Суратҳисоби корти яке аз бонкҳои Тоҷикистон сабаб гашт, ки омӯзгори ботаҷриба Сафаргул Ашӯрматова наздик ба 80 ҳазор сомониро ба ҳаво диҳад. Пуле, ки ӯ аз хешу наздикон бо ҳадафи дарёфти даромад қарз гирифта, ҳоло дигар наметавонад баргардонад.
Агар эълон аз хориҷа мебуд ё корти амалкунандаи бонки Тоҷикистонро намедошт, шояд Сафаргул шубҳа ва худдорӣ мекард. Аммо ҳама чиз дар ин қазия комилан боварбахш буд.
Корбаре бо номи “Эмиля” ба Сафаргул, сокини вилояти Хатлон, ваъда дод, ки дар сурати ҳамкорӣ бо онҳо метавонад дар як рӯз аз 300 то 1000 сомонӣ даромад гирад.
“Ман аз рӯйи кунҷковӣ эълонро боз кардам, ки маро ба паёмрасони WhatsApp роҳнамоӣ кард. Дар онҷо корбаре бо номи Эмиля баъд аз шиносоӣ, тартиби сабтином ва шартҳои кориро фаҳмонд. Барои оғози кор ба ман 20 сомонӣ ҳамчун бонус дода шуд ва ман хариди аввалинро анҷом додам. Вақте мехостам қадамҳои баъдиро иҷро кунам, Эмиля маслиҳат дод, ки бояд барои идомаи кор суратҳисоби кориямро бо 80 сомонӣ пур кунам," - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи Сафаргул, қаллоб ё худ “Эмиля” бо ҳар баҳона, аз ҷумла пардохти андоз (молиёт) аз даромад ё харҷҳои дигар аз ӯ талаб мекардааст, ки барои гирифтани даромадҳояш маблағҳои гуногун пардозад.
“Эмиля” дар яке аз марҳилаҳо хабар дод, ки гуё аз сабаби калон будани маблағи даромад ман бояд андози онро пардохт кунам. 15 ҳазору 529 сомонӣ. Ба ӯ фаҳмондам, ки дигар маблағ надорам ва хоҳиш кардам, ки пулҳои маро баргардонанд. Вай эътироз карда гуфт, ки бе пардохти андоз маблағ пас дода намешавад. Маҷбур шудам, боз як бори дигар хатарро қабул кунам,” - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Сафаргул мегӯяд, як далели бовар кардани ӯ ба ваъдаҳои фиребгарон пешниҳоди суратҳисоби корти яке аз бонкҳои Тоҷикистон буд. Дар таблиғот номи ширкате, ки бояд Сафаргул дар он ба кор ҷалб мешуд, “Vintedmall” навишта шуда буд. Зоҳиран ин зан ягона қурбонии эълонҳои дурӯғи ҷойи кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нест.
Ҳуқуқшинос Хуршед Қурбоншоев мегӯяд, вақтҳои охир дар Тоҷикистон ҳолатҳои қаллобӣ бо роҳи "ба иҷора гирифтан"-и кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ бештар мешавад. Ӯ 15-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаллобон тариқи сомонаҳои эълони ҷойи кор корбаронро “манипулятсия” карда, ба паёмакрасонҳои Телеграм ё WhatsApp ба суҳбати хусусӣ даъват мекунанд.
“Дар суҳбати инфиродӣ пешниҳод мекунанд, ки то омода шудани ҳуҷҷатҳо ё маълум шудани ҷойи кор тавассути ин роҳ метавонед барои худ маблағи муайяне кор кунед. Яъне, мегӯянд, рақами ҳамёни электронии худро бо рамзаш диҳед. Ва шарт ҳам ҳамин аст, ки аз субҳ то шом ба ҳамёни худ ворид намешавед ва ҳар шаб ба шумо 300 ё 350 сомонӣ медиҳем. Албатта, ин яке аз роҳҳо аст," - изҳор дошт Қурбоншоев.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, фиребгарон метавонанд тавассути корту ҳамёнҳои ба иҷора гирифтаашон ба пулшӯӣ, нақд кардани пулҳои шубҳанок ё гузаронидани маблағҳое, ки бо роҳи қаллобӣ ба даст омадаанд, даст зананд ва соҳибони корту ҳамёнҳоро дар ин ҷиноятҳо шарик созанд.
“Агар ҷинояткори асосӣ ҳам дастгир нашавад, метавонанд соҳибони корту ҳамёни электрониро ба ҷавобгарӣ кашанд. Фаҳмидан ва нафаҳмидани мақсад дар инҷо муҳим нест. Зеро надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Асос ин аст, ки дар кирдори онҳо ҷиноят дида мешавад,” - афзуд ҳуқуқшиноси тоҷик.
Ниҳодҳои умури дохилии кишвар низ қаблан аз афзоиши қаллобӣ бо истифода аз кортҳои бонкӣ хабар дода, гуфта буданд, ки қаллобон бо ваъдаи пул кортҳои бонкии шаҳрвандонро “ба иҷора” мегиранд ва онро барои амалҳои ғайриқонунӣ истифода мебаранд. Вале дар ин бора ҳеч омори расмие нашр нашудааст.
Бар пояи омори расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон 3480 ҳолати қаллобӣ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2023 қариб 20 дарсад бештар аст.