Амина Қаҳҳорова ду соли ахир аз саратон ранҷ мекашад. Мегӯяд, аз вуҷуди беморӣ дертар огоҳ шуд: “Дер фаҳмидам. Ҳеч дард надоштам, ба одам маълум набудааст. Ишкамам калон буд, фикр кардам, ки ман фарбеҳ, вале баъд фаҳмидам, ки ин будааст.”
Баъд аз як соли кимиёдармонии пайдарпай, ду ҷарроҳӣ ва муборизаи тӯлонӣ хатари бемории ӯ камтар шудааст. Вақте фаҳмид, ки бо гирифтани ваксина мешавад аз бемории саратони гарданаи бачадон пешгирӣ кард, бо ҳасрат гуфт, кош дар вақташ чунин имконият мебуд.
Амина Қаҳҳорова: “Дар давраи мо мешуд, мегирифтем. Ин хел саргардон намешудем. Акнун, ки ин ҷавонҳо шанс доранд, бигиранд.”
Пизишкони тоҷик мегӯянд, ҳоло чунин имконият барои наврасону духтарони ҷавон пеш омад. Сар аз 1-уми октябр барои аввалин бор дар кишвар маъракаи ваксинзани зидди навъҳои хатарноки вируси папилома ё HPV оғоз мешавад. Вирусе, ки ба гуфтаи табибон дар 80 сади ҳолатҳо ба саратони гарданаи бачадон табдил меёбад ва сабаби марги садҳо зан шудааст.
Барои кам кардани хатари гирифторӣ ваксинаи чаҳорвалентии Gardasil овардаанд. Масъулини Маркази ҷумҳуриявии имуннопрофилактикӣ мегӯянд, барои ваксинзании 520 ҳазор духтари аз 10 то 14-сола кофист. Интихоби ин син ҳам бесабаб набудааст.
Турашоҳ Саймуддинов, муовини раҳбари Маркази ҷумҳуриявии имуннопрофилактикӣ: “Агар дар ҷаҳон мисол биёрем, имрӯз дар 148 кишвари ҷаҳон ин ваксина истифода мешавад, синну соле, ки имрӯз дар ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шудааст ё аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тавсия додааст, ки аз 9 то 14-сола бошад, чун дар ин синну сол ваксина натиҷаи хуб медиҳад, яъне сатҳи масунияти шахсро барои пешгирӣ аз саратони гарданаи бачадон то 97 дар сад мешавад.”
Қарор аст, духтарон дар нуқтаҳои махсус дар мактабҳои миёна ва ройгон эм карда шаванд. Ҳоло корҳои омодагӣ идома дорад ва табибон ба зарурати ширкат дар ин маърака таъкид мекунанд. Саратоншиноси тоҷик, Саида Умарзода мегӯяд, ин ваксина метавонад инсонро аз гирифторӣ ба чанд омоси дигар ҳам ҳифз кунад.
Саида Умарзода, профессори кафедраи онкологии Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон ва намояндаи Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ: “Илман асоснок шудааст, ки вақте мо бар зидди вируси папиломаи одам эм мекунем, ин раҳоӣ аз бемории на фақат саратони гарданаи бачадон аст, балки пешгирӣ аз саратони ковокии даҳон, узвҳои анагенеталӣ ва инчунин узвҳои таносулӣ мардона низ ҳаст. Бинобарин дар оянда мо дар нақша мегирем, ки ҷавонписарон ҳам ба ин эм фаро гирифта шаванд.”
Ба иттилои расмӣ, ҳар сол дар Тоҷикистон то 400 мавриди нави гирифтории занон ба саратони гарданаи бачадон ё узви таносули занона ошкор мешавад. Солона тақрибан 170 нафар аз ин беморӣ мефавтанд. Гирифторӣ махсусан миёни ҷавонон буда, нигаронкунанда ин будааст, ки беморӣ нишонае надорад ва метавонад солҳо аз худ дарак надиҳаду дер муайян шавад.
Саида Умарзода, профессор: “Ташвишовараш он аст, ки дар марҳилаҳои аввали беморӣ ягон нишона нест, вуҷуд надорад. Барои ҳамин зан муроҷиат намекунад. Ягон захм ҳам нест? Захмҳо баъди таваллуд дар занҳои мо мешаванд. Лекин захми гарданаи бачадон маънои онро надорад, ки дар ин захм саратон ҳаст. Фақат зан барои муоина бояд фаро гирифта шавад. Ақаллан соле як маротиба аз муоинаи гинекологӣ гузаранд.”
Барои пешгирӣ аз ин ҳама ба гуфтаи Саида Умарзода, ҳоло бархе аз занон бо пардохти пул дар муассисаҳои тиббии шахсӣ ваксина мегиранд ва хатари бемориро дар ҷисми худ кам мекунанд. Аммо бо ин ҳама онҳое ҳам ҳастанд, ки ба ваксина эътимод надоранд.
Таҳмина, сокини Душанбе: “Медонед, замоне ки барои бемории ҳамагир, яъне Ковид ҳама эм мекарданд, ман ин корро накардам. Зеро бовар надоштам, ки ваксина барои пешгирӣ аз Ковид кӯмак карда тавонад. Барои ҳамин ҳам, ман барои эмкунӣ бовар надорам. Ин ақидаи ман аст.”
Вале онҳое, ки дардро дар ҷисму ҷони худ эҳсос кардаву моҳу солҳо бо он мубориза мебаранд, мегӯянд, сокинон бояд духтарони худро аз ин шонс барои ояндаи солим маҳрум накунанд ва онҳоро аз бемории саратон ҳифз намоянд.
Шокира Олимова, гирифтори саратон: “Агар одамро ақлаш бошад, гирад. Дар вақташ дар давраи мо мебуд, мегирифтем, саргардон намешудем. Ҳоло, ки ҷавонҳо имкон доранд, бигиранд. Чизи безарар аст ин. “