Шаҳрвандони Русия ҳақ доранд, ба Сербистон, ки як шарики наздики Русия ба ҳисоб меравад ва узви Иттиҳоди Аврупо нест, бе раводид сафар кунанд. Ҳоло шумораи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Сербистон ҳам зиёд шудааст. Муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сербистон дар сохтмон, ошхонаву фурӯшгоҳҳо ё дар соҳаи хадамоти умумӣ кор мекунанд.
Имрӯзҳо дар кӯчаҳои Белград, пойтахти Сербистон сӯҳбатҳо ба забони қирғизиву тоҷикӣ, узбекӣ ва қазоқиро ҳам мешунавед. Аз ҷумла дар ошхонаи Азия Микс, ки ҷойи дидору наҳори муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аст.
Шоҳсултон Қӯчқорбоев, ошпаз: «Падарам аз хурдӣ ба ман ошпазиро омӯхта буд. Дар Русия чаҳор сол ошпаз будам. Азбаски солҳои ахир онҷо мушкилтар шуд, ба Қирғизистон баргаштам. Дар бораи Сербистон ҳеч чиз намедонистам, эълонеро дидам ва омадам.»
Бисёре аз муҳоҷирони қирғиз дар сохтмон, қаҳвахонаҳо, ё ба ҳайси пайк, яъне курйер кор мекунанд. Халил Қуронбоев, яке аз онҳоест, ки ҳоло ба ҳамватанонаш кӯмак мекунад. Қаблан пайк буд, баъдан бо як дӯсташ ин қаҳвахонаро боз кард.
Халил Қуронбоев, муҳоҷири қирғиз: «Мо қаҳвахонаро тасодуфан «Азия Микс» ном нагузоштем. Инҷо як дастаи футбол аст, ки дар он қирғизу узбеку қазоқу тоҷикон, умуман намояндагони тамоми мардумони Осиёи Марказӣ бозӣ мекунанд. Мардумони мо инҷо зиёд шуданд, вале ҷое, ки нишаста хӯроки арзон хӯранд набуд. Барои ҳамин мо қаҳвахонаро боз кардем.»
Халил мисли бисёре аз дигарон қаблан дар Русия кор мекард. Аз тафтишҳои пайваста, қоидаҳои сахттар ва аз афзоиши фишор ба муҳоҷирон безор шуда, онҷоро тарк кард.
Халил Қурбонов, муҳоҷири қирғиз: «Дар Белград, оромона кор мекунед. Дар Русия ҳамеша аз он метарсӣ, ки кӣ ва кай барои тафтиши санадҳо меояд. Баъдан ихтиёриён пайдо шуданд, ки ҳамроҳи маъмурони пулис дар кӯчаҳо мардумро нигаҳ медоранд. Баъди ин ман фаҳмидам, ки бояд аз инҷо рафт. Русия ҳар қадар бузург бошад ҳам, вале барои муҳоҷирон зиндагӣ онҷо сахт шуд. Дар Сербистон оромӣ аст. Агар қонунро риоят кунӣ, дуруст рафтор кунӣ касе туро намерасад. Маро як ду бор пулис нигаҳ дошт, санадҳоямро диданд, меҳрубонона ҷавоб доданд. Ҳеч фишоре нест. Фарқ байни инҷову Русия аз замин то осмон аст.
Бино ба омори расмӣ, музди миёнаи кор дар Сербистон 1300 евро аст. Аз ҳама камаш 450 евро. Азбаски муҳоҷирон пули нақд мегиранд, музди камтар ба даст меоранд.
Халил Қурбонов, муҳоҷири қирғиз: «Даромад ба худи кас вобаста аст. Хуб кор кунед, моҳона то 2 ҳазор евро баробар ба 200 ҳазор рубли русӣ ба даст меоред. Дар Русия барои ин пул бояд бе истироҳат кор кунед. Инҷо осонтар аст. Агар бемор шудед, ба ҳар шифохона меравед, санадҳоро нишон медиҳед ва шуморо қабул мекунанд. Инҷо ҳама чиз қонунӣ аст, молиёт месупорӣ, давлат ҳам шароитро бароят фароҳам мекунад.»
Гуфтугӯ