Иёлоти Муттаҳида ба зидди шуморе аз одамон ва ширкатҳо бо иттиҳоми мусоидат ба фурӯши миллионҳо бушка нафти Эрон ба Чин таҳрим ҷорӣ кард. Маъмурияти президенти Амрико Доналд Трамп мехоҳад, ки содироти нафти хоми Эронро ба сифр расонад.
Даври нави таҳримҳо зарбаи огоҳкунандае ба Пекин ва Теҳрон аст. Бе он ки музокироти ғайрирасмӣ барои баррасии имкони созиш бо ҳукумати Эрон дар мавриди маҳдуд кардани барномаи ҳастаии ин кишвар боздошта шавад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ин таҳримҳо метавонанд таъсиргузор бошанд, вале наметавонанд содироти нафти Эронро ба ҳеч баробар кунанд. Барои иҷро шудани ин ҳадаф, ба гуфтаи онҳо, чораҳои сахттаре зарур аст, ба мисли таҳрими ниҳодҳои чинӣ, аз ҷумла бонкҳое, ки пули нафтро пардохт мекунанд, вале чунин иқдом метавонад ба шиддат гирифтани таниш миёни ду қудрати иқтисодии ҷаҳон сабаб гардад.
Том Китинг, мудири Маркази тадқиқоти ҷиноятҳои молӣ ва амниятӣ дар Лондон, мегӯяд, "ин иқдоми эҳтиёткорона аст, аммо на ба ин далел, ки Трамп заруратан қасд дорад бо эҳтиёт амал кунад. Балки ин роҳе барои ирсоли паёми ҳушдоромез ба ҳамаи касонест, ки дар кашондани нафти Эрон ҳамдастанд."
Чаро Трамп Эронро нишон гирифтааст?
Иқтисоди Эрон аз фурӯши нафт сахт вобаста аст. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 6-уми феврал гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ ин даромадҳоро барои таъмини молии "гурӯҳҳои террористӣ ва нерӯҳои ниёбатӣ" дар минтақа истифода мекунад, ки бо Исроил ва Иёлоти Муттаҳида дар мухолифат ҳастанд.
Таҳримҳои нави Амрико зиёда аз 12 шахсу ширкатро дар Чин, Ҳиндустон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нишон гирифтаанд. Нодир Итайим, коршиноси энержии Ховари Миёна, мегӯяд, "ин таҳрим ва таҳримҳое, ки эҳтимол аз пасаш хоҳанд омад, қатъан таъсиргузор хоҳанд буд. Суоли аслӣ ин аст, ки ин таъсир то чӣ ҳад аст? Ва ин дар ниҳоят бастагӣ дорад ба ин ки қасди давлати Трамп барои муқобила бо тиҷорати нафти Эрон то чӣ ҳад ҷиддист."
Созиши ҳастаии соли 2015 бо Эрон, таҳримҳои Амрикоро лағв кард ва ба Теҳрон иҷоза дод, ки нафташро бифурӯшад. Аммо Трамп дар соли 2018 Амрикоро аз ин созиш баровард ва таҳримҳое ҷорӣ кард, ки содироти нафти Эронро то ҳудуди чорсад ҳазор бушка дар рӯз коҳиш дод.
Эрон дертар бо дур задани таҳримҳо, афзоиши тақозои Чин ва коҳиши назорати Амрико дар даврони президентии Ҷо Байден фурӯши нафти худро бештар кард.
Ҳоло Доналд Трамп даъво дорад, ки Эрон "беш аз ҳад ба сохти бомби ҳастаӣ наздик шудааст". Теҳрон ҳамвора таъкид мекунад, ки барномаи ҳастаияш сулҳомез аст. "Яке аз ҳадафҳои Трамп ин аст, ки Эронро ба варшикастагӣ ё муфлисӣ бикашонад," – гуфт Том Китинг.
Киштиҳои "махфӣ"
Эрон барои дур задани таҳримҳо ва интиқоли пинҳонии нафти худ ба Чин ва кишварҳои дигар аз киштиҳои "махфӣ" истифода мекунад.
Ин стратегия ё дурнамо шомили интиқоли киштӣ ба киштӣ, анҷоми муомилоти молии пинҳонӣ ва тағйири бренд ё тамғаи нафт мебошанд. Ин равишҳо ба ҳукумати Эрон ин имконро додаанд, ки бо вуҷуди таҳримҳо, ҳамчунон нафт содир кунад ва даромад дошта бошад.
Тибқи маълумоти "Иттиҳод алайҳи Эрони ҳастаӣ", як гурӯҳи ғайридавлатии мухолифи барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ, Эрон дар соли 2024 ҳудуди 587 миллион бушка нафт содир кардааст. Беш аз 90 дарсадаш ба Чин.
Бар асоси маълумоти ширкати таҳқиқотии "Кплер", Чин аз соли 2022 ба таври расмӣ хариди нафтро аз Эрон боздоштааст, то аз таҳримҳои Амрико эмин монад. Бо ин ҳол, миллиардҳо доллар нафти таҳримшудаи Эрон ҳамчунон тариқи киштиҳои "махфӣ" ба Чин расидааст.
Қадами баъдии Трамп чист?
Мақомоти Амрико дар талош ҳастанд, ки бо фишор ба Чин ва кишварҳои дигар пеши содироти нафти Эронро бигиранд. Даври навтарини таҳримҳо нафткашҳо ва ширкатҳои ҳамлу нақли марбут бо содироти нафти Эронро ҳадаф қарор додааст.
Том Китинг, мудири Маркази тадқиқоти ҷиноятҳои молӣ ва амниятӣ дар Лондон, мегӯяд, "ин таҳримҳо баёнгари тавсеаи равише аст, ки Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш дар солҳои охир алайҳи киштиҳои ҳомили нафти Русия ба кор бурдаанд."
Ӯ бовар дорад, чораҳои таҳримӣ метавонад фаротар аз киштиҳои ҳамли нафт густариш ёбанд. Ба монанди ширкатҳое, ки бима ё суғуртаи ин киштиҳоро таъмин мекунанд; оҷонсиҳое, ки коргарони киштиҳоро ҷалб мекунанд; бандарҳое, ки ин киштиҳоро мепазиранд; фишори дипломатӣ бар кишварҳое, ки ин нафткашҳоро сабт кардаанд.
Нодир Итайим бовар дорад, ки чунин иқдомоте мумкин аст харидорони чиниро битарсонад, аммо таъсири маҳдуде бар коҳиши содироти нафти Эрон хоҳад дошт.
Ӯ мегӯяд, барои коҳиши бештари содироти нафти Эрон фишори бештаре бар бандарҳо, харидорон ва ниҳодҳои чинӣ, аз ҷумла бонкҳои ин кишвар зарур хоҳад буд. Аммо чунин иқдом метавонад муносибати Вашингтону Пекинро муташанниҷ кунад, ки ахиран бо эълони таърифа ё боҷ бар маҳсулоти воридии якдигар аз 4-уми феврал дучори мушкил шудааст.
Китинг мегӯяд, коҳиши содироти нафти Эрон метавонад мавзӯи бахше аз музокироти густурдатар миёни Трамп ва раисҷумҳури Чин, Си Ҷинпин, бошад. Ӯ изофа кард, ки "Чин бузургтарин душворие дар роҳи маҳдуд кардани нафти Эрон аст. Аммо оё Трамп воқеан хоҳони як ҷанги таҳримӣ бо Ҷинпин аст?"