Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонун ё наздикӣ бо президент. Раҳоии Исматулло Абдуллозода чӣ маъно дорад?


Исматулло Абдуллозода, раиси пешини фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе
Исматулло Абдуллозода, раиси пешини фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе

Раҳоии Исматулло Абдуллозода, раиси пешини фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, ҳамроҳ бо чанде аз зердастони собиқаш, ки бо гумони аз худ кардани беш аз 1 миллиард сомонӣ боздошт шуда буданд, баҳсҳоеро дар ҷоемаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Бархе онро бесобиқа ва зидди усули адлия ва бархеи дигар иҷрои одилонаи қонун меноманд.

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, Абдуллозода ва шариконаш--Аслиддин Меликзода, муовини пешини ӯ дар фурудгоҳ, Муҳриддин Давлатов, раҳбари пешини таъминоти фурудгоҳ ва Тағоймурод Ҷӯразода, сармуҳосиби собиқи фурудгоҳ рӯзи 17-уми сентябр бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ва бо супурдани 300 миллион сомонӣ аз боздошт раҳо шудаанд, вале таҳқиқи парванда идома дошта, ваъда додаанд, ки беш аз 700 миллион сомонии дигарро низ бармегардонанд.

Зидди ин гурӯҳ бо моддаи 245 қисми 4, яъне “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” ва моддаи 340 қисми 2, “сохтакории такрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин ду банди қонун бо пардохти зиён раҳоиро пешбинӣ кардааст. Ба назари Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос пушти раҳоии Исматулло Абдуллозода чизи дигаре меистад.

"Озод кардани ин нафарон як бори дигар исбот кард, ки низоми адлия, судӣ, тафтишот, прокуратура ҳама аз якдигар вобастагӣ ва дар умум ҳама боз аз ҳокимияти иҷроия вобастагӣ доранд. Нақши асосиро дар ин қазияҳо на нуқтаҳои қонун, на талаботи қонун, балки муносибати ин нафарон бо аъзоёни оилаи калон, муносибати онҳо бо мақомдорони баландпояи мақомотҳои қудратӣ, бо мақомдорони ҳоқимият ва дигару дигар нишон медиҳанд,"--афзуд, ӯ.

Видеоро инҷо бинед:

Раҳоии собиқ раиси фурудгоҳи Душанбе баҳсбарангез шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:45 0:00

Бархе бар инанд, ки раҳоии Исматулло Абдуллозода бозгӯкунандаи он аст, ки дар Тоҷикистон қонун дар нисбати ҳама баробар татбиқ намешавад.

Иззатулло Дадобоев, муфатиши собиқи Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта чеҳраҳои дигари шинохта дар боздоштгоҳ хоҳони ҷуброни зарар ва раҳоӣ шуда буданд, вале мақомот онҳоро озод накарданд. Вай иддао дорад, ки чун Исматулло Абдуллозода ба хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон робитаи наздик дорад, бо пардохти маблағ шартан раҳо шуд, ҳарчанд дар тасарруфи бештар аз як миллиард сомонӣ муттаҳам аст. Иззатулло Дадобоев гуфт: “Агар гирем Раҷабалӣ Одинаев, раиси “Умед-88”, вай ҳам барои азхудкунӣ боздошт шуда буд, барои чӣ озод накарданд? Моликияти Зайд Саидро гирифтанд, ба ҳисоби давлат гузарониданд, барои чӣ озод намекунанд, ё Иззат Амонро намедонам, барои 100 ё 120 сомонӣ гирифтан зиндонӣ кардаанд ё Далери Имомалӣ, Завқибек Сайдаминӣ бо напардохтани андоз ҳатто ҳамин хел моддаҳоро гирифта монда, ҳукм бароварданд барои чӣ?”

Роҳгузарон дар Душанбе дар мавриди раҳоии шартии афроде, ки ба тасарруфи миллионҳо сомонӣ буҷаи давлат айбдор мешаванд, назари гуногун доранд.

Яке аз ҳамсуҳбатони мо посух дод, ки “чунин таҷриба дар дигар давлатҳо низ аст. Яъне ҳар касе маблағи зиёни расонидаашро ҷуброн кунад, раҳо мешавад. Дар мо низ чуннин қонун аст”.

Мусоҳиби дигари мо таъкид намуд, ки “беҳтар аст ҳама маблағҳо бар асоси қонун саришта карда шаванд. Дар акси ҳол ҳар коре мешавад, аз рӯи қонун бояд ҷавоб диҳанд”.

«Ҳар шахс бояд ба аъмоли худ ҷавоб гӯяд. Ӯро чӣ гуна бояд ҷазо дод? Албатта бояд вайро ҳабс кард. Вай бояд дар пеши мардум ҷавоб гӯяд. Вайро, ки интихоб кардаанд, бояд ба ҳамаи ин ҷавоб гӯяд. Қонун барои ҳама бояд баробар бошад”-афзуд, роҳгузари дигре.

Мақомот дар бораи ҷуброни зиён ва озодии шартии Исматулло Абдуллозода хабаре надодаанд. Барои шарҳи мавзуъ Радиои Озодӣ ба унвонии Оҷонсии коррупсия ва Додситони кул нома фиристод ва мунтазири посух аст. Назари худи Абдуллозода ва наздикнаш ба қазия маълум нест.

Исматулло Абдулллозода, ки яке аз наздикони Ҳасан Асадуллоҳзода, бародарарӯси президенти Тоҷикистон шумурда мешавад, нӯҳ сол дар мақоми раиси фурудгоҳи Душанбе кор кардааст, рӯзи 2-юми майи имсол аз мақомаш барканор ва дастгир шуд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон он рӯз навишт, ки Абдуллозода ва муовинони ӯ "дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд". Ба ҷойи ӯ Зайнулло Шарифзода, аз хонаводаи Соҳибовҳо, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайванди хешутаборӣ доранд, раиси фурудгоҳ таъин шуд.

Моҳи август Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия дар нишасти хабарии нимсолаи ниҳодаш гуфт, Абдуллозода ва чанд зердасти собиқаш ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, муттаҳам шудаанд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Аз ин ҳисоб, тасарруфи 961 миллион сомонӣ ба худи Исматулло Абдуллозода рост меояд.” Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки раиси собиқи Фурудгоҳи Душанбе ба истифодаи нодурусти тақрибан панҷсад миллион сомонӣ айбдор аст.

Яке аз наздикони Абдуллозода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тобистони имсол гуфта буд, ки баъзе амволи ӯ, аз ҷумла чор тарабхона дар Душанбе, ду осоишгоҳ дар атрофи пойтахт ва чанд манзили зист дар вилояти Хатлонро ба фурӯш гузоштаанд. Маълум нест ӯ ин қадар дороиҳоро аз кадом роҳ ба даст овардааст ва мақомот ҳам дар ин бора чизе намегӯянд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG