Баҳси як ҷавони тоҷик бо ширкати "Ёқут-2000"-ум, ки далели маҷрӯҳ шуданашро дар бетаваҷҷӯҳии раҳбарияти ширкат медонад, додгоҳӣ шуд.
Моҳи феврали имсол аз боми бинои 19-ошёнае дар Душанбе, ки сохтмонаш идома дорад, ба рӯйи пойҳои Сиёвуши 25 сола оҳанпора афтод ва ӯро аз чаҳор ангушту тавони роҳ гаштан маҳрум кард. Биноеро, ки оҳанпора аз онҷо афтодааст, ширкати “Ёқут-2000” месозад. Дар ин ширкати сохтмонӣ гуфтанд, "ҳангоми таъмири бино, дар ҳудуди хатарнок лентаи огоҳкунанда гузошта будаанд, аммо Сиёвуш онро убур кардааст".
Сиёвуш Акобиршоев, рӯзи 2-юми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гуна лентае дар он ҷо набуд ва омодааст инро дар додгоҳ исбот созад. Ин ҷавон афзуд, ки нисбати ширкат ба додситонӣ шикоят бурдааст, вале бо гузашти 6 моҳ, раҳбарияти он ҳозир ба пардохти ҷуброн нашуд.
Раиси ширкати "Ёқут-2000"-ум соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода аст, ки қаблан нахост дар бораи ин қазия ба Радиои Озодӣ суҳбат кунад. Бино ба санадҳои расмӣ, ин ширкатро соли 2000-ум дар идораи андоз ё молиёт сабт кардаанд ва самти фаъолияташ "истеҳсол ва хариду фурӯши молҳои ниёзи мардум" аст. Ширкат дар оғоз ба таҳияи либосҳо машғул буд, ҳоло чандин тарҳи сохтмониро дар Душанбе ба уҳда дорад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ба қавли, Сиёвуш Акобиршоев ҳодисае, ки боиси маъюбии ӯ гардид, масъулони ин ширкат онро нодида мегиранд.
"То ба додгоҳ расидани шикоят аз масъулони ширкат хостам, ки масъалаи ҷубронро ҳал кунед, гуфтанд, вақти беморхона буданат кӯмак кардем, хай насибу тақдир ҳамин будааст",--афзуд Сиёвуш Акобиршоев.
Додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе бар асоси шикояти ин ҷавон аз болои ширкати "Ёқут-2000"-ум нисбати Карим Шарипов, муҳандиси ширкат бо моддаи 154-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намудааст. Ин меъёри қонун, ки "вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ"-ро дар назар дорад, аз 12 то 30 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ду соли ҳабсро пешбинӣ кардааст.
Карим Шарипов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ худро бегуноҳ донист ва таъкид кард, ки шикояти Сиёвуш нисбати ширкат беасос аст.
Ӯ мавқеи ширкатро дар ин баҳс шарҳ дода гуфт, " вақти таъмири "кран" мо дар ин ҷо лентаҳои огоҳкунанда мекашем, ҳатто мошинҳоро намемонем гузаштан, лекин ӯ ҳамин лентаро убур карда, гузаштааст. Ба ҳар ҳол мо ҳамчун инсон ба ӯ кӯмаки аввалияи тиббӣ расонидем, дар беморхона хобондем ва то ҳол қариб 50 ҳазор сомонӣ барои ин одам харҷ кардем, лекин мо намедонем боз чаро ба суд шикоят мебарад".
Намояндагони ширкати "Ёқут-2000"-ум, ки ба бегуноҳии худ пойфишорӣ доранд, ҳамзамон таъкид мекунанд, додгоҳ дар ин баҳс ҳар қароре барорад, омодаи иҷроанд.
Сиёвуш мегӯяд, дар даст акс ва дигар далелҳое дорад, ки нишон медиҳанд, ҳангоми рух додани ҳодиса ҳеҷ гуна нишони огоҳкунандае гузошта нашуда буд.
Аз ҳаққи Сиёвуш дар додгоҳ созмони ҷамъиятии "Дунёи ҳуқуқ" ҳимоя мекунад. Адвокати ин созмон, ки ба Сиёвуш кӯмак мекунад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи қонун, агар гуноҳи муҳандис исбод шавад, ӯ ҷаримаро на ба зерҳимояи ӯ, балки ба давлат месупорад ё ҳабс мешавад.
Сиёвуш таъкид намуд, ки нисбати муҳандис шикояте надорад ва мехоҳад, дар ин баҳс раҳбари ширкат посухгӯ бошад. Ӯ афзуд, ки "ба назари ман масъули тамоми корҳои бехатарӣ дар ниҳоят раиси ширкат аст ва пардохти ҷуброн низ вазифаи ӯ аст".
"Фитрати мо иҷоза намедиҳад, ки нафареро паси панҷара равон кунем ва ӯро аз қути лоямут маҳрум кунем. Дуюм ин ки ба маҳкама рафтани муҳандис ба ман фоида нест. Ягона ғаразу даъвои ман бо ширкати сохтмонии Ёқут аст, ки дар пай он ҳодиса маъюб шудам, ҷуброн пардозад"-, афзуд, ӯ.
Рӯзи 2-юми август, дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур нахустин мурофиаи додгоҳии баҳси Сиёвуш бо "Ёқут-2000"-ум бояд оғоз мешуд. Бо далели набудани додрас, мурофиаи додгоҳӣ мавқуф гузошта шуд.
Сиёвуш Акобиршоев сокини ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст. Ӯ мегӯяд, дар пойтахт дар пайи ҷустуҷӯи кор буд, вале ҳодисаи ба сараш омада нақшаҳояшро бар ҳам зад.
Вай нақл кард, ки то ҳол ҷарҳатҳои бардоштааш ӯро азият медиҳанд ва барои табобати комил ба маблағ ниёз дорад: "Бубинед, ки ман зиёд роҳ гашта, кор карда наметавонам, умедворам додгоҳ ҳукми одилонае содир мекунад ва масъули ба чунин ҳол гирифтор шуданам назди қонун ҷавоб медиҳад".
Файзи Олӣ, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, бар асоси қонунгузориҳои кишвар, пас аз анҷоми мурофиаҳои додгоҳӣ, ки ҳоло дар доираи Кодекси ҷиноӣ додрас ба он машғул аст, Сиёвуш метавонад барои ҷуброни зарар боз даъвои шаҳрвандӣ барад.
"Дар ҳолатҳое, ки бехатарии сохтмон аз тарафи сохтмончиён риоя намешавад, барои пардохти ҷуброн ӯ ҳамеша ҳаққи шикоят бурданро дорад, ин кори ӯ хуб аст ва барои дигарон намуна мешавад, зеро дар аксар ҳолат сокинон, ки аз ҳисоби сохтмонҳо зарар мебинанд, ба додгоҳ шикоят намекунанд ва ин боиси худсариҳои бештари ширкатҳои сохтмонӣ мешавад"-, гуфт, ҳуқуқшинос Файзи Олӣ.
Солҳои охир дар Душанбе сохтмони биноҳо босуръат идома дорад. Мақомот пайваста аз дигар шудани симои шаҳр суҳбат мекунанд, вале сокинон аз риоя нашудани чораҳои бехатарӣ дар маҳалли сохтмонҳо мегӯянд.
Дар гузашта чунин ҳодисаҳо борҳо расонаӣ шудааст. Яке аз чунин мавридҳо, ки дар сархатти расонаҳо қарор дошт, дар соли 2019 сарозер шудани 8 бинокор аз гунбази Масҷиди бузурги Душанбе буд.
Тибқи иттилои расмӣ, танҳо соли гузашта 31 ҳодисаи нохуш дар маҳалли сохтмонҳо сабт шудааст. Дар ин ҳодиса 8 нафар ҷон бохта, 33 кас маҷруҳ шудаанд.
Мақомот ҳодисаҳои нохушро бештар ба бемасъулиятии муҳандисон ва бепарвоии сокинон рабт медиҳанд. Аммо наздикони ҷабрдидаҳо ба ин назаранд, ки аслан бетаваҷҷӯҳии роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ва чашмпӯшии мақомот ба камбудҳо боис ба бештар сар задани чунин ҳодисаҳо шудааст.