Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Русия тоҷиконро "чап" гирифт? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Тайи ҳафтаҳои охир тафтиш, боздошт ва латукӯбу ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар гӯшаҳои Русия афзудааст. Мақомоти Русия сабаби чунин бархӯрдро бо зодагони Тоҷикистон шарҳ намедиҳанд. Камаш се ниҳоди давлатии Тоҷикистон аз идораҳои масъули Русия хостаанд, ки қазияро баррасӣ кунанд, вале вазъ чандон дигар нашуда. Садҳо ҳазор тоҷикистонӣ ба сабаби набудани ҷойи кору маоши муносиб дар кишвар ба Русия рафтаанд.

"Баъзе аз бачаҳоро бо электрошокер заданд"

Фарзанди Меҳринисо Сулаймонова дар Русия мехонад. Боздошту тафтиши муҳоҷирон ва латукӯби донишҷӯёни тоҷик дар ҳафтаҳои охир ӯро низ ба ташвиш овардааст. Сулаймонова мегӯяд, худаш зиёда аз даҳ сол дар муҳоҷирати корӣ буд ва бархурди номуносиби мақомоти интизомии ин кишварро бо тоҷикон таҷриба карда.

"Вақте тарзи муносибати онҳоро бо донишҷӯён дидам, ҳамон замон ба духтарам занг задам. Пурсидам, ки хубӣ? Гуфт, оча, ба хона омадам, дарс тайёр мекунам. Дар чунин ҳолат вазъи волидони дигарро бисёр хуб дарк мекунам," – гуфт ӯ рӯзи 29-уми май.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чаро тоҷиконро дар Русия "чап" гирифтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00

Ҳафтаи гузашта беш аз сад донишҷӯйи тоҷик аз сӯйи нерӯҳои вижа ё ОМОН дар Хабаровск латукӯб ва шиканҷа шуданд. Яке аз донишҷуён, ки ба сабабҳои амниятӣ нахост номаш зикр шавад, гуфт, нерӯҳои вижа бе огоҳӣ ба хобгоҳ даромаданд.

"Соати 7-и субҳ дарҳоро заданд. Дашномҳои қабеҳ дода, ҳуҷҷат пурсиданд, телефонҳоро гирифтанд. Сипас ҳамаи моро дар долони хобгоҳ паси ҳам монда, суханҳои қабеҳ гуфтанд. Касе гап зад, зиёдтар заданд. Силоҳ доштанд, бачаҳо ҳайрон монданд, ки чӣ шудааст. Баъзе аз бачаҳоро бо электрошокер ҳам заданд," -- нақл кард ӯ.

"Муҳоҷирон - дастгоҳи фишор"

Дар баробари ин, пулиси Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро дар шаҳри Санкт-Петербург, шаҳраки Котелникии вилояти Маскав ва гӯшаҳои дигари пойтахти Русия латукӯбу боздошт карда, дертар иддаеро ҷарима баставу озод намудаанд. Ба зидди даҳҳо нафари дигар санад тартиб доданд.

Мақомоти Русия сабаби тафтишу боздошт ва латукӯби шаҳрвандони Тоҷикистонро нагуфтанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, нигаронии Душанберо ба сафири Русия расонд. Омбудсмен ва Вазорати корҳои дохилӣ аз ниҳодҳои ҳамкори худ хостанд, ки қазияҳоро баррасӣ ва ба мушкили муҳоҷирон расидагӣ кунанд.

Садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш карданд. Бардошти мардум гуногун аст, аммо ҳама ба он ишора мекунанд, ки Русия муҳоҷиронро ҳамчун абзоре барои фишор ба Тоҷикистон истифода мебарад. Коре, ки дар гузашта кардааст.

  • Яке аз роҳгузарон дар Душанбе гуфт: "Мо тарафдорем, ки ин корҳо нашавад, аммо ҳаллаш дар дасти кист, намедонем."
  • "Сабабаш асосан дар ноором будани вазъият дар Русия аст. Мумкин аст, нақша доранд, ки бо ин роҳ муҳоҷирони моро ба ҷанг кашанд," – гуфт дигаре.
  • Севумӣ афзуд, "Русия фақат худашро фикр дорад. Бо ҳар роҳ шаҳрвандоро даъват мекунанд. Агар розӣ нашаванд, баъд ба зӯрӣ ба ҷанг мебаранд. Ин ҳамааш баҳона аст."

"Ноилоҷии Маскав" ё "гуфтугӯҳои пасипардагӣ"?

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Ба қавли таҳлилгар Абдумалик Қодиров ҳам, ончи бо тоҷикон дар Русия рӯй медиҳад, натиҷаи ноилоҷ мондани ҳукумати Маскав дар ҷанг бо Украина аст.

"Барои ҳукумати Русия шахсоне даркор аст, ки барои онҳоро қурбонӣ кардан дилаш насӯзад. Агар то имрӯз барои қурбонӣ кардан дар ин ҷанги бемаънӣ қувваҳои мусаллаҳи Вазорати дифои Русия ва маҳбусонро зиёд ҷалб мекарданд, дигар ин захираҳо тамом шуданд," – шарҳ дод ӯ.

Таҳлилгарон ба он ҳам ишора мекунанд, ки чунин муносибат дар пасманзари гуфтугуҳои пасипардагии раҳбарони Тоҷикистону Русия аст, ки ҷомеа ҷузъиёташро намедонад.

Алишер Илҳомов
Алишер Илҳомов

Алишер Илҳомов таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Лондон, сабаби чунин муносибати Маскавро бо тоҷикистониҳо ба се омил рабт дод: "Якум, баргузории нишасте, ки чанд рӯз пеш дар Чин ва бе ҳузури Русия баргузор шуд. Ин як огоҳӣ ба Русия, ҳамчун лидери расмӣ ё ғайрирасмӣ ба кишварҳои пасошӯравӣ буд. Барои чӣ Тоҷикистон? Онҳо метавонанд, ки ба шаҳрвандонаш чунин муносибат кунанд, вале аксуламале набинанд. Дуюм метавонад мушкил бо Афғонистон бошад. Сеюм, ба ҷанги Русия дар Украина рабт дорад. Тоҷикистон иштироки шаҳрвандонашро дар ин кишвар манъ карда, ҷиноят донистааст."

Дар ин байн як нишасти дигаре низ баргузор шуда буд. Ҳамоиши сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, эътилофи Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон.

Ширкати онлайнии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он ишораеро пеш оварда буд, ки шояд Тоҷикистон низ узви ин иттиҳод мешавад, аммо нашуд.

Бори аввал нест, ки Русия бо муҳоҷирони тоҷик чунин бархурд мекунад. Боздошти пилот ё халабонҳои рус барои парвози қочоқӣ дар фазои Тоҷикистон даҳ сол пеш айни фишорро ба амал оварда буд. Вале он вақт Маскав ошкоро гуфта буд, ки ба Тоҷикистон посух медиҳад. Ин бор шарҳе нест ва сабаби бархӯрди вижа ва бераҳмона бо тоҷикон дар Русия алҳол номаълум мемонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG