Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон охирин "дари умед" ба рӯи сокинонро мебанданд


Толибон дар аксар минтақаҳои Афғонистон интернетро бастанд.
Толибон дар аксар минтақаҳои Афғонистон интернетро бастанд.

Ҳукумати Толибон дастрасӣ ба интернетро дар бахши бузурге аз Афғонистон қатъ карданд. Шаҳрвандони ин кишвар тарс доранд, ки бо ин роҳ дари тамоси онҳо ба ҷаҳони берун баста мешавад.

Марям, як сокини вилояти Балхи Афғонистон, ки бо номи мустаор бо Радиои Озодӣ суҳбат кард, мегӯяд, пас аз маҳдудияти Толибон алайҳи занон, кори онлайнӣ пайдо карда буд ва тарҷумонӣ мекард. "Ман нонрасони хонадон ҳастам. Қатъи интернет ба зиндагии мо зарбаи сахт зад", – гуфт ӯ аз шаҳри Мазори Шариф.

Толибон ба занон иҷозаи кору таҳсил намедиҳанд ва интернет ягона василае буд, ки онҳо камтарин имкони пайдо кардани кору таҳсил аз тариқи онро доштанд.

Бо қатъи интернет даҳҳо ҳазор идораҳои давлатӣ, хонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ дар тақрибан нисфи кишвар аз Wi-Fi маҳрум шудаанд.

Сурайё, ки аз Кобул барои як созмони хориҷӣ ба таври онлайн кор мекард, мегӯяд, "зиндагӣ барои занони афғон аллакай бисёр душвор аст. Танҳо роҳи ба даст овардани даромад кори онлайн буд. Ҳоло ҳамонро ҳам аз даст медиҳем."

Назифа, духтари наврас, ки баъд аз манъи таҳсили духтарон аз ҷониби Толибон тавассути интернет дарсҳои онлайнӣ мехонд, мегӯяд, "пас аз манъи духтарон барои таҳсил дар мактаб, аз тариқи интернет илм меомӯхт, аммо ҳоло Интернет қатъ шуд ва ҳама умедамро аз даст додам."

Толибон мегӯянд, ки бастани интернет барои ҷилавгирӣ аз “фасоди ахлоқӣ” ва “амалҳои зиддишаръӣ” аст, вале уламои исломӣ инро беасос медонанд.

Фазлулҳодӣ Возин, узви Иттиҳоди уламои мусалмон дар Қатар, гуфт, ки "қатъи комили Интернет ҳеҷ асоси динӣ надорад. Агар чизе нодуруст истифода шавад, бояд маҳдуд шавад, на он ки тамоми миллат аз пешрафт маҳрум гардад."

Коршиносон ва соҳибкорон мегӯянд, қатъи Интернет мушкилоти иқтисодиро шадидтар мекунад.

Муҳаммад аз Қандаҳор гуфт: "Корҳои ширкати мо тамоман бозмондааст. Дар асри XXI ҷаҳон бо Интернет пайваст аст. Набудани Интернет мушкилоти иқтисодии моро бештар мекунад."

Созмонҳои ҳомии матбуот низ бастани Интернетро маҳкум кардаанд. Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) ин иқдомро “маҳдудияти бесобиқа” номид, ки кори хабарнигорон ва дастрасии мардум ба иттилоотро халалдор мекунад.

Ҳоло қатъи интернет пойтахт – шаҳри Кобулро фаро нагирифтааст ва маълум нест, ки маҳдудият дар тамоми кишвар ҷорӣ мешавад ё не. Интернети мобилӣ то ҳол фаъол аст, вале гаронтар ва бо суръати поинтар, ки корро сахттар мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG