Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ дар ҳоли таҳаввул аст, вале ҷаҳон онро ҷиддӣ намегирад?


Ироқ, моҳи июни соли 2014
Ироқ, моҳи июни соли 2014

Гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) бо тағйири шеваҳои вайронгарӣ ва густариши доманаи фаъолият дар гӯшаҳое аз ҷаҳон дигарбора сар боло мекунад. Гурӯҳе, ки замоне қаламравҳои азими Сурия ва Ироқро зери назорат дошт, ба тадриҷ ба хатари ҷиддие табдил меёбад.

Киён Шарифӣ

Нерӯҳои таҳти ҳимояти Амрико дар соли 2019 эълом карданд, ки гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”-ро аз байн бурданд. Онгуна ки мушоҳидаҳои солҳои охир нишон додаанд, ин эълом фақат поёни хилофати худхондаи ДОИШ буд, ки бахшҳои Ироқу Сурияро дар даст дошт, на поёни хатаре, ки ин гурӯҳ ҳамчунон эҷод мекунад.

Ҳоло ДОИШ нишон медиҳад, ки аз байн нарафтааст ва дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон зуҳур мекунад ва тавоноиҳои амалиётии он низ дар ҳоли таҳаввуланду тағйир меёбанд. Ин гурӯҳ аз моҳи январи соли 2023 силсилае аз ҳамлаҳои пурсару садоро дар ҷаҳон аз Эрону Русия то ба Олмон ва Иёлоти Муттаҳида анҷом дод.

Адриан Штуни, коршиноси амниятӣ ва мудири ширкати машваратии мустақар дар Вашингтон ба Радиои Фардо гуфт: “ДОИШ ҳамчунон таҳдиди мунтазам ба амнияти ҷаҳонӣ ва маргбортарин созмони террористии ҷаҳон аст.”

Вай афзуд: “Ин созмон акнун асосан ба шабакае табдил ёфтааст, ки ба шохаҳое, ки мустақилона фаъолият доранд, такя мекунад.”

Ҷаҳон ДОИШ ва шохаҳои онро ҷиддӣ намегирад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Вазъи кунунии ДОИШ чӣ гуна аст?

Таҳлилгарон мегӯянд, мақсаду ҳадафҳои ДОИШ тағйир накардааст, аммо пас аз шикасту аз даст додани қаламравҳои зери назораташ дар соли 2019 созмони мазкур таҳаввули бунёдиро дар сохтор ва амалиёти худ аз сар гузаронд.

Дар солҳои охир ҳалқаву шохаҳои гуногуне аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар саросари ҷаҳон зуҳур кардаанд ва бахусус дар манотиқе, ки тавонии онҳо дар муқобила бо ифротгароӣ суст аст.

Колин Кларк, мудири сиёсатгузорӣ ва пажӯҳиш дар гурӯҳи машваратии "Суфон" дар Ню-Йорк, мегӯяд, ДОИШ акнун созмоне аст, ки шохаҳояш аз худи он қавитар ҳастанд. Вай ба Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, гуфт: "ДОИШ ба унвони як созмони ғайримарказӣ, ҳоло шояд чолишбарангезтар аз замоне бошад, ки як созмони давлатгуна буд."

ДОИШ ва шохаҳои он дар соли гузашта бо анҷоми ҳамлаҳои маргбор дар саросари ҷаҳон ҳузури худро ба таври возеҳ нишон додаанд. Ҷангҷӯёну маргталабони ин гурӯҳ дар моҳи январи соли 2024 дар ду ҳамла дар шаҳри Кирмони Эрон тақрибан 100 нафарро куштанд. Баъди ду моҳи он, чаҳор кас ба толори консертии "Крокус" дар канори Маскав ҳамла карданд ва бо тирандозиву кордкашӣ ва сӯхтор 145 нафарро куштанд.

Дар моҳи августи ҳамон сол, дар як ҳамлаи интиҳории ДОИШ дар шаҳри Могадишу, пойтахти Сомалӣ, дастикам 20 нафар кушта шуд. Чанд рӯз баъд, як узви ДОИШ дар ҷашнворае дар шаҳри Золингени Олмон чанд нафарро корд зад ва се тани онҳо ҷон доданд.

Доманаи фаъолияти гурӯҳ ҳатто то ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ кашида шудааст. Дар аввали моҳи январи имсол як ҳамлагари илҳомгирифта аз ДОИШ дар шаҳри Ню Орлеан мошини боркашро ба миёни мардуме равона кард, ки Соли Навро таҷлил мекарданд. Чаҳордаҳ нафар ҳам кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар захм бардоштанд. Шамсуддин Ҷаббор, ҳамлагар ва як сарбози собиқадори артиши Амрико ва зодаи Техасро маъмурони пулис куштанд.

Ба гуфтаи Адриан Штуни, коршиноси амниятӣ, ин ҳамлаҳо на танҳо ба "ҷаззоб будани шеваҳои бераҳмӣ ва вайронгарии мавриди писанди ДОИШ", балки ба сарсахтиву тобоварӣ, тағйирпазирӣ ва дасти дарози он дар тамоми ҷаҳон ишора доранд.

Бар асоси иттилои ҷамъовардаи муассисаи иттилооти "Драгонфлай" дар Лондон, ДОИШ ва шохаҳои он дар се соли гузашта ба таври миёна солона тақрибан 600 ҳамла анҷом додаанд. Агарчӣ ин рақам дар сесолаи пеш аз ин ки 770 ҳамла дар сол буд, камтар аст, аз назари маргборӣ ва талафот дар ҳамлаву бомбгузориҳо 40 дар сад зиёдтар будааст.

Дар "Драгонфлай" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ин ҳамлаҳо лозиман ба зуҳури ДОИШ ва шохаҳои он дар солҳои охир ишора намекунанд, балки метавонанд, баёнгари тобовариву сарсахтии он бошанд." Айни замон, ба гуфтаи "Драгонфлай", расонаҳои байнулмилалӣ нигарони қасди ДОИШ барои афзоиши ҳамлаҳои пурқурбонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳастанд.

Ифротгароёни ДОИШ дар куҷо фаъол ҳастанд ва чӣ гуна аъзо ҷалб мекунанд?

ДОИШ тавассути шохаҳои худ дар гӯшаҳое аз Африқо, Осиё ва Ховари Миёна ҳузури фаъол дорад. Яке аз шохаҳои фаъолтари он "Вилояти Хуросон" аст, ки амалиёти худро фаротар аз Афғонистон густариш дода, ифротиёнро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон ва Узбекистон ба сафи худ ҷалб мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Сомалӣ ба як маркази асосӣ барои густариши фаъолиятҳои ҷаҳонии ДОИШ дар Африқо табдил шудааст. Бо баҳрагирӣ аз ноамнӣ ва бебандуборӣ дар Сомалӣ, пойгоҳҳое эҷод карда ва шабакаҳоеро барои ҷазби ҷангҷӯёне аз Эфиопия, Судон ва Танзания бунёд гузоштааст.

ДОИШ ҳамчунин дар манотиқи Соҳил, ба вижа шохаи ДОИШ дар ғарби Африқо (ISWA), босуръат рушд карда ва яке аз гурӯҳҳои террористии ҳукмфармо дар ҳавзаи Кӯли Чад аст. Ҷазби нерӯ фақат дар маҳалҳо сурат намегирад, балки ба сурати онлайн ҳам дар ҷараён аст.

Ба гуфтаи Адриан Штуни, "дар фазои маҷозӣ, ДОИШ ҳамчунон бо баҳрагирӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои рамзгузоришуда идеологияи худро паҳн мекунад, мардумро ифротгаро месозад, пул ҷамъ меорад, сарбоз мегирад ва ҳамла тарҳрезӣ мекунад."

Вай ба ҳамлаҳои охир дар Аврупо ишора кард, ки бо илҳом гирифтан аз ДОИШ анҷом гирифтанд ва ба қавли Штуни, се раванди нигаронкунандаро нишон медиҳанд, яъне ифротгароӣ аз тариқи интернет зудтар сурат мегирад ва ба доми онҳо ҳарчӣ бештар ҷавонону навҷавонон меафтанд. Лукас Вебер, таҳлилгари аршади гуруҳи Tech Against Terrorism, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Фазои онлайн ниёз ба таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дорад, ба вижа акнун, ки амалиёти низомӣ нисбат ба даврони ҷанги ҷаҳонӣ бо террор коҳиш ёфтаанд."

ДОИШ чӣ гуна таъмини молӣ мешавад?

ДОИШ ба воситаи манобеи молии гуногун ва шеваҳои дар ҳоли таҳаввул, ҳамчунон пул ба даст меорад. Вазорати молияи Амрико соли гузашта гуфт, бо вуҷуди маҳви раҳбаронаш, ҳастаи асосии ДОИШ дар Ироқ ва Сурия аз 10 то 20 миллион доллар захира доштааст ва бо одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ ва дуздӣ пули изофӣ ба даст меовардааст.

Дар авҷи қудрати худ, даромади асосии ДОИШ аз фурӯши нафт дар минтақҳаои зери назораташ дар Ироқ ва Сурия буд. Аммо акнун ин гурӯҳ барои даромад ҳоло ба фаъолиятҳои ҷиноӣ ва истисмор дар маҳалҳо рӯ овардааст.

Дар Африқо масалан шохаи ДОИШ дар Сомалӣ аз ҳисоби истисмори тоҷирони маҳаллӣ ва дуздӣ аз шабакаҳои молӣ, миллионҳо доллар ба даст меорад.

Дар Осиё "Вилояти Хуросон" пас аз дастгиру кушта шудани миёнаравону сармоягузорони асосияш дар Ховари Миёна зарбаи сахте хӯрд. Вале баъдан бо рӯ овардан ба пулҳои рақамӣ дигарбора ҷон гирифт ва амалиётеро ба мисли ҳамла ба "Крокус" сармоягузорӣ кард.

Дар асри интернет, ки тамоми ҷаҳон ба ҳам васл аст, ДОИШ ба таври рӯзафзун аз пулҳои рақамӣ истифода мебарад, онҳоро ба ҳар тараф мефиристанд ва ё захира мекунад. Назорату пайдо кардани пулҳои рақамӣ осон нест ва аз ин рӯ манобеи молии ДОИШ ҳам пойдор мондаанд.

Вазъи талошҳои муқобила бо терроризм чӣ гуна аст?

Муқобила бо терроризми ҷаҳонӣ ниёз ба ҳамкории чандҷониба дорад, аз табодули иттилоот гирифта, то ҳамоҳангии стратегӣ ва тақвияти тавонмандиҳои амниятӣ дар минтақаҳои осебпазир дар баробари ифротгароӣ.

Кам кардани ингуна талошҳо ба гурӯҳҳои фурсатталабе монанди ДОИШ иҷоза медиҳад, рушд кунанд, онгуна, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ва тарки тадриҷии Фаронса аз манотиқи Соҳили Африқо рух дод. Дар минтақаи Соҳил тарки нерӯҳои Фаронса сабаби тағйир дар ҳампаймониҳои минтақаӣ шуд.

Ба гуфтаи Штуни, "ҳукуматҳои низомии нав дар Буркинафасо, Нигер ва Малӣ, ки пас аз табадуллотҳои охир ба қудрат расидаанд, барои пур кардани холигии муқобила бо терроризм, ба Русия рӯй овардаанд, ки ҳузури худро дар минтақа ба таври чашмгир афзоиш додааст."

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунон раҳбарии талошҳои ҷаҳонии муқобила бо терроризмро бо ҳузури ҳампаймонҳои минтақавиаш бар уҳда дорад. Ба унвони мисол, дар моҳи март, эътилоф ба раҳбарии Амрико ба нерӯҳои ироқӣ дар куштани Абдуллоҳ Муслиҳ ал-Рифоӣ, маъруф бо номи "Абу Хадиҷа" кумак кард. Ӯро "яке аз хатарноктарин террористҳои Ироқ ва ҷаҳон" ва раҳбари ДОИШ дар Ироқ ва Сурия медонистанд.

Бо ин ҳол, нигарониҳое рӯзафзун вуҷуд дорад, ки бо тағйири авлавиятҳо дар Амрико метавонад, муборизаи ҷаҳонӣ бо ифротгароӣ халалдор шавад. Адриан Штуни мегӯяд: "Ба назар мерасад, Амрико ба масоили дохилӣ тамаркуз кардааст ва дар ҳоли бознигарии нақши ҷаҳонии худ аст."

Генерал Майкл Курилла, фармондеҳи Ситоди марказии артиши Амрико, гуфтааст, ки ҳазорон ҷангҷӯи ДОИШ, ки дар урдугоҳҳои Сурия дар боздоштгоҳҳои таҳти назорати Нерӯҳои Демократии Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, "як артиши воқеӣ ва рамзии ДОИШ дар боздошт" ҳастанд ва ҳушдор дод, ки агар теъдоди зиёде аз онҳо фирор кунанд, "хатаре бузург барои минтақа ва фаротар аз он" пайдо мешавад.

Майкл Курилла моҳи январ дар ҷараёни боздид аз Сурия ва як моҳ пас аз суқути ҳукумати Башор Асад гуфт: "Артиши Амрико ҳамчунон ба аҳди худ ба маъмурият, мардум, субот дар минтақа ва фаротар аз он ва нобудии доимии ДОИШ содиқ аст."

Девора Марголин, пажӯҳишгари аршади Муассисаи Таҳқиқоти Сиёсати Ховари Миёна дар Вашингтон, ба Радиои Фардо гуфт, ки ДОИШ дар Сурия "дар ҳоли бозии сабру интизор" аст. Вай гуфт: "ДОИШ умедвор аст, ки аз номаълумӣ дар Сурия барои пешбурди барномаи худ баҳрабардорӣ кунад."

Кларк аз гурӯҳи "Суфан" низ гуфт, ки набудани ҳузури Амрико дар Афғонистон пас аз хуруҷ дар соли 2021 "холигии иттилоотии бузурге" дар мубориза бо ДОИШ ба вуҷуд овардааст. Вай афзуд: "Амрико ночор аст ба аломатҳо такя кунад, чун аз назари иттилоот аз худи инсонҳо дар Афғонистон бисёр маҳдуд шудааст."

Колин Кларк гуфт, “ДОИШ имрӯз созмоне бисёр дигаргуна аз ҳафт сол пеш аст, ки ҳанӯз хилофат дошт” ва афзуд ин гурӯҳ “бештар ба амалиёти хориҷӣ ва ҳамлаҳое пойбанд аст, ки таваҷҷӯҳ ба худро кам накунад.”

Таҳлилгари амрикоӣ афзуд, “онҳо дониста стратегияи худро дигар кардаанд, то бо ҳамлаҳои пурсару садо дар Ғарб тамаркуз кунанд. Онҳо сахту пайваста фаъолият мекунанд ва азм доранд, ки дар Аврупо ё Амрико ҳамлаи ваҳшатангезе анҷом диҳанд.”

XS
SM
MD
LG