Дар изҳороти расмӣ омадааст, ки Кумитаи идоракунии бунёди “Ишонч” (“Боварӣ”), ки сармояҳои духтари зиндонии собиқ президенти Узбекистонро назорат мекунад, қарор кард, ки бо ин маблағҳо дар беҳбуди шароити иҷтимоии мактабҳои деҳоти ин кишвар саҳмгузор шавад. Манзур тарҳи “Мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим ва таъмини об, санитария ва тозагӣ дар мактабҳо” аст, ки аз 1-уми октябр дар Узбекистон роҳандозӣ хоҳад шуд.
Бар асоси ин тарҳ, бояд 45 мактаби деҳоти Узбекистон пурра таъмир шаванд. Ин муассисаҳоро бо оби ошомиданӣ, утоқҳои замонавии дастшӯӣ, низоми гармидиҳӣ ва манбаъҳои экологии энержӣ таъмин хоҳанд кард. Ин маблағгузорӣ барои беҳбуди шароити таҳсили беш аз 31 ҳазор хонандаи мактаб, бахусус духтарони наврас мусоидат хоҳад кард. Илова ба ин, як қисми пулҳоро бунёди “Ишонч” бояд барои ташкили дарсҳои экологӣ ва давраҳои омӯзишӣ барои 2700 омӯзгор дар мавзӯъҳои тозагиву гигиена равона мекунанд.
Дар Узбекистон, ки шумори аҳолӣ то рафт афзоиш меёбад, 1,4 миллион кӯдак дар мактабҳое таҳсил мекунанд, ки он ҷо оби ошомиданӣ пурра ё қисман таъмин нест. Константин Оболенский, сафири Швейсария дар Узбекистон гуфт, “Швейсария бо он ифтихор мекунад, ки захираҳои дар натиҷаи бозгардонии маблағҳои бадастомада ба сармояҳои ҷиддӣ ва устувор ба коррупсия ва манфиатовар барои мардуми Узбекистон табдил мешаванд”.
Узбекистон моҳи августи соли 2022 бо Швейсария созишномаи бозгардони пулҳои мусодирашудаи духтари собиқ президенти Узбекистонро имзо кард. Ҳамон сол зери назари СММ бунёди “Ишонч” таъсис шуд, ки вазифааш мудирияти ин пулҳо мебошад.
Дар умум бо дархости ҳукумати Узбекистон дар бонкҳои Швейсария ба маблағи 840 миллион доллар сармояҳои Гулнора Каримова масдуд шудааст. То ҳол бозгардони 313 миллион доллар мувофиқа шудааст, чун мақоми ғайриқонунӣ доштани ин маблағҳоро исбот кардаанд.
Моҳи апрели имсол ҳукумати Узбекистон бори аввал дар бораи тарзи сарфи маблағҳои аз ҳисобҳои Гулнора Каримова дар Швейсария баргардонидашуда гузориш дод.
Отабек Фозилкаримов, муовини вазири иқтисод ва молияи Узбекистон моҳи апрел дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки пулҳои баргардонидашуда дар миёни соҳаҳои беҳдошт ва маорифи кишвар баробар тақсим карда мешавад.
Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, ҳаҷми умумии зарари молии расонидаи Гулнора Каримова ба “манфиати давлат ва шаҳрвандон” 1 триллиону 270 миллиарду 200 миллион сӯм, 1 миллиарду 651,8 миллион доллари амрикоӣ ва 26,1 миллион евро ҳисоб шудааст.
Кишварҳои аврупоӣ ӯро дар гирифтани садҳо миллион доллар пора аз ширкатҳои мухобиротӣ ва ҳам қонунигардонии пул аз роҳи нақшаҳои коррупсионӣ айбдор мекунанд.
Моҳи марти соли 2020 додгоҳи шаҳри Тошканд Гулнора Каримоваро дар ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, қаллобӣ, азонихудкунӣ, қонунигардонии пулҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомада ба 13 солу 4 моҳи зиндон маҳкум намуд. Гулнора Каримова то оғози соли ҷорӣ дар зиндони занонаи Зангиота қарор дошт ва баъди ин ба маҳбаси сукунатӣ интиқол дода шуд.
Гуфтугӯ