Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои блогерони тоҷик қонун қабул мекунанд?


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ду соли охир даҳҳо нафарро, ки худро блогер муаррифӣ мекунанд, барои пахши наворҳояшон ҷазо додаанд.

Ниҳодҳои давлатӣ гоҳе аз хадамоти онҳо истифода мекунанд, вале мегӯянд, блогерӣ бояд ба танзим оварда шавад. Бону Маллаева, намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон:

“Вазорати фарҳанг ҳамчун пешбарандаи сиёсати фарҳангу ҳунар тавассути гурӯҳи корӣ тамоми тағйиру иловаҳоро ба қонунгузорӣ пешниҳод кардааст, аз ҷумла лоиҳаи дастурамали ҳуқуқвайрокунӣ аз ҷониби ҳунармандони ғайрикасбӣ ва блогероне, ки қонуншиканӣ мекунанд.»

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон:“Фикр дорем, ки мумкин, ки лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳамин масъалаҳо қабул карда шавад. Вале ин омӯзишро талаб мекунад. Аз ҷониби кормандони прокуратура ин ҳолат омӯхта, дар ҳолати зарурӣ ҳамин лоиҳаи қоунунро пешниҳод карда метавонем. Мо дар ҳамин фикр ҳастем.»

Аммо рӯзноманигор ва блогери шинохта Орзу Исоев, ки паҳлӯҳои ҳуқуқии корашро низ пайгирӣ мекунад, мегӯяд, дар қонунгузории кишвар муҷозот барои бадгӯиву бадахлоқӣ пешбинӣ шудааст ва ниёз ба қонунгузории иловагӣ нест.

Ӯ бовар дорад, ки чунин таҷриба натиҷа нахоҳад дод: “Аз рӯи назоратҳои ман ҳамчун инсони ҳирфаӣ, ки солҳои сол дар ҳамин ҳирфа фаъолият кардам, натиҷа надод, коре, ки Русия кард. Кумитаи назоратии Русия муддати 10 сол аст, ки контролро аз руи блогерон хеле шадид карда буд, аммо ба натиҷа нарасиданд, агар бигӯед чаро? Барои онки блогероне, ки мавриди назар буданд, ки шадидан контрол мешаванд, блогероне, ки аслан ба мавзуҳои сиёсӣ даст мезаданд, онҳо рафтанд аз хоки Русия ва фаъолияти худро даҳчанд афзоиш доданд.»

Блогерон аз зҳтимоли маҳдуд шудани фаъолияташон дар Тоҷикистон нигаронанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:53 0:00

Дар чанд соли пеш блогероне мисли Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки зиндонӣ шудаанд, дар бораи мавзӯъҳои доғ навор таҳия ва дар Интернет пахш мекарданд. Ҳоло пайгирии мавзӯҳои ҷиддӣ аз сӯи блогерон кам ба назар мерасад.

Орзу Исоев, рӯзноманигор ва блогер: “Масалан бо алфози қабеҳ дашном додани якдигару шаъну эътибори якдигарро паст задану аз ин наворҳо. Дар баробари инҳо агар теъдоди маводи ҳирфавӣ дар блогинги тоҷик ба мароиб зиёд шавад, масалан дар баробари як маводи таҳқиркунанда 10 маводи ҳирфавӣ пешниҳод карда шавад дар мавзуҳои гуногун сиёсат иқтисод, фарҳанг, варзиш ва ғайра. Ҳамин теъдод маводи ҳирфавӣ рӯпуш мекунанд онҳоро. Мушкили мо ҳамин аст, ки ҳамин холигоҳ вуҷуд дорад”.

Ба назари Орзу Исоев сонсур ва зиндонӣ намудани чанде аз рӯзноманигорону блогерон дигаронро дар ҳарос гузошта, ҳоло тарс яке аз монеаҳои асосӣ дар рушди кори блогерон шудааст. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бар ин аст, ки агар блогерон дар чаҳорчӯби қонун фаъолият кунанд, барояшон мушкил пеш нахоҳад омад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон: “Андешаи шахсии ман ин аст, ки ягон қонун зарурат надорад. Агар шахс аз ҳуқуқи худаш ба озодии баён, ба озодии сухан истифода карда, дар доираи қонун андеша назар, пешниҳоди худашро дар фазои иттилоотӣ пешниҳод кард, ягон мушкилот пеш намеояд. Лекин мутаассифона, блогерон бозичаи дасти баъзе аз дастандаркорон шудаанд ва онҳо мехоҳанд, ки дар фазои иттилоотӣ ҷудоиандозӣ миёни расонаҳо, журналистон ва блогеронро барангехта худашон аз он манфиат бардоранд.»

Даъватҳо барои танзими кори блогерон дар доираи қонуни алоҳида чанд сол аст, ки аз ҷониби тарафдорони ҳукумат садо медиҳад, вале бархе блогерон таҳияи чунин санадеро абзори саркӯб аз сӯи мақомот меноманд.

Кумитаи андоз дар оғози сол иттилоъ дода буд, дар кишвар 114 блогер сабт шудаанд, ки назар ба соли гузашта 26 кас зиёд аст. Намояндагони ин кумита гуфта буданд, блогерон соли 2024 ба буҷа 2,2 миллион сомонӣ молиёт супоридаанд. Сабтиноми блогерҳо дар Тоҷикистон соли 2020 сар шуд. Мақомот ба ин бахш замоне таваҷҷуҳ карданд, ки сафи блогерон барои гирифтани даромад афзуд ва мавзуъҳои доғ дар кори онҳо бештар гашт.

XS
SM
MD
LG