Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хостанд, рақобат накунем." Боҷи Узбекистону Афғонистон ба ду маҳсулоти Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Соҳибкорон дигар моил набудаанд, ки аз Тоҷикистон ба Узбекистон ва Афғонистон сементу ангишт баранд. Мақомот мегӯянд, Узбекистон аз семент ва Афғонистон аз ангишт боҷи калони гумрукӣ меситонанд.

“Дар Узбекистон қариб ҳашт корхонаи сементбарорӣ ҳаст. Саҳмдори як-ду корхонааш аз Тоҷикистон. Нархи сементи мо поинтар аст. Онҳо барои воридоти ҳар тонна семент сесад доллар боҷ гузоштанд, то қимати он биафзояд ва мо рақобат карда натавонем,” – гуфт раиси Оҷонси содироти Тоҷикистон.

Изҳороти Баҳриддин Сироҷиддинзода дар рӯзи 7-уми феврал дар нишасти матбуотӣ садо дод. Мавқеи расмии ду кишвари ҳамсоя феълан дастрас нест.

Мақомоти гумруки Узбекистон аз 5-уми ноябри соли 2024 барои воридоти ҳар тонна семент аз Тоҷикистон 300 доллар талаб мекунанд. Пештар чунин пардохт ҳамагӣ 35 доллар буд.

Афғонистони зери назорати “Толибон” аз харидорони асосии сементи Тоҷикистон будааст, вале бо воридоти ангишт мушкил дорад.

“Ду соли охир аз тарафи Афғонистон хокпулӣ ё пардохти гумрукӣ, ки 4-5 доллар буд, ба 40-50 доллар бардошта шуд барои як тонна ангишт. Барои он таърифаҳоро бардоштанд, ки мо рақобатпазир набошем,” – гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.

Фозилҷон Фатҳуллоев
Фозилҷон Фатҳуллоев

Ба назари иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев, чунин вазъ барои корхонаҳои Тоҷикистон пайомади хуб надорад. Ӯ рӯзи 7-уми феврал гуфт, “на фақат ба ширкатҳо зарар мерасонад, умуман ба иқтисоди Тоҷикистон зарар мерасонанд. Қувваҳое, ки дар тавлиди маҳсулот сарф мешаванд, нолозим мешаванд.”

Дар чанде аз корхонаҳои сементи Тоҷикистон барои шарҳи мавзуъ номаи расмӣ талаб карданд. Як корманди "Ҳуаксин Ғаюр Семент" гуфт, афзоиши боҷ аз сӯйи Узбекистон ва худдорӣ аз содирот ба ин кишвар ба вазъи корхона таъсиргузор аст.

Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 4 миллион тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соле қабл аз он зиёда аз сад ҳазор тонна камтар. Содироти ин маҳсулот дар соли гузашта ба Узбекистон бештар аз 260 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Ба иттилои расмӣ, соли сипаришуда истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон бештар аз 2 миллиону 500 ҳазор тонна ва содироташ 186 ҳазор тонна будааст.

Нархи сементу ангишти Тоҷикистон, ки акнун роҳ ёфтанашон ба бозорҳои ду кишвари ҳамсоя мушкил шудааст, маълум нест, то куҷо дар дохили кишвар арзон хоҳанд шуд. Айни ҳол як кило ангишт то 1,5 сомонӣ ва халтаи семент 55 сомонӣ арзиш доранд.

XS
SM
MD
LG