари ҷомеа баргузор карданд?

Ҷамшед Ёров: “Дар инҷо чанд омил ҳаст, агар дар ҳақиқат ҳамон моддаҳое, ки нисбат ба онҳо айб эълон карданд, ман дар назар дорам, хиёнат ба давлат бошад ва аз катерогияи гурӯҳи ҷиноятҳое, ки ба муқобили амнияти давлат бошад, дар ҳақиқат бисёре аз чунин парвандаҳо бояд ба таври пинҳон, ба таври пӯшида, гузарад. Чунки мумкин аст, дар ингуна парвандаҳо ягон маълумоти сирри давлатӣ ҳаст ва он фош нашавад.

Вале таҷрибаи корҳои суд ва мақомоти қудратии Тоҷикистон, системаи адлия, тафтишоти пешакӣ нишон медиҳанд, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳар парвандаро, ҳатто парвандаҳои оддӣ ба мисли қаллобиро ҳам ба мисли парвандаи охирони Бузургмеҳр Ёров (вакили дифо) метавонанд, ба таври пӯшида гузаронанд ва аз тамоми иштирокчиёни мурофиа забонхат гиранд, ки дар бораи ҷузъиёти парванда шумо ягон маълумот намедиҳед.

Дар инҷо хатогӣ ва гуноҳ айби худи мақомоти қудратӣ аст. Сабаби дигарашро метавонам гӯям, ки ин тарсидан аз афкори ҷомеа, ки агар ҷомеа дар ҳақиқат аз ҷузъиёти парванда хабардор шавад, метавонад, як вокуниш кунад, таъсир гӯё расонад, ба рафти мурофиа ва талаби адолатро кунад. Ба таври пинҳонӣ баргузор кардани муҳокима имкон медиҳад, ки хатогиҳои парванда, хатогиҳои тафтишотӣ, хатогиҳо дар исботи далелҳо пинҳон дошта шавад.”

Радиои Озодӣ: Муҳтарам Шарофиддин Гадоев, назари шумо сабабҳои паси дарҳои баста баргузор кардани муҳокима чӣ ҳаст?

Шарофиддин Гадоев: “Ман ин парвандаро як парвандаи комилан сиёсӣ медонам ва ҳукумат ҳеч далеле барои зиндонӣ кардани онҳо дар даст надорад ва пушти дарҳои баста гузаштани ҳамчунин парвандаҳо, ки мо аз соли 2010, ё 2012-2013 бештар мушоҳида мекунем. Ҳама парвандаҳои сиёсӣ пушти дарҳои баста гузаштанд, дар онҳо хабарнигорон ва ҷомеа иштирок накарданд. Ва ин нишон медиҳад, ки дар ин парвандаҳо ҳеч далел вуҷуд надорад ва ошкор гузаштани ин парвандаҳо саволҳои зиёдеро ба миён меорад, ки ҳукумат тавони ҷавоб гуфтани онҳоро надорад.”

Радиои Озодӣ: Муҳтарам Ҷамшед Ёров, агар мақомот парвандаи ба қавли худашон қасди табадуллоти давлатиро ошкоро баргузор мекарданд, масалан ба хабарнигорон иҷоза медоданд, ки дар муҳокима бошанду бубинанд, чӣ мешуд?

Ҷамшед Ёров: “Онҳо худашон шарманда мешуданд. Шарманда мешуданд ва дар ҳақиқат агар далелҳои онҳо фош мешуд, ки чӣ далел доранд, мисол бо моддаи 305 “хиёнат ба давлат” ва мисол дар қазияи худи Рухшона Ҳакимова, агар биёрем ва ё амакаш. Онҳо чӣ амал содир кардаанд ва мо медидем, ки чунин далелҳо нест ва фақат як бофта аст ва ин шармандагӣ якумаш мешуд. Агар кишвари мо демократӣ мешуд, ин сабаби барканор шудан ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани худи прокуроре, ки фикри айбдоркуниро тасдиқ кард, аз кор рондан ва ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани муфаттиш, гурӯҳи муфаттишон... мешуд.”

Шарофиддин Гадоев: “Худи пешбарии ҳамин парванда аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон худаш нишонаи сиёсӣ будани ҳамин парванда аст ва дуввум инки вақте сухан дар бораи амнияти давлат меравад, худи ниҳодҳои амниятӣ бояд ин парвандаро пеш мебурданд, аммо Прокуратураи генералии Тоҷикистон бурд. Ин парванда аз оғоз супоришӣ буд ва бисёр далелҳо ва равандҳои ин парванда нишон медиҳад, ки ҳеч яке аз онҳо (муттаҳамон ба ҷиноят) гунаҳкор нестанд.”

Муҳокимаи Рухшонаву шахсиятҳои шинохта одилона буд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:26:30 0:00

Идомаи баҳсро дар барнома бубинед:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG