Доналд Трамп дар моҳи январи соли 2017, дар оғози давраи аввали президентияш, танҳо як фармон содир карда буд. Ин дафъа расонаҳо ва таҳлилгарони амрикоӣ интизор доранд, ки ӯ бар асоси ваъдаҳои пешазинтихоботии худ якбора ба чанд фармон имзо хоҳад гузошт.
Худаш мегӯяд, иҷрои яке аз ваъдаҳои асосӣ – маҳдудсозии муҳоҷират ба Иёлоти Муттаҳидаро аз 20-уми январ шуруъ мекунад. Изҳороти Доналд Трамп дар ин бора шоми 19-уми январ дар толори варзишии "Вашингтон Арена" садо дод.
"Ман масъалаи таҳкими назорат ва ба таври қотеона эҳёи суботи марзҳоро матраҳ хоҳам кард," -- афзуд Трамп дар ҳузури ҳазорон ҳаводораш.
Вай инчунин гуфт, тибқи ваъдаи додааш, аз 20-уми январ ихроҷи миллионҳо муҳоҷири ғайриқонуниро, ки дар Амрико ба сар мебаранд, шуруъ мекунад. То соли 2022 ёздаҳ миллион нафар ба таври ғайриқонунӣ дар Амрико зиндагӣ мекарданд ва ин теъдод дар ду соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Бо дарназардошти андозаи мушкили муҳоҷират, коршиносон бар ин назаранд, ки амалӣ намудани ин иқдом шояд пул ва вақти зиёд талаб кунад.
Ба ҳамин монанд, таҳлилгарон бар он боваранд, ки ваъдаи дигари Трамп дар мавриди поён додан ба ҷанги Украина низ кори осон нест, зеро Русия дар ҳоли пешрафт қарор дошта, президенти ин кишвар Владимир Путин бовар дорад, ки дар ин низоъ пирӯз мешавад.
- Маҳдудияти сафар барои шаҳрвандони баъзе аз кишварҳо;
- Ҷорӣ кардани 25 дарсад молиёт ба маҳсулоти Канада ва Мексика;
- Бекор кардани шаҳрвандии кӯдаконе, ки дар Амрико зода шудаанд;
- Афви шахсоне, ки дар ҳамлаи 6-уми январи соли 2021 ба бинои Конгресс даст доштанд;
- Рондани дигарбошон аз артишу мактаб ва маконҳои дигар аз тасмиму фармонҳои эҳтимолии дигари Доналд Трамп гуфта мешавад.
Президенти мунтахаби Амрико дар паёмаш шоми 19-уми январ аз ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон низ талаб кард, ки ба арзиши миллиардҳо доллар таҷҳизоти ҳарбиро ба Амрико баргардонад. Ба гуфтаи Трамп, ҳангоми берун шудани низомиёни Амрико дар моҳи августи соли 2021, таҷҳизоти низомӣ ба арзиши ҳадди ақал 7 миллиард доллар дар Афғонистон мондааст.
Бар пояи маълумоти Оҷонси рушди байнулмилалии Амрико, дар давраи ҳукмронии “Толибон”, Иёлоти Муттаҳида ба 24 миллион аҳолии ниёзманди Афғонистон ба маблағи 2,1 миллиард доллар ёрии башарӣ расонд.
Бо вуҷуди ин, кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ “Толибон”-ро барои поймол намудани ҳуқуқи инсон, бахусус ҳаққи занону духтарон, муттаҳам мекунанд. То ҳол ҳеч кишвар ва созмони байнулмилалӣ ҳукумати “Толибон”-ро ба таври расмӣ эътироф накардааст.
“Мардуми Амрико ба мо эътимод кардааст ва мо дар ҷавоб ба онҳо аввалин рӯз, аввалин ҳафта ва аввалин сад рӯзи муассир ва фавқулодаи раёсатҷумҳурӣ дар таърихи Амрикоро тақдим мекунем," – гуфт Доналд Трамп.
Трамп рӯзи 20-уми январ дар мақоми президенти 47-уми Амрико савганд ёд мекунад. Бо дарназардошти ҳавои сард, бори аввал дар 40 соли охир маросими савгандёдкунӣ дар дохили бинои Конгресс баргузор мегардад.