Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо омадани Трамп дар Иттиҳоди Аврупо чиро интизор бояд шуд?


Доналд Трамп ва Илон Маск. 19-уми ноябри 2024
Доналд Трамп ва Илон Маск. 19-уми ноябри 2024

Бисёр чизҳое, ки дар соли 2025 дар Иттиҳоди Аврупо рӯй хоҳанд дод, ба ҳукуматдорӣ ва тасмимҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, вобастаанд.

Ба назар мерасад, мансабдорони Иттиҳоди Аврупо, мунтазири маросими савгандёдкунӣ (20-уми январ)-и Доналд Трамп, президенти мунтахаби Иёлоти Муттаҳида, ҳастанд, то бубинанд иқдомоти маъмурияти ӯ чӣ душвориҳоеро барои онҳо ба бор хоҳад овард. Ин хулосаи суҳбатҳоест, ки хабарнигорон дар ҳафтаҳои охир бо мақомҳои аврупоӣ анҷом доданд.

Як мавзӯи мушаххасе, ки мақомҳои Иттиҳоди Аврупо барои он омодагӣ мегиранд, ҷорӣ шудани таърифаҳост. Онҳо ба ин боваранд, ки ваъдаи Трамп дар замони рақобатҳои интихоботӣ дар бораи аз 10 то 20 дарсад ҷорӣ кардани таърифа (тариф, тарофа) бар колоҳои аврупоӣ амалӣ хоҳад гашт.

Дар ҳоле ки ин иқдом қобили мудирият хонда мешавад, нигарониҳое вуҷуд дорад, ки ба баъзе маҳсулоти мушаххас молиёт ё андози баландтаре ҷорӣ хоҳад шуд.

Мавриди дигар фишор барои афзоиши харҷҳои дифоӣ аст. Доналд Трамп пешниҳод кард, ки панҷ дарсад аз тавлиди нохолис ё Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишварҳои узви НАТО бояд барои буҷаи низомӣ ҷудо карда шавад. Ҳоло бисёре аз аъзои аврупоии Паймони Атлантики Шимолӣ дар ҳоли тағйири ҳадафи пешинаи “2-дарсадӣ” ҳастанд.

Қазияи Украина

Аз тарафи дигар, ояндаи Украина дар садри баҳсҳо хоҳад буд, махсусан, агар дар соли 2025 як навъ созиши сулҳ ё оташбас сурат бигирад. Боз ҳам бисёре аз ин масоил ба тасмими Доналд Трамп бастагӣ дорад.

Ба назар мерасад, ки Иттиҳоди Аврупо дар мавриди Украина фақат дар ҳошия амал мекунад. Агар ба пешниҳоди охирини Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, барои истифода аз миллиардҳо доллар дороии бандмондаи Русия дар Ғарб бо ҳадафи харидани аслиҳаи Иёлоти Муттаҳида ба Украина нигоҳе шавад, Иттиҳоди Аврупо аз чунин иқдом суд ё фоидаи каме ба даст хоҳад овард.

  • Нахуст, ин пул ба ҷойи хазинаи аврупоӣ ба хазинаи Иёлоти Муттаҳида хоҳад рафт.
  • Дувум, барои он ки пули бештари Русия дар Иттиҳоди Аврупо аст, чунин ҳаракат метавонад эҳтимол ҳавзаи евроро ба унвони як макони амн барои тиҷорати кишварҳои севум суст кунад.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина

Идомаи таҳримҳо ба Русия

Иттиҳоди Аврупо ҳамчунон талош хоҳад кард, то аз тариқи таҳримҳо ба Русия осеби бештаре ворид кунад.

Дар ҷараёни шаш моҳи раёсати даврии Маҷористон ё Венгрия бар Иттиҳоди Аврупо дар нимаи дувуми соли 2024 Брюссел чораҳои сахттаринро қабул кард. Акнун бо раёсати Лаҳистон ё Полша умедвориҳои қобили таваҷҷуҳ дар Брюссел вуҷуд дорад, ки як бастаи нав барои севумин солгарди ҳуҷуми Русия ба Украина дар рӯзи 24-уми феврал омода шавад.

Дидгоҳҳое монанд ба ҳадаф қарор додани гази Русия ва саноеи ҳастаӣ тавассути баъзе аз аъзои Иттиҳоди Аврупо матраҳ хоҳад шуд, вале аз эҳтимол дур аст, ки ҳамаи 27 кишвари узви бо он розӣ шаванд. Маҷористон ё Венгрия ҳанӯз ҳам тамдиди шашмоҳаи таҳримҳои иқтисодии феълии Иттиҳоди Аврупоро алайҳи Русия тасдиқ накардааст. Зарбулаҷал барои дароз кардани муҳлати таҳримҳо 21-уми январи имсол аст.

Дипломатҳо ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Будапешт хостааст, Иттиҳоди Аврупо дар ин бора баъд аз савгандёдкунии Доналд Трамп тасмим бигирад. Дар ин бора мумкин аст то 27-уми январ, замоне ки вазирони корҳои хориҷии ИА дар Брюссел мулоқот мекунанд, ё ҳатто дар як нишасти эҳтимолии изтирории баъд аз он низ роҳи ҳал пайдо нашавад.

Аз тақдири Гурҷистон то Монтенегро

Маҷористон ва Словакия ҳамчунин мунтақиди барномаҳои ворид кардани Киев ба Иттиҳоди Аврупо ҳастанд.

Ончи мушаххас аст, мавзӯи пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо ҳалношуда хоҳад монд, зеро ҳеч мавқеи муштарак дар мавриди чигунагии бархӯрд бо Тбилиси (Тифлис) ҳанӯз вуҷуд надорад.

Ҳизби ҳокими “Орзуи гурҷӣ” ба тазъиф ё суст кардани раванди демократия дар Гурҷистон муттаҳам аст. Дар мавриди таҳримҳо ба зидди шахсони вобаста ба ин ҳизб иттифоқи назари каме вуҷуд дорад. Пештар Амрико таҳримҳоеро алайҳи баъзе аз афрод дар Гурҷистон ҷорӣ кард.

Музокиротро барои пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо то 2028 ба таъхир гузоштаанд
Музокиротро барои пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо то 2028 ба таъхир гузоштаанд

Албания, кишвари умедвор дар Балкани ғарбӣ барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо, ба талошҳо ва музокироти бештар дар ин росто идома хоҳад дод. Мақдунияи шимолӣ ва Босния Ҳерзоговина эҳтимол ба далели адами ислоҳот ба пешрафтҳои чашмгир ноил нахоҳанд шуд.

Черногория ё Монтенегро, ки қаблан музокиротро дар бораи тамоми сиёсатҳо ва меъёрҳои пазириш дар Иттиҳоди Аврупо оғоз кардааст, бахше аз ин гуфтугӯҳоро дар ҷараёни сол пурра хоҳад кард.

Интихоботҳо чиро дигар мекунанд?

Ҳизбҳо ва сиёсатдорони авомгаро ё популист эҳтимолан дар соли 2025 дар саросари Иттиҳоди Аврупо ба пирӯзиҳое даст хоҳанд ёфт.

Интихоботи порлумонӣ дар Олмон моҳи феврал дар назар аст. Як эътилофи бузурги иттиҳодияи масеҳии демократӣ ва ҳизби сотсиал-демократ ба эҳтимоли зиёд баранда хоҳад шуд. Ҳизби рости ифротии "Алтернатива барои Олмон" мумкин аст ҳудуди бист дарсади раъйи мардумро соҳиб шавад.

Ҳукумат дар Фаронса то замони баргузории интихоботи зудҳангом дар моҳи июл бо чолишҳое мувоҷеҳ хоҳад буд. Давлатҳо дар Испания ва Ҳолланд ларзонанд ва имкон дорад имсол суқут кунанд.

Дар шарқ, Ҷумҳурии Чехия, Андрей Бабиш, миллиардери авомгаро, эҳтимол дар интихоботи моҳи октябр баранда хоҳад шуд ва Прагаро аз назари сиёсӣ ба Маҷористон ва Словакия наздик хоҳад кард.

Доналд Туск
Доналд Туск

Лаҳистон ё Полша дар вазъи фарқкунанда аст. Як далел ин аст, ки Доналд Туск, раҳбари ин кишвар ва чеҳраи тарафдори Ғарб, акнун қавитарин сиёсатмадор дар Иттиҳоди Аврупост. Ӯ, ки кишвараш раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро бар уҳда дорад, бо Вашингтон аз равобити гарм дорад.

Ин кишвар қисми зиёди тавлиди нохолиси дохилиро барои буҷаи низомияш ихтисос додааст. Аммо бо ин ҳама, Варшава аз интихоботи пеширӯ нигарон аст. Интизор меравад, интихоботи президентӣ дар Лаҳистон моҳи май ва даври дувуми он моҳи июни имсол баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG