Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, ин “як рӯзи бузург аст”

навшуда

Ҳавопаймои президенти ИМА Доналд Трамп субҳи имрӯз дар фурудгоҳи Бен Гуриони Тел-Авив фуруд омад
Ҳавопаймои президенти ИМА Доналд Трамп субҳи имрӯз дар фурудгоҳи Бен Гуриони Тел-Авив фуруд омад

Дар як иқдоми муҳиме дар ду соли ахир ниҳоят имрӯз, 13 октябр гурӯҳи ҲАМОС ҳамаи 20 асири зиндамондаро ба Исроил супурд ва президенти ИМА Доналд Трамп, ки дар миёнҷигии миёни ду ҷониб мусоидат кардааст, ин ҳодисаро “як рӯзи бузург” номид.

Гурӯҳи ҲАМОС, ки дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эътироф шудааст.

Низомиёни исроилӣ гуфтанд, баъди гурӯҳи аввали ҳафтнафарии субҳи имрӯз, 13 гаравгони боқимондаро ҳам қабул карданд ва ин ҳодиса бо истиқболи гарми мардуми ҷамъшуда дар “Майдони гаравонгҳо”-и Тел-Авив рӯбарӯ шуд.

Трамп, ки бояд аз минбари Кнессет ё парлумони Исроил суханронӣ кунад, гуфт, “Ин як рӯзи бузург аст. Ин оғози нав аст”. Трамп субҳи имрӯз вориди Тел-Авив шуд ва қарор аст баъди ин ба Миср барои ширкат дар ҳамоиши сулҳ дар Ғазза биравад. Ба саволи ин ки оё ҷанги дусола дар Ғазза ба назари ӯ ба охир расидааст, Трамп гуфт: “Бале”.

Баробар бо ин, дар доираи тавофуқи дуҷониба, автобусҳое бо фаластиниҳои зиндонии озодшуда аз маҳбасҳои Исроил ҳам ба самти Ғазза ҳаракат мекунанд ва наворҳои онро телевизиони Исроил ба намоиш гузошт.

Вики Коҳен, модари яке аз асирони озодшуда, ки ба қароргоҳи низомии исроилии Рейм барои пешвози писараш Нимруд Коҳен рафтааст, гуфт, “ман чунон шоду хурсанд ҳастам, ки тасаввур кардани ин лаҳза бароям бисёр мушкил аст. Тамоми шаб нахобидам”, гуфт модари гаравгоне, ки ду сол дар асорат буд.

Субҳи рӯзи душанбе гурӯҳи ҲАМОС ба раҳоии гаравгонҳои боқимондаи исроилӣ оғоз кард.

Артиши Исроил бо такя ба ҳарфи созмони Салиби Сурх дар Ғазза, ки масъулияти аз дасти ҲАМОС гирифтани гаравгонҳоро бар дӯш дорад, хабар дод, ки ҳафт нафар аз асорат раҳо шудаанд.

ҲАМОС инчунин бояд ҷасади 28 гаравгони пештар ҳалокшударо низ ба Исроил супорад.

Исроил дар посух бояд 1700 зиндонии фаластиниро раҳо кунад, ки дар миёнашон беш аз 200 нафар ҳукми абад доштанд.

Пештар Исроил эълон карда буд, ки зиндониёни фаластиние, ки бояд дар ивази гаравгонон озод шаванд, танҳо пас аз он ки ҳамаи гаравгонон ба Исроил баргарданд, озод карда мешаванд.

Субҳи рӯзи 13-уми сентябр Доналд Трамп, президенти ИМА, вориди Исроил шуд.

Тарҳи пешниҳодии ӯ, ки Исроил ва ҲАМОС пазируфтанд, ба ҷанги дусола дар Ғазза хотима гузошт. Интизор меравад, ки ӯ дар Кнессет - порлумони Исроил суханронӣ карда, бо хонаводаҳои гаравгонон низ мулоқот кунад.

Баъдан ӯ ба Шарм-уш-Шайхи Миср сафар карда, дар нишасти сарони кишварҳои арабӣ, ки онҷо аз сулҳи Ғазза суҳбат мешавад, ширкат хоҳад кард.

Созишномаи оташбас дар Ғазза, ки Трамп пешниҳод карда буд, ҳафтаи гузашта дар Миср, дар музокироти ғайримустақим байни Исроил ва ҲАМОС бо миёнаравии Қатар, Миср ва ИМА ниҳоӣ шуд ва ҳоло марҳилаи аввали он иҷро мешавад.

Ғазза, 12 октябр
Ғазза, 12 октябр

Ҷанг дар Ғазза 7-уми октябри соли 2023 пас аз он оғоз шуд, ки ҲАМОС ба хоки Исроил ҳамла карда, 1200 исроилиро кушт ва беш аз 250 нафарро гаравгон гирифт. Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 67 ҳазор нафар кушта шуд, ки ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аксарашон занону кӯдакон ҳастанд.

Созмонҳои байналмилалӣ ва бархе кишварҳо Исроилро ба "наслкушӣ дар Ғазза" айбдор карданд. Мақомоти исроилӣ ҳамеша таъкид кардаанд, ки барои дифоъ аз мардумашон ва бесилоҳ кардани ҲАМОС ба Ғазза ҳамла карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG