Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати блогерони хориҷӣ ба Тоҷикистон. Муаррифии кишвар, намоишкорӣ?


Асҳоб Тамаев дар Душанбе.
Асҳоб Тамаев дар Душанбе.

Истиқболи бодабдабаи як блогери доғистонӣ дар Тоҷикистон бори дигар шеваи даъвату пазироии  чунин чеҳраҳоро дар Душанбе доғ кард. Асҳоб Тамаев, блогери чечентабор, ки бо намоишкориҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта аст, чанд рӯз дар Тоҷикистон буд ва намоиш медод, ки чӣ гуна ӯро мизбонӣ карданд.

Тақдими ҷомаву тоқии зардӯзӣ, айфони навтарин, сайру саёҳат ва ташкили пойга аз саҳнаҳои сафараш ба Тоҷикистон ҳаст, ки дар шабакаҳо мечарханд.

Ӯ дар наворе дар “Инстаграм” мегӯяд, “ Мо дар кишварҳои мухталифи Иттиҳоди Кишварҳои Муштаракулманофеъ будем ва шояд зеботарин ва ҷолибтари кишвар Тоҷикистон аст. Ман ҳайратзада ва мутаасир мондам”.

Асҳоб аввалин нафаре нест, ки дар Тоҷикистон бо чунин шева истиқбол мешавад. Суоле, ки дар шабакаҳо баҳсбарангез шуда, ин аст, ки чунин пазироиҳои серхарҷу пурташвиш чӣ аҳамияте барои кишвар доранд?

“Кош моро дар Русия ҳамин хел пешвоз гиранд, чӣ гунае Тамаевро пешвоз гирифтанд”-навиштааст, яке аз корбарон бо номи Абубакр дар “Ютуб”.

Корбари дигаре навиштааст, ки “Асҳоб Тамаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 15 миллион пайрав дорад, ин аз ҳамаи аҳолии Тоҷикистон зиёдтар аст ва ташрифи ӯ Тоҷикистонро бештару беҳтар шинохта мекунад”.

Додихудо Абдураҳимов, аъзои Иттиҳодияи блогерони Тоҷикистон, рӯзи 27-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, даъвати блогерони хориҷӣ барои ҷалби саёҳону пешрафти иқтисод муҳиманд.

“Чӣ хеле ки медонед, Ҳусейн Ҳасанов (Гусейн Гасанов) омада буд, як ҳафта пеш Тамаев омад, ҳамаи ин фоидаи худро дорад. Як моҳ пеш аз ин як блогери рус аз Дубай ба Тоҷикистон омад. Блогерон (тоҷикон) ӯро пешвоз гирифтанд, ба Ҳисор бурданд. Бисёр ҷойҳо бурданд, вай навор сабт карда, гузошт. Натиҷа чунин буд, ки шумори корбаронаш зиёд шуд ва шояд як 500 - 600 рус фикрашонро дар бораи Душанбе дигар карданд. Фикр мекунам, пешвозгирии бодабадаба натиҷаҳои мусбат дорад” - афзуд ӯ.

Ба назари Додидхудо, Тоҷикистон блогерони шинохтаи ҷаҳонӣ надорад, ки саёҳонро ба кишвар бикашанд, бинобар ин ҷалби хориҷиён барои муаррифии кишвар муҳим аст. Мақомот ҳам, ки эҳтимол аз ташаббускорони чунин маъракаҳост, маъмулан сабабро тарғиби имконоти саёҳӣ мегӯянд.

Оқибатҳои намоишкорӣ барои наврасон

Бархе аз таҳлилгарон назари дигар доранд.

“Ман аз ҷиҳати иқтисодияш наметарсам. Ман аз ҷиҳати маънавияш метарсам. Вақте бе ин ҳам кӯдакони мо рӯ ба шабакаҳои итимоӣ овардаанд ва аз ҳамин блогерони бештар бемаънӣ пайравӣ ва тақлид мекунанд ва вақте мо блогерони хориҷро даъват мекунем, ин падида бештар мешавад. Масъулони ин барнома як тарҷеҳ доранд, ки мехоҳанд, ҷалби сайёҳони хориҷиро бештар кунанд, ин аслан натиҷа намедиҳад ба назари ман. Аввал ин, ки сайёҳи рус ё қазоқ ба Тоҷикистон қариб, ки намеояд”- гуфт, таҳлилгар Азиз Нақибзод.

Таваҷҷӯҳи беш аз ҳадди Душанбе ба чеҳраҳои маъруфи шабакаҳои иҷтимоӣ аз хориҷ дар ҳолест, ки бархе аз блогерону хабарнигорони тоҷикдар зиндонанд ва гурӯҳи дигари ҷавонони фаъол, олимону ҳунармандон дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ доранд. Ҳарчанд мақомот ҳабси блогеру хабарнигорон ба мисли Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Сайдамнӣ, Абдулло Ғурбатиро ба ҷурмҳои гуногуне рабт медиҳанд, худи онҳо, ки аз мушкилоти ҷомеа гузориш пахш мекарданд, иттиҳомотро рад мекунанд.

Таҳлилгар Азиз Нақибзод дар суҳбат ба Радиои Озодӣ таъкид намуд, ки “Дар ҳоле ки мо, муттахассисони ҷавони мо, муттахассисони замони шӯравиро кишварҳои хориҷ бо маблағҳои калон ҷалбу истифода мекунанд. 100 бор беҳтар аз ин даъвати блогерон он аст, ки ин муттахассисонро ба кишвар баргардонем, то барои пешрафту рушди кишвар заминасозӣ кунанд. Чандин олимони ҷавони мо дар Аврупо, Чин бо маоши хуб кор мекунанд, мо аслан дар суроғашон нестем.”

Бархе аз коршиносони дигар сабаби ин гуна даъватҳоро ба сатҳи тафаккуру завқи ташаббускорони он рабт медиҳанд, ки хусусияти намоишкорона дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз онҳое, ки дар Душанбе дар сатҳи баланд истиқбол мешаванд, дар кишварҳои худ чандон шинохта нестанд. Мисли Ҳусейн Ҳасанов (Гусейн Гасанов), ки дар Русия ба таблиғи қиморбозӣ муттаҳам шуд.

Ӯро ду сол пеш ба Тоҷикистон оварда, барои ӯ дар бӯстонсарои ҳукуматӣ зиёфат оростанд ва бо чархбол ба тамошои манзараҳои кишвар бурданд. Он замон ҳам рафтори ӯ бо як навҷавони тоҷик ва тарсонидани кӯдаке сабаби баҳси зиёде атрофи блогер ва мизбонии ӯ шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG