Рӯзи 23 январ Карим Хон, додситони Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноят бо нашри изҳороте гуфт, ки ҳабси раҳбари олии Толибон Мулло Ҳайбатулло Охундзода ва раҳбари Додгоҳи олии Толибон Абдулҳаким Ҳаққониро дархост кардааст. Хон гуфт, аз соли 2022 ба ин сӯ далели кофӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки дар бораи даст ба “ҷиноят алайҳи башарият ва таъқиб бар пояи ҷинсият” задани Охундзода ва Ҳаққонӣ шаҳодат медиҳад.
Абдулвоҳид Содот, раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Афғонистон ба Радиои "Афғонистони Озод" гуфт, қарори як “ниҳоди бисёр мӯътабари байналмилалӣ паёмадҳои қавӣ хоҳад дошт... Ин як иқдоми ҷиддие дар нисбати Толибон мебошад”, гуфт ӯ.
Масъули умури занон дар созмони Дидбони ҳуқуқи башар Ҳезер Бар дар сӯҳбат бо ин расона гуфт, иқдомҳои дигари поймолкунандаи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон ҳам набояд фаромӯш шаванд.
Толибон, ки 15 августи соли 2021 дар Афғонистон сари қудрат омаданд, бо як қароре таҳсилу кори духтарон ва занонро манъ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол вазорати корҳои хориҷии Толибон бо нашри изҳороте 24 январ гуфт, дархости ҳабс “аз назари ҳуқуқӣ бепоя аст” ва “иттиҳомҳои беасосро қотеона рад мекунад”.
Шаҳрзод Акбар, як ҳомии ҳуқуқ ва раҳбари пешини Комиссиюни мустақили ҳуқуқи инсон дар Афғонистон иқдоми Додгоҳи байналмилалиро “қадами калоне” номид, чун, ба гуфтааш, “мардуми Афғонистон дар давоми панҷ даҳсолаи ахир бо беҷазоии фарҳангӣ рӯбарӯ мебошад”.
Тибқи гузориши хабаргузории "Рейтерз", дафтари Карим Хон дар баёнияе эълон кардааст, ки маълумоти ҷамъоваришуда дар ҷараёни таҳқиқот, далелҳои қонеъкунандаеро ироа мекунад, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода ва Абдулкарим Ҳаққонӣ, масъули "иртикоби ҷиноят алайҳи башарият ва озору озият бар асоси ҷинсият" ҳастанд.
Абдулкарим Ҳаққонӣ аз соли 2021 раиси Додгоҳи олии ҳукумати Толибон мебошад.
Ба қавли Карим Хон, ин озору азият аз 15 августи соли 2021 то имрӯз дар Афғонистон сурат гирифта ва идома дорад.
Толибон пеш аз ин ҳам гузоришҳои ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башарро дар мавриди нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон рад карда ва иддао карда буданд, ки дар чаҳорчӯби шариати ислом ва расму анъанаҳои афғонӣ, ба ҳуқуқи афғонҳо арҷ мегузоранд.
Тибқи гузориши хабаргузории "Рейтерз", ин яке аз тӯлонитарин таҳқиқот аз сӯи додрасҳои Додгоҳи байналмилалии Гаага дар робита бо Афғонистон аст, ки ба таъхири қонунӣ ва амалӣ рӯбарӯ будааст. Таҳқиқоти аввалӣ дар соли 2007 оғоз шуд ва фақат дар соли 2022 буд, ки ба як таҳқиқи комил табдил шуд.
Аз замоне, ки Толибон дар соли 2021 дар Афғонистон ба қудрат баргаштанд, ин гурӯҳ ҳуқуқи занонро аз ҷумла, дар бахши таҳсил, кор ва озодиҳои умумӣ, ба шиддат маҳдуд сохтанд.
Ин бори нахуст аст, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ чунин тасмимеро алайҳи он идда аз раҳбарони Толибон мегирад, ки зоҳиран ба хориҷ аз Афғонистон сафар намекунанд.
Бо баргашти Толибон ба қудрат дар соли 2021, донишомӯзони духтар аз таҳсил дар мактабҳои болотар аз синфи шашум маҳрум шудаанд ва дарвозаҳои донишгоҳҳо ҳам ба рӯи донишҷӯёни духтар баста шудаанд.
Занон дар Афғонистон иҷозаи рафтан ба боғҳои истироҳатӣ, ҳамомҳои умумӣ ва бошгоҳҳои варзиширо надоранд ва ҳамчунин бе маҳрам ё фарди наздикашон ба сафарҳои тӯлонӣ рафта наметавонанд.
Толибон ахиран аз мамнуияти таҳсили занон дар таълимгоҳҳои тиббӣ хабар доданд, ки вокунишҳои сахтеро ба миён овард.