Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба бинокорон дастур доданд, дар сохтмонҳо панелҳои офтобӣ гузоранд


Бо як дастури Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, ширкатҳои бинокор акнун вазифадоранд ҳангоми таҳрезии биноҳо, масъалаи насби панелҳои офтобӣ ё таъмини барқ аз офтобро низ ба назар гиранд.

Яъне, раҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ новобаста аз шакли моликияташон, аз ҳисоби худ бояд дар боми баландошёнаҳои навбунёд панелҳои офтобӣ гузоранд. Ин барнома ба тарҳи "иқтисоди сабз", ки Тоҷикистон пайгирӣ мекунад, бастагӣ дорад ва дар шароите сурат мегирад, ки дар фасли зимистон манзили сокинони Душанбе борҳо бебарқ монда буд.

Гуфта мешавад, барқе, ки ин батареяҳо тавлид мекунанд, дар ҳолатҳои қатъи ногаҳонии нерӯ, ба сокинон кӯмак хоҳад кард. Аз ҷумла, лифтҳо ва обкашҳо аз кор нахоҳанд монд.

Мансурҷон Қуддусов, ноиби раиси Ассосиятсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон мегӯяд, "мувофиқи ҳам қарордод ва мувофиқи хости фармоишгар, дар ҳар як бино мо яктои лифтро қабул намудем, чунки ҳангоми набудани барқ, ҳамон ду лифт ҳатман кор кунад. Ғайр аз ин, насосҳои обкашӣ ва системаҳои равшанидиҳии ҳамон бино ба назар гирифта шуд".

Ба бинокорон дастур додаанд, дар хонаҳо панелҳои офтобӣ гузоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Вале сокинони бино иҷоза надоранд барои таҷҳизотҳои шахсии худ аз барқи панелҳои офтобии бино бархудор шаванд.

Ҳарчанд ширкатҳои бинокор нахостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки чунин кор аз ҳисоби онҳо сурат мегирад, метавонад ба нархи хонаҳо таъсир гузорад. Зеро дастгоҳҳои барқӣ-офтобӣ воридотӣ буда, арзон нестанд.

"Насби чунин низомҳо ба нархи ҳамон хонаҳое, ки фурӯхта мешаванд, таъсир гузошта метавонад. Агар қиёс кунем, мумкин, ки ҳамагӣ 0,5 фоизи нархи хонаро зиёд кунад. Аммо ҳаловате, ки аз он бурда мешавад, ин садҳо баробар аст",-афзуд Мансурҷон Қуддусов,

Ҳамсӯҳбати мо таъкид кард, ки бо насби панелҳои офтобӣ, нерӯи барқ сарфа шуда, он барои дигар минтақаҳо дастрастар хоҳад шуд. Аммо сафҳаҳои барқӣ-офтобӣ, нигоҳубини вижа металабанд.

Мадвалиев Умархон, сарходими Институти физикаю техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, "Лекин як проблемаи дигаре, ки инҷо пайдо мешавад, ин масъалаи чанг аст. Тадқиқоте, ки мо солҳои ахир гузаронидем, нишон медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо вақте чангбод мешавад ва вақте як ҳафта шумо панелро тоза намекунед, 43 фоиз афзалиятнокӣ кам мешавад. Яъне, ҳангоми истифодаи панелҳои офтобӣ дар рӯзҳои чангӣ, бояд тез-тез шуста шаванд".

Ҳоло маълум нест тарҳи насби панелҳои офтобӣ дар баландошёнаҳо то куҷо комёб хоҳад шуд. Вале то ҳол ҳеҷ нерӯгоҳи нисбатан бузурги офтобӣ дар кишвар бунёд нашудааст.

Танҳо дар бархе минтақаҳо, мисли ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон панелҳои офтобӣ насб шудаанд. Дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди батареяҳои офтобӣ вуҷуд надорад, ки бо гузашти вақт ин метавонад мушкилоти зистимуҳитиро ба миён орад.

Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, бо назардошти афзоиши талабот ба нерӯи барқ, нақша дорад, ки то соли 2030 тавлиди онро аз ҳисоби нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ то 70 мегаватт бештар кунад. Вале афзудааст, ки ин нақша сармоягузории хориҷӣ ё шарикони рушдро талаб мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG