Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният таҳдиди ҳалқаи Хуросони ДОИШ-ро баррасӣ кард


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шаби 10-уми феврал терроризм ва бахусус таҳдиди гурӯҳи ДОИШ ба сулҳ ва амнияти ҷаҳониро баррасӣ кард. Баҳсҳо бештар рӯи фаъолияти шохаи Хуросони гурӯҳи Давлати Исломии ДОИШ мутамарказ буд, ки таҳдиде барои минтақа ва ҷаҳон унвон шуд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тавоноии шохаи Вилояти Хуросони гурӯҳи террористии ДОИШ дар Афғонистон ва минтақа изҳори нигаронӣ кард.
Дороти Шиа, муовини намояндаи Амрико дар Созмони Милал рӯзи душанбе дар нишасти Шӯрои Амният, ки барои баррасии фаъолияти гурӯҳи ба ном Давлати Исломӣ доир шуд, бо изҳори нигаронӣ аз тавоноии ин гурӯҳ барои ҷалби афрод дар Афғонистон ва Покистон гуфт:

"Гурӯҳҳои вобаста ба Давлати исломӣ дар Осиёи Миёна, бахусус шохаи Хуросон низ як таҳдиди ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд. Мо ҳамчунон аз тавоноиҳои шохаи Хуросони ДОИШ барои тарроҳӣ, иҷрои ҳамлаҳо ва ҳамчунин талошҳои ҷалб ва ҷазби афрод, бахусус дар Афғонистон ва Покистон, нигарон ҳастем."

Владимир Воронков, раиси дафтари Созмони Милали Муттаҳид барои мубориза алайҳи терроризм шохаи Хуросонро як таҳдиди ҷиддӣ барои Афғонистону ҷаҳон номид. Ӯ зимни суханронӣ дар бораи фаъолиятҳои террористӣ, ки сулҳ ва амнияти ҷаҳониро таҳдид мекунад, гуфт, гузоришҳое аз сафари террористони хориҷӣ ба Афғонистон вуҷуд дорад.


Воронков афзуд, шохаи Хуросони ДОИШ на танҳо дар Афғонистон ҳамлаҳо анҷом додааст, балки бархе ҳамлаҳои тарафдорони худро дар Аврупо низ тарроҳӣ кардааст. Ӯ гуфт, ДОИШ ҳанӯз ҳам аз кишварҳои Осиёи Миёна сарбозгирӣ мекунад. Влалимир Воронков афзуд, бо ин ки Созмони Милали Муттаҳид ва муттаҳидони минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти ДОИШ талош мекунанд, вале ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Иззатулло Пижон, коршиноси умури сиёсӣ, мегӯяд, таҷрибаҳо нишон медиҳад, дар ҳар кишваре, ки ҳукумат намояндаи мардум набошад, имконияти фаъолияти гурӯҳҳои даҳшатафкан дар он бештар аст: "Бинобар ин, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамчунин Созмони Милали Муттаҳид мехоҳанд, ки ин мушкилро аз асос решакан кунанд, бояд аз ҳимояти Толибон даст бардоранд ва дар Афғонистон бар сари як ҳукумати қонунманд ва муттакӣ ба иродаи мардум фикр кунанд."

Бо баргаштани Толибон ба қудрат дар Афғонистон, бо ин ки ҷанг ва хушунат коҳиш ёфта, вале гурӯҳи ДОИШ боз ҳам ҳамлаҳои маргбор анҷом додааст.
Раиси Дафтари СММ барои мубориза алайҳи терроризм дар бораи фаъолиятҳои гурӯҳи ДОИШ дар Ховари Миёна ва Африқо гуфт, ки баъд аз суқути режими Башор Асад дар Сурия, заминаи рушди ДОИШ дар ин кишвар муҳайё шудааст.

Владимир Воронков афзуд, ки ҳазорон тан аз афроди ДОИШ ва аъзои хонаводаҳои онҳо дар урдугоҳҳо дар шимолу шарқи Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Оқои Воронков гуфт, ки беш аз 700 ироқӣ, садҳо нафар суриягӣ ва 8600 тан аз шаҳрвандони кишварҳои дигар дар ин урдугоҳҳо ба сар мебаранд.

Мунир Акрам, намояндаи Покистон дар нишасти Шӯрои амният гуфт, ки гурӯҳи ДОИШ дар Афғонистон ва Покистон пайваста сарбозгирӣ мекунад. Ӯ афзуд, ки шабакаи Ал-Қоида дар Ховари Миёна заиф шуда, вале дар Афғонистон дубора зуҳур кардааст.

Ҳукумати Толибон борҳо иддао кардааст, ки ДОИШ барои ҳамлаҳо дар Афғонистон аз марказҳои худ дар Покистон истифода мекунад. Толибон чанде пеш аз боздошти бархе аз аъзои ДОИШ хабар дода, гуфтанд, ки ин афрод аз Покистон вориди хоки Афғонистон шуда буданд. Исломобод чунин иддаоҳои Толибонро дар гузашта рад кардааст.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам рӯзи 11-уми феврал гуфт, кишвар аз фаъолтар шудани гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар Афғонистон ва аз Ховари Миёна ба инҷо омадани таблиғгарони онҳо фавқуллода нигарон аст.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дарозтарин сарҳад бо Афғонистонро дорад, ки 1344 километрро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон ҳам гуфтаанд, ки дар наздикии марз гурӯҳҳои ифротӣ аз ҷумла ҳалқаи Хуросони ДОИШ ҳузур доранд, ки дар байни онҳо ифротгароёни тоҷик ҳам ҳастанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG