Як фармони президенти Русия Владимир Путин аз 20-уми март дар миёни муҳоҷирон овозаҳоеро ба миён овард, ки гуё "патент" бекор шудааст ва онҳо метавонанд бе ин ҳуҷҷат кор кунанд. Хабар дар матбуоти Русия ба таври нофаҳмо чоп ва таблиғ карда шуд ва зоҳиран муҳоҷиронро дар сардаргумӣ андохт.
Дертар маълум гашт, ки фармон ба қаламрави худи Русия вобастагӣ надорад ва танҳо ба муҳоҷирон дар чор минтақаи аз тарафи Русия ишғолшудаи Украина иҷозат медиҳад, ки бо ангуштнигорию санҷиши тиббӣ кор кунанд.
Мақомоти Русия фармонро шарҳ надодаанд, аммо коршиносони масъалаҳои муҳоҷират мегӯянд, бо орзуи халосӣ аз "патент" барои кор ба ин минтақаҳо рафтани муҳоҷирон ғайриқонунист ва ҳам барояшон хатарҳои зиёд дорад.
"Ин қаламравест, ки дар он ҷо қонун амал намекунад," – гуфт Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон.
Ӯ афзуд: "Фармон амалан дар минтақаҳои ишғолкардаи Русия дар Украина, ки додани патент номумкин аст, қонунӣ шудааст. Муҳоҷирон пештар бе додани озмоиши тиббӣ ва изи ангушт кор мекарданд ва акнун оҳоро водор мекунанд, ки аз санҷиш гузаранд ва изи ангушт диҳанд. Фикр мекунам, мақсад аз ин саломатӣ ё ангуштнигорӣ нест, балки ситондани пули бештар аз мардум аст."
Намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия низ дар баёнияе ба муҳоҷирон фаҳмонд, ки гап на дар бораи ҳамаи қаламрави Русия меравад.
Навор дар Инстаграм:
Ботурҷон Шермуҳаммад, коршиноси узбек, мегӯяд, шарҳи нодурусти фармони Путин дар шабакаҳои иҷтимоии Русия муҳоҷиронро ба ақидаи нодуруст расондааст.
Ба қавли ӯ, "дар асл, танҳо дар чаҳор вилояти Украина, ки аз тарафи Русия ишғол шудаанд, аз ҷумла Донетск ва Луҳанск, барои шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи бе патент кор кардан то 31-уми декабри соли 2025 дода мешавад."
Мусоҳибони мо таъкид мекунанд, ки барои кори бидуни патент ба ин минтақаҳо рафтани муҳоҷирон хатарҳои зиёд дорад.
Валентина Чупик, пуштибони муҳоҷирон, мегӯяд, "барои ин ду сол зиндон таҳдид мекунад. Ғайр аз ин, муҳоҷирон дар амалҳои ғайриқонунии мақомоти ишғолгар ҳамроҳ мешаванд, ҳатто агар дар он ҷо чун кӯчарӯб кор кунанд ва ё бинокор. Ин дар ҳама ҳолат ҷинояти ҳарбӣ аст. Ба ҳар ҳол ба он ҷо рафтан мумкин нест."
"Чаро чунин фармон имзо шуд? Дар навбати аввал шуъбаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҳамаи ин минтақаҳо ҳанӯз ташкил нашудаанд. Ва сабаби дигар ин аст, ки тавре мебинем, дар ин минтақаҳо вайронаҳо зиёданд ва қувваи корӣ намерасад. Мехоҳанд, муҳоҷиронро ба ин минтақаҳо кашанд, вале дар он ҷо ҷанг давом дорад ва вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ шудааст," – шарҳ дод Ботурҷон Шермуҳаммад, коршиноси узбек.
Дар гузашта бо ваъдаи музди зиёд ва кори бепатент садҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ба минтақаҳои ишғолшудаи Русия рафтаанд. Аз ҷумла, ширкати "Реставратсия" 110 муҳоҷири тоҷикро дар Русия ба кор гирифта, сипас ба Украина бурдааст.
Муҳоҷирон аз Қирғизистон ҳам барои кор дар Мариупол даъват шудаанд. Дар моҳи марти соли 2023 зиёда аз сесад муҳоҷири тоҷик, ки дар сохтмонҳо кор мекарданд, бо эътироз аз он ки пули онҳо дода нашудааст, корпартоӣ карда буданд.
Навор дар Фейсбук: