Юлия Свириденко, вазири иқтисоди Украина, рӯзи 16-уми апрел эълон кард, ки "пешрафтҳои чашмрас" дар созиши истихроҷи маъданҳои қиматбаҳо миёни Киев ва Вашингтон ба даст омадааст.
Ӯ афзуд, "бахши зиёде аз масъалаҳо аз пеш ҳал шудаанд. Мо акнун бо тарафи амрикоӣ тавофуқ кардаем, ки ин пешрафтро дар қолаби ёддошти тафоҳум сабт кунем. Дар ҳоли омодасозии ниҳоӣ ва расмии ин созиш дар ояндаи наздик ҳастем".
Раисҷумҳур Доналд Трамп таъмини маъданҳои қиматбаҳоро барои Амрико ба вижа дар пасманзари рақобатҳои рӯ ба афзоиши ҷаҳонӣ бо Чин дар авлавияти стратегии худ қарор додааст. Созиш бо Украина дар ин чаҳорчӯба талоше барои пайдо кардани манбаъҳои нав ва коҳиши вобастагӣ аз Чин гуфта мешавад.
Аз нигоҳи Трамп, ин созиш ҳамчунин роҳе барои ҷуброни миллиардҳо долларе аст, ки Вашингтон ба Украина дар ҷанг ба Русия ёрии низомӣ ва иқтисодӣ кардааст.
Юлия Свириденко гуфт, пас аз ниҳоӣ шудани матн пешнависи тавофуқ бояд аз сӯи порлумони Украина қабул шавад, то бо манфиатҳои дарозмуддати ин кишвар созгор бошад. Ӯ таъкид кард, "ин тавофуқ имкониятҳое барои сармоягузорӣ ва рушд дар Украина эҷод хоҳад кард ва шароитро барои рушди чашмраси иқтисодии ҳар ду кишвар, яъне Украина ва Амрико фароҳам месозад".
Ин изҳороти Юлия Свириденко як рӯз пас аз он нашр шуд, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфгугӯҳои охирро бо Амрико дар ин замина "мусбат" хонд. Зеленский тасдиқ кард, ки мулоқот дар зинаҳои гуногун дар ҳоли баргузор шудан аст ва хоҳони таваҷҷуҳи умумӣ ба раванди ин гуфтугӯҳо шуд.
Бо ин ҳол, гуфтугӯҳо дар сояи танишҳои давомдор миёни Трамп ва Зеленский ҷараён дорад. Трамп рӯзи 30-юми март Зеленскийро муттаҳам кард, ки нияти ақибнишинӣ аз созиши истихроҷи маъданҳои қиматбаҳо бо Вашингтонро дорад ва ҳушдор дод, ки ин иқдом пайомадҳои ҷиддӣ дар пай дорад.
Ин иттиҳом пас аз гузорише аз Bloomberg матраҳ шуд, ки нишон медод, Украина дар ҳоли баррасии тағйироте дар пешнависи созиш барои ҷалби сармоягузории бештари Амрикост.
Бо наздиктар шудани Киев ва Вашингтон ба ниҳоӣ кардани созиши шарикии иқтисодӣ ва тавофуқи истихроҷи маъданҳои қиматбаҳо, ин гуфтугӯҳо метавонад сохтори иқтисоди пасоҷангии Украинаро дигаргун кунад.