Раиси Бунгоҳи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро муассисае номид, ки фасоди молӣ дар он ба авҷ расидааст. Ба иттилои Сафар Салимзода, 49 мавриди ҷиноятҳои коррупсиониро дар Донишгоҳ ошкор карданд.
"Нисбат ба панҷ корманди донишгоҳи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Баъд аз анҷоми тафтиш барои баррасӣ ба Суд ирсол гардид," – гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ.
Корҳои тафтишотии ин мақомот чанд моҳ давом карда, дар натиҷа омӯзгорон бо ҷурмҳои азхудкунӣ ё исрофкорӣ, тағйири иттилооти компютерӣ, суистифода аз мансаб, беамалӣ дар иҷрои вазифа ва сохтакорӣ гумонзад шудаанд. Ҳукми додрас ба ин айбномаҳо маълум нест, вале раҳбарияти Донишгоҳ бо тасдиқи ин ҳолатҳо гуфт, ин афрод ҷазо гирифтанд.
Аюб Усмонзода, раиси Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд, гуфт: "Аз Агентӣ омада, кори чандсоларо тафтиш карданд. Аз ҷумла, солҳои 2019, 2020, 2021, 2022 ва чанд соли дигарро диданд. Хулосаҳои худашонро гуфтанд. Он шахсоне, ки дар ин вазифаҳо кор мекарданд ва ба чунин хатоҳо роҳ додаанд, аз ҷониби мақомоти дахлдор ва роҳбарияти донишгоҳ чораҳои интизомӣ андешида шуд. Онҳо ба дигар вазифаҳо гузаронида шуданд."
Номи ин омӯзгорон гуфта намешавад ва мавқеи онҳо ба парванда номаълум аст. Вале ришвахорӣ ва даст ба амалҳои ғайриқонунӣ задани устодони ин донишгоҳ дар гузашта низ мояи баҳси нишастҳои хабарӣ гардида буд.
Ду сол пеш мақомоти тафтишотӣ ва қудратии вилояти Суғд гуфта буданд, ки аз ҳама бештар мавридҳои ришваситонии омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сабт шуд. Қисме аз онҳо бо ҷарима аз ҷавобгарӣ озод ва нисбат ба бархе чораҳои дигари интизомӣ корбаст шудаанд.
Ҳолатҳои аз ҳама зиёди фасод дар як муассисаи таҳсилотии вилояти Суғд дар ҳолест, ки маорифи Тоҷикистон яке аз соҳаҳои фасодзадатарин номбар мешавад. Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин хулосаро дуруст намешуморанд ва мегӯянд, зӯри ниҳодҳои зидди фасод ба соҳаҳои дигар намерасад ва омӯзгорону пизишкон шикори осони онҳо дониста мешаванд.
Бо вуҷуди раддияи мақомоти Тоҷикистон сатҳи баланди фасодзадагии тақрибан ҳамаи соҳаҳоро созмонҳои байнулмилал дар гузоришҳои ҳамасола нигаронкунанда меноманд.
Видеоро дар инҷо бинед: