Зиёда аз 150 муҳоҷири тоҷикро субҳи 30-юми май дар маҳаллаи наздик ба метрои Митинои Маскав, пойтахти Русия, дастгир кардаанд.
Муҳоҷирони тоҷик бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳоро аз хоб бедор карданд ва дар чор автобус ба Шуъбаи пулиси ноҳияи Митино бурданд.
“Ҳоло дар саҳни Шуъбаи пулис ҳастем. Намедонем, бо мо чӣ гуна бархӯрд мешавад. Сабаби боздоштро нагуфтанд,” – гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба далели амниятӣ нахост, номашро нависем.
Муҳоҷирон гуфтанд, онҳо дар сохтмоне дар наздикии метрои Митинои Маскав кор мекарданд ва ҷойи хобашон низ онҷост.
Мақомоти Русия ҳодисаро шарҳ надоданд. Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-юми май гуфтанд, аз ҳодиса хабар доранд ва онро пайгирӣ мекунанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Дар чанд рӯзи охир боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст. Ҳафтаи гузашта дар шаҳраки Котелники садҳо муҳоҷири тоҷикро дастгир карданд.
Маъмурони ОМОН, нерӯҳои вижаи пулиси Русия, беш аз сад донишҷӯйи тоҷики донишгоҳи Амурро заданд.
Рӯзи 29-уми май навори гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дастҳо пушти ҳам дар варзишгоҳе қадам мезананд. Онҳо ба нақзи қоидаҳои будубош, майдаавбошӣ ва итоат накардан ба амри корманди пулис муттаҳам шудаанд.
Расонаҳои Русия навиштанд, ки онҳо гуё кӯдакони маҳаллиро аз варзишгоҳ берун ронда, худашон онҷо футбол бозӣ кардаанд. Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли пулиси Русия навишт, ки ба зидди 49 муҳоҷир санад тартиб додаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 30-юми май гуфт, "ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28-уми майи соли ҷорӣ дар як варзишгоҳ дар ноҳияи Можайскии пойтахти Русия аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвари иқомат боздошт шуда буданд, озод гардиданд."
Мақомоти Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ба боздошту фишори муҳоҷирон дар Русия эътироз карда, сафири Русияро дар Душанбе ба Вазорати корҳои хориҷӣ барои суҳбат даъват карданд. Мақомоти Русия сабаби аслии фишорро ба муҳоҷирон шарҳ надодаанд.
Гуфтугӯ