Ҳукумат бештар шудани худравҳои барқиро татбиқи барномаи “иқтисоди сабз” меномад. Аммо чизе, ки дар ин авохир боиси нигаронӣ шудааст, бехатарии мошинҳои барқӣ аст, ки сохти Чин буда, дар қиёс бо чунин навъи мошинҳо дар кишварҳои пешрафта, бо нархи поинтар вориди бозор мешаванд.
Коршинос: Мушкил дар мошинҳои барқӣ нест
Рӯзи 20-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори оташ гирифтани электромобили сохти Чин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нашр шуд. Мақомот гуфтанд, ки электромобил ба як мошини борбар бархурда, оташ гирифтааст ва панҷ узви як хонавода дар он ҳалок шудаанд. Ин ҳодиса баҳси то куҷо бехатар будани электромобилҳои сохти Чин дар Тоҷикистонро дубора доғ кард.
Равшан Саъдуллоев, аз ҷумлаи аввалин нафаронест, ки шеваи таъмири мошинҳои барқиро дар берун аз кишвар омӯхтааст. Дар саҳфаи Инстаграмаш дар бораи шеваи дурусти истифодаи мошинҳои барқӣ суҳбату мекунаду машварат медиҳад. Асли ҳарфаш ин аст, ки мушкил дар мошинҳои барқӣ нест, балки фарқи он аз дигар мошинҳост, ки бисёре аз ронандагон онро ҳанӯз намедонанд.
“Вақте, мошинро мехарӣ аввал бояд 5 ҳазор километр гардӣ ва равғанро иваз кунӣ. Баъди он ҳамеша 10 ҳазор километр пас иваз бояд кард. Аксари мардум 20 ҳазор--25ҳазор мегарданд, чӣ хеле мефорад, дар дилхоҳ ҷой заряд мемонанд. Ин дастгоҳҳо бисёр роли калон мебозанд. Яке аз сабабҳои сӯхтани мошин ин нодуруст истифода бурдани батареяҳои он аст. Асосан сӯхтор аз ҳисоби намӣ мешавад. Ҷойи батарей агар нам гирад, зуд оташ мегирад,”--гуфт Равшан Саъдуллоев, муттахасиси техникӣ.
Видеоро инҷо бинед:
Шеваи истифодаи мошинҳои барқӣ чӣ гуна аст?
Мошинҳои барқӣ бо суръат дар Тоҷикистон ҷойи дигар навъи нақлиётро танг мекунанд. Каммасраф будани он сабаб шуда, ки аксаран онро аз меъёр бештар истифода мебаранд.
“Беҳад бисёри бад мегарданд. 200 километр зиёд мегарданд. Фишор мешавад, батарей гарм мешавад. Батарейҳо системаи хунуккунӣ доранд, бояд 3 ё 4 моҳ баъд тафтиш карда шавад. Вақте батарей гарм шуд, имкон дорад дар гирад. Вазифаи ҳамаи мо, агар хоҳем аз ин ҳодисаҳо пешгирӣ кунем, бояд маҳз ҳамин мошинҳои барқиро 3 ё 4 моҳ пас системаи хунуккунии батарейҳоро тафтиш кунем. Вай метавонад гарм шавад, мотор аз кор монад,”—гуфт Равшан Саъдуллоев.
Ин муттахасис мегӯяд, 80 дар сади бехатарии мошинҳои барқӣ аз батареяи он вобастааст. Бархе аз ронандагон аз воридоти мошинҳои барқӣ бо сифати паст шикоят мекунанд ва сабаби ҳодисаҳои нохушро ҳам ба он рабт медиҳанд.
Тарси аз даст додани фоида
Аммо ба андешаи Сафар, ронандае, ки беш аз 5 сол боз бо мошини барқӣ таксиронӣ мекунад, як омили риоя нашудани қоидаи бехатарӣ аз сӯйи таксиронҳо ба вазъи молӣ ва талаботи сахти ширкатҳо вобастааст.
“Сабаб сатҳи молиявӣ аст. Вай бояд ҳар рӯз 100 сомон ба ширкат супорад ва баъд аз ин боз пули аренда супорад 200 – 250 сомонӣ. Аз банк қарз дошта бошад, боз он ҷо бояд диҳад. Ва боз харҷи зиндагиву оила аст. Таксиронҳо бошитоб кор мекунанд, ки кор зиёдтар кунаму як сомон бештар. Мушкили асосӣ, фикр мекунам ҳамин аст,” – афзуд, Сафар.
Як фарқи мошинҳои барқӣ аз нақлиёти дигар якбора боло рафтани суръати ҳаракаташ аст, ки зимни идорааш ба он бояд диққати ҷиддӣ дод. Сарбории зиёд ба мошин ё баланд кардани суръат идораи мошини барқиро мушкил ва сабаби сар задани сӯхтор мешудааст. Муттахассис Фирӯз Ҷобиров, аз як нуқтаи муҳими дигар ёдрас шуд. Ӯ гуфт: “Ҳозир автомобилҳои барқӣ дар Тоҷикистон чизи нав буда, мардум бояд аз тартиби дурусти ин мошинҳо бархурдор бошанд. Аз ҷумла, риояи меъёрҳои заряддиҳӣ. Набояд мо автомобилҳои барқиро аз 90 фоиз зиёдтар заряд диҳем ва на кам аз даҳ фоиз.”
Хулосаи коршинос: Мошинҳои барқӣ дар шароити Тоҷикистон мувофиқ ҳастанд
Фирӯз, дар кафедраи истифодабарии нақлиёти автомобилии Донишгоҳи техникӣ ба номи Осимӣ дарс мегӯяд. Ба бовари ӯ сару садоҳо оид ба таъсири бади мошинҳои барқӣ ба саломатии одамон асоси илмӣ надорад. Мегӯяд, дар маҷмӯъ истифодаи нақлиёти барқӣ дар шароити Тоҷикистон мувофиқ ва қулай аст.
“Якумдараҷа автомобилҳои барқӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ каммасраф, аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Паҳлӯи асоси он аст, ки вобастагии Тоҷикистонро аз воридшавии маводи сӯхт аз дигар давлатҳо кам месозад. Автомобилҳои барқӣ на он қадар хатарноканд, ба шароити Тоҷикистон мувофиқ ҳастанд. Ин мошинҳо дар иқлими сард мувофиқ нест. Дар он ҷо заряди автомобилҳои барқӣ зуд паст мешавад, чун дар он аз печка истифода мебаранд. Танҳо аз ронандаҳо хоҳиш карда мешавад, ки реҷаи суръат ва заряддиҳиро риоя кунанд,” – гуфт Фирӯз Ҷобиров, номзади илмҳои техникӣ
Имсол барои аввалин бор дар ин Донишгоҳи техникии ба номи Осимӣ Ихтисоси махсуси нақлиёти барқӣ роҳандозӣ шудааст. Талабгорони таҳсил дар он зиёд будаанд. Омӯзгорони ин ихтисос дар кишварҳои дигар дарс гирифта, ба донишҷӯён тарзи сохти мошинҳои барқӣ, хизматрасонӣ ва нигоҳубини техникии онро меомӯзанд. Масъулин бовар доранд, бо омода кардани муттахасисони соҳа, оянда огоҳӣ ва истифода аз нақлиёти барқӣ беҳтару бехатар хоҳад шуд.
Бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон, то соли 2028 бояд то 30 дарсади мошинҳо дар кишвар барқӣ ё электромобил бошанд. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо давоми се моҳи аввали имсол ба кишвар беш аз 6000 нақлиёти барқӣ ворид шудааст.
Гуфтугӯ