Ин рақамро Владимир Путин рӯзи 9-уми октябр дар нишасти хабарии муштарак бо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе зикр кард.
Ҳарчанд ин бор президенти Тоҷикистон ба ин омор эътироз накард, дар соли 2022 вай дар ҳузури Путин гуфта буд, ки Тоҷикистон ин қадар муҳоҷири корӣ надорад.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон "Шумо дирӯз ду миллион гуфтед. Имрӯз мехоҳам бигӯям: ду миллион не. Бештар аз ду миллион шаҳрвандони мо ба Русия мераванд ва натанҳо барои кор. Барои кор на бештар аз шашсад ҳазор мераванд. Боқимондаҳо барои таҳсилу табобат ва ё тавассути Русия ба кишварҳои севум мераванд. Соли оянда панҷоҳ дарсад кам мешавад. "
Мақомоти масъули Тоҷикистон солҳои ахир на теъдоди муҳоҷирон ва на пулҳои ирсолкардаи онҳоро ошкор мекунанд. Дар вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон пештар гуфтанд, “наметавонанд, омори муҳоҷиронро пешниҳод кунанд. Зеро на ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба хориҷ мераванд, муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд”.
Бонки миллии Тоҷикистон низ ҳаҷми пулҳои ирсолкардаи муҳоҷирони кориро ошкор намекунад.
Иқтисоддони қирғизистонӣ Нургул Акимова мегӯяд, омори марбут ба муҳоҷирон аз сӯи сиёсатмадорон барои даст ёфтан ба ҳадафҳо истифода мешавад. "Ин оморро пинҳон кардан имкон надорад. Масълаи асосӣ ин аст: оё онро дар гуфтумонҳои сиёсӣ истифода мебаранд ё на? Ҳамчун иқтисоддон мутмаинам, ки ин абзоре барои гуфтугуҳост. Ин як абзори классикӣ аст. Ҳама навъи додаҳои иқтисодӣ дар гуфтугуҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Эҳтимол, баҳси мазкур ба хотири он рӯ задааст, ки ду кишвар дар масъалае ба созиш нарасидаанд. Ва зоҳиран омори муҳоҷирон барои тақвияти мавқеи Русия садо медиҳад. Намедонам, ки Путин бо зикри ин омор чӣ гуфтан мехоҳад, вале метавонам тасдиқ кунам, ки ҳаҷми пули муҳоҷирон таъсиргузор аст." - афзуд, Нургул Акимова, иқтисоддон
Парвиз Расулов, (ному насаб иваз шудааст), шореҳи масъалаҳои иқтисодӣ аз шаҳри Душанбе гуфт, ба дурустии омори пешниҳодкардаи Русия бовар дорад. Зеро, ба гуфтаи вай, ҷониби Тоҷикистон касонеро, ки душаҳрвандӣ доранд, муҳоҷир ҳисоб намекунад. Парвиз Расулов, шореҳи иқтисодӣ гуфт: "Онҳо (Мансабдорони Тоҷикистон) намехоҳанд, ки ин оморро расонаӣ кунанд. Зеро дар он сурат, ба бовари ман, онҳо маҷбур мешаванд, эътироф кунанд, ки иқтисоди кишвар аз ҳисоби интиқоли пулҳои муҳоҷирон мечархад. Дар ҳоле ки дар воқеъ чунин аст."
Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия рӯзи 7 октябр хабар дод, ки дар соли 2024 муҳоҷирони кории Тоҷикистон бештар аз 1,8 млрд доллар аз Русия ба ватанашон ирсол кардаанд. Аз ин пештар Созмони ҷаҳонии муҳоҷират хабар дода буд, ки дар соли 2024 аз хориҷ ба Тоҷикистон 5,8 млрд доллар ирсол шудааст.
Гуфтугӯ