Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон як бахши қарзи хориҷияшро додааст, то қарзу грантҳои нав бигирад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон қисми андаке аз қарзи хориҷияшро пардохт кардааст. Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, коҳиши қарз эътибори кишварро дар назди сармоягузорон ва ниҳодҳои байнулмилалии молӣ боло мебарад ва кишвар имкон меёбад, ки барои тарҳҳое чун нерӯгоҳи “Роғун” қарзу грантҳои боимтиёз ҷалб кунад.

"Ин, воқеан, ба аксар нишондиҳандаҳои мо таъсир мерасонад. Шумо огоҳӣ дошта бошед, муҳимтарин қарзҳое, ки ҷалб шуданд, бевосита барои чунин иншооти калон ҳастанд,” -- таъкид кард Қаҳҳорзода.

Сандуқи Байнулмилалии Пул, ки Тоҷикистон солҳои охир барои дарёфти қарзу грантҳо аз ин ниҳод мушкил дорад, низ рӯзи 8-уми июл навишт Тоҷикистон тавонистааст, таносуби ҳаҷми қарзи давлатиашро нисбат ба ММД (Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ) аз 51 дарсади охири соли 2020 ба 25 дарсади охири соли 2024 бирасонад.

Ба арзёбии ин ниҳод рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон дар 5 соли охир боис ба беҳтар шудани раванди пардохтпазирии қарзи давлатӣ шудааст. Аммо дар баҳси пардохти қарзи хориҷӣ ҳамеша бозгардондани қарзҳои Чин, ки шарту шароити он шаффоф нест, пурсару садо будааст.

Вазири молия гуфт, Чин дигар қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон нест: "Ҳеч таъхире дар пардохти қарз нест. Мо дар як сол ду дафъа тибқи тарҳи муайян пардохт мекунем. Пардохти охирини мо 47 миллион доллар буд, ки дар моҳи июл сурат гирифт. Моҳҳои октябр, ноябрро интизорем. Қарзи умумии мо аз “Эксимбонк” (Чин) 1,5 миллиард доллар буд, ҳоло 760 миллион доллар ё чизе каму беш аз ин боқӣ мондааст.”

Абдулло Ашӯров, рӯзноманигор ва таҳлилгари иқтисодӣ, мегӯяд, ҳоло Тоҷикистон воқеан ба қарзҳои хориҷии боимтиёз ниёз дорад, ҳарчанд расидан ба ин орзу бисёр сахт аст. Биноан, ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар чанд соли охир маҷбур шуд, ки бо фоизҳои нисбатан гаронтар, мисли евробондҳо, қарзро ба даст биёрад ва онро ҳоло пардохт мекунад.

“Аз ҷумла, чанд соли охир талош дорад аз Сандуқи Байнулмилалии Пул қарзҳои хуби боимтиёз ба даст орад. Ҳарчанд ба он мувафақ нашудааст, умед аст, ки бо поён рафтани сатҳи қарзи хориҷӣ кишвар метавонад аз ин созмон ҳам қарзҳои имтиёзнок ба даст орад,” -- ҳадс мезанад Ашӯров.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Тоҷикистон қарзашро коҳиш медиҳад, то барои гирифтани қарзи бештар имкон пайдо кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00

Рӯзи 15-уми август оҷонси ҷаҳонии “S&P Global Ratings” эътибори қарзии Тоҷикистонро бо назардошти пули муҳоҷирон ва фурӯши тило баҳои “В” дода, дурнаморо муътадил ва устувор номид. Аммо вобастагии зиёд ба бозори кори Русия, эҳтимоли таъхир дар маблағгузории “Роғун” ва қарзи корхонаҳои давлатиро аз хатарҳое донист, ки метавонанд, ин эътиборро поён оранд.

Ба гуфтаи ин созмон, бо вуҷуди рушди босуръати саноат, Тоҷикистон ҳамоно ба пули интиқолии муҳоҷирон, махсусан аз Русия бастагӣ дорад, ки дар соли гузашта 48 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил додааст.

Дар ҳоли ҳозир қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 миллиард доллар ё 21,4 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад, ки 3,1 миллиарди он (18,7% ММД) қарзи хориҷӣ аст.

Дар се соли охир Тоҷикистон тавонистааст, ки барои сохтмони “Роғун” наздик ба 2 миллиард доллар ҷалб кунад. Бо вуҷуди ихтисос додани 3,8 миллиард сомонӣ дар соли 2025 аз буҷаи кишвар ба ин нерӯгоҳ, барои бунёди пурраи он тахминан 4 миллиард доллари дигар зарур аст. Ин афзоишро мақомот ба боло рафтани нархҳо бастагӣ медиҳанд, вале мунтақидон мавҷудияти фасодро низ рад намекунанд.

XS
SM
MD
LG