Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоъ дар кони тилои Қирғизистон. 20 танро ба беморхона бурданд


Дар натиҷаи занозании субҳи 6-уми август дар кони Солтон-Сарии вилояти Норини Қирғизистон 20 кас ба беморхона интиқол ёфтанд.

"Вазъи саломатии ҳамаи осебдидагон муътадил арзёбӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир ба онҳо кумаки зарурии тиббӣ расонида мешавад", - омадааст дар иттилоияи Вазорати тандурустии Қирғизистон.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, ҳоло вазъ дар кони Солтон-Сарӣ ором буда, кормандони вазорат дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Сокинони вилояти Норин аз ширкати чинии "Jhong ji Mining" талаб доранд, ки кормандон ва техникаҳои худро аз кони Солтон-Сарӣ барорад. Муовини аввали сарвазир Қубодбек Боронов ва вазири умури дохилии Қирғизистон Кашкар Ҷунушалиев барои мулоқот бо сокинони норозӣ ба маҳалли ҳодиса рафтаанд.

Мансабдорони қирғиз талош карданд бо сокинон гуфтугӯ кунанд, вале ҷамъшудаҳо ба бурунрафти кормандону техникаҳои ширкати чинӣ аз кон исрор доранд. Сокинон таҳдид доранд, ки агар мақомот иқдоме накунанд, ин корро худашон анҷом хоҳанд дод.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев дар робита ба вазъ дар кони Солтон-Сарӣ ҷаласае баргузор карда, дастур дод, ки ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба омӯхта ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон пурзӯр карда шавад.

Ёдрас мешавем, 5 август ҳудуди 500 сокини маҳаллӣ дар кони Солтон-Сарӣ ҷамъ шуда, талаб карданд, ки ширкати чинӣ конро тарк кунад. Дар натиҷа миёни сокинон ва кормандони ширкат занозанӣ рух дод.

Рӯзи 4 августи соли равон низ дар кони мазкур ҳудуди 30 чорвопарвари маҳаллӣ даст ба тазоҳурот зада, эътирози худро ба коркард шудани кони тило аз сӯи ширкати чинӣ баён карданд.

Ширкати Jhong ji Mining соли 2012 иҷозатномаи коркарди кони Солтон-Сариро дарёфт кардааст. Ширкат тасмим дорад, имсол дар кон корхонаи коркарди тилоро бунёд кунад. Ҳаҷми захираи тилои он 11 тонна арзёбӣ мешавад. Дар ширкат ҳудуди 160 сокини маҳаллӣ кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG