Дар чанде аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ё доллар надоранд, ё бо маҳдудияти то 500 доллар доллар мефурӯшанд. Баъзе аз соҳибкорон дар сӯҳбатҳои бидуни сабт гуфтанд, қабл аз он ки доллар бигиранд, бояд санади соҳибкориашонро пешниҳод кунанд ва баъд аз ин ба доллар дастрасӣ пайдо мекунанд. Ин ҳол ба тоҷироне дахл доштааст, ки умдатан бо нақдина кор мекунанд. Онҳое, ки ба пули нақд ниёзи камтар доранд, камчинии долларро эҳсос накардаанд.
Хайриддин Қодиров, соҳибкор: «Сомониро дар корт мегузаронем, худаш автоматӣ бо доллар ҳисобу китоб мешавад. Мисол дар Чин бо юан ҳисобу китоб мешавад, дар Тошканд бо доллар ҳисобу китоб мекунанд. Дар Дубай бо доллар ҳисоб мекунанд.»
Сарвиноз Назарова, сокини шаҳри Душанбе: «Доллар камчин шудааст, рости гап, лекин сабабашро намедонам аз ҳисоби чӣ. Мумкин қурбаш паст шудааст, аз ҳисоби ҳамин.»
Ба назари Абдулло Ашуров, коршиноси масъалаҳои иқтисодӣ, ҳолати нав эҳтимолан ба сиёсатҳои Бонки миллӣ барои коҳиши корбурди доллар рабт дошта бошад.
Абдулло Ашуров, коршиноси иқтисодӣ: «Бонки миллии Тоҷикистон чанд сол инҷониб сиёсати коҳиш додани истифодаи доллар дар иқтисоди дохилиро пеш гирифта буд. Фурӯши мошинҳо, хонаҳоро, ки пештар бо асъори хориҷӣ бисёр вақт сурат мегирифт, зери назорат гирифт ва талаб мекард, ки фурӯшандагон ҳам нархро бо сомонӣ муқаррар кунанд. Тамоми додугирифт бо пули сомонӣ дар дохили ҷумҳурӣ сурат бигирад. Аз ин рӯ эҳтимолан дар доираи ҳамин сиёсат бонкҳо ҳам фурӯши долларро маҳдуд карда бошанд.»
Бонки миллӣ то ҳол маҳдудияти хариди долларро дар бонкҳои тиҷоратӣ шарҳ надодааст. Раиси ин ниҳод қаблан сабаби афзоиши долларро дар бозор, аз ҷумла ба беқурбшавии он пайванд дода буд, вале ҳоло беқурбшавӣ на сабаби афзоиши доллар, балки фурӯши маҳдуди он шудааст.
Дар гузашта баръакс болоравии қурби доллар сабаби камчинии он номида мешуд. Тоҷирону соҳибкорон умедворанд, ки Бонки миллӣ сабаби ҳолати баръакси имрӯзаро шарҳ медиҳад.