Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман дар СССР зистаам."

Узр! Додае нест. Гузаштаҳоро бинед

шанбе 11 июн 2011

Зиндагӣ дар даврони СССР бо оромиву осоиштагияш ба ёди ман мондааст.

Байни ҷумҳуриҳо сарҳад набуд. Мо барои гузарондани иди 1 май аз Уротеппа (Истаравшан) ба Тошканд рафта меомадем. Пул барои ҳама як буд -- рубли советӣ. Миллатгарои ва ҳисси бадбини байни ҳалкҳо набуд.
Мардум ҳис мекард, ки сару бар дорад, ҳомӣ дорад. Давлат ба муаллимони деҳот ангишт, ҳезум ва хӯроки чорворо бепул медод. Муаллимӣ касби пурифтихоре буд. Мо орзу доштем, ки калон шавем, дар мактаби олӣ мехонему муаллим мешавем.

Пирсолон, хусусан иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанй соҳиби обрӯю эҳтиром буданд.

Дар ягон ҷо фалокате (ҳоҳ фалокати табиӣ бошад ва ҳоҳ бо ҷурми инсон) рух диҳад, ба мардум намегуфтанд, то ки ҷомеа ноором нашавад. Ҳоло радиою телевизион ба сари мо факат хабарҳои нохушро меборанд.

Ҳар сол дар остонаи ҷашнҳои умумидавлатӣ (1 май, 7 ноябр ва гайра) ҳатман молҳои талаботи ҳаррӯза ва маводи хӯрокӣ як андоза арзонтар мешуданд.

Он давраро ҳоло давраи атеистӣ, яъне бехудоӣ мегуянд. Аммо он замон мусулмонӣ мустаҳкамтар буд. Занҳо дар хона менишастанду бо тарбияи кӯдакон машғул буданд, мардон кор мекарданду бо маоши худ хонаводаро бе душворӣ таъмин мекарданд. Ҳоло бошад, занон бозорнишину мардон мардикор дар мулкҳои бегона.
Ҳамеша мешунидем, ки калонсолон аз замона изҳори қаноатмандӣ мекарданд, шукри замонаи серию пурӣ мегуфтанд. Ҳикояҳое, ки онҳо дар бораи гуруснагию каҳтии давраи бачагии худ мекарданд, ба ёди мо афсонаҳои пурдаҳшатро меоварданд.

Падарам колхозчии одӣ буданд. Бо 60 рубл маош оилаи иборат аз 9 нафарро мехӯронданд. Ғайр аз ин, ҳамаи 5 писари худро соҳиби маълумоти олӣ гардонданд. Баъд аз фурӯпошии СССР ҳамеша андешамандона мегуфтанд: «Агар СССР намешуд, ягон нафари шуморо дар мактаби олӣ хонондан наметавонистам.»

Дар деҳаи мо ҳамагӣ чанд телевизор мавҷуд буд. Мо, бачаҳо, барои тамошои телевизор ба он хонаҳо мерафтем. Гоҳо хонаи телевизордорон ба кинотеатр монанд мешуд. Аҷибаш ин ки соҳибони хона моро ба хушӣ пешвоз гирифтаю шинонда, зиёфат ҳам мекарданд. Ҳоло кас ба ҳуд лоиқ намебинад, ки ба хонаи ҳамсоя ё хешони худ равад, то ки боиси ташвиш нагардад.

Ба хонаҳои мардум радиоҳои одӣ, ки «радиои 5-сӯма» мегуфтандаш, саросар гузаронида шуда буд. Барномаҳои радиои тоҷикро бо ҳавас мешунидем. Ёд дорам, дар оғози барномаи ҷавонӣ ин шеърро мехонданд, ки аз шуниданаш дилҳои мо ба ҷӯш меомад:

Насиби мо зи рӯзгор, чу давлати ҷавонӣ аст,
Дар осмону дар замин замони қаҳрамонӣ аст.
Чунон кунем зиндагӣ, ки шӯҳрати ҷаҳон шавад,
Ҷавонии ману шумо ҷавонии ҷаҳон шавад.


Дар ними шаб, пеш аз анҷоми гуфтори радиои тоҷик, сухангӯён ин шеърро мехонданд:

Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама бешу камаш,
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш.
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳар он чӣ ҳасту нест,
Шукр гӯям бахтро бо омаду ноомадаш.


…Зиндагии он замонро ҳар гоҳе чун афсонаи ширине ба ёд меорам…

Умар Юнусов
Ба ҷои пешгуфтор

Ба иттилои онҳое, ки СССР-ро чашми дидан надоранд ва нисбаташ донистаю надониста бадгӯиҳо мекунанд: Ба донишкада ройгон даромадам, ройгон хондам. 5 соли таҳсил танҳо як баҳои 4 доштам, боқӣ ҳама 5 буд.
Дари масҷиди Шайх Маслиҳатдин ҳамеша боз буд. Баъзан ман ҳам бо падарам он ҷо намозгузорӣ мекардам. Вақти намози ҷумъа дохилу берунаш, дар намози ид бошад гирду атроф ва ҳатто майдони «Панҷшанбе» то дари бозор пури намозгузорон мешуд. Рафиқонам аз домуллоҳои маҳалла–Қорипоччо, Махсум-поччо, Қорӣ Раҳмат, Эшонбобохон, ки маърифати хуби исломӣ доштанд, таълими динӣ гирифтаанд.

Хуҷанди ман ба шаҳри зебои саноатӣ, маркази адабиву илмӣ ва фарҳангӣ табдил ёфт.

Ба маоши рӯзноманигории аввалинам 66 кило гӯшт медод, ба охирин моҳонаи давраи шӯравиам қариб 1 тоннаю 100 кило орд гирифта метавонистам.

Маошу ҳаққи қалами якмоҳаам барои 5 маротиба бо тайёра аз Хуҷанд ба Маскав рафта омадан ва бақияаш боз ба парвози як самт мерасид. Ҳоло ба Душанбе парвоз карданӣ шавам, тайёраро сари кӯҳи баланд бозмедоранду мегӯянд, «фаро, пулат то ба ҳамин ҷо расиду бас!»

Боғшаҳри соҳили Сир

Дар имтиҳони қабули Донишкада иншоро дар мавзӯи озоди «Симои имрӯзаи шаҳри социалистии мо» интихоб намудам, бо шавқ чандин варақро пур кардам ва дар поёнаш навиштам:

Шаҳри зебоям шабонгаҳ дилработар мешавад,
Менамоям з-ин сабаб бо ҳусни он ман ифтихор,
Роҳи фардояш бувад равшан чу роҳи офтоб,
Осмони беғубораш бод доим беғубор!


Хуҷанд бо ҳама ҳусну қубҳаш, бо ҳама буду набудаш дар ҳама давру замон бароям зеботарин макон буду ҳаст. Шаҳри интернатсионалӣ мегуфтанд, намояндагони миллату халқиятҳои зиёд, мардумони гуногунзабону ҳаммаром чун аъзои як оилаи бузурги тифоқ дар оғӯши он кору зиндагӣ мекарданд, барои рушду нумӯяш муттаҳидона заҳмат мекашиданд. Як худи комбинати шоҳибофӣ 10 ҳазор коргар дошт.

Имрӯз ба шарофати Истиқлол, пойдории сулҳу салоҳ, заҳматҳои мардуми шукргузорамон Хуҷанд-боғшаҳри соҳили Сир, шаҳре, ки рӯи хокаш хуни нофам рехтааст, тӯли умри дидаам пеши чашмам аз нав бо тарҳи нав бунёд шудааст, рӯз аз рӯз боз зебою дилоротар мешавад, ба гӯшаи сабзу хуррами Тоҷикистони обод табдил меёбад!

Созандагӣ

Мавзеи соҳили рост то доманаи кӯҳи Мевағул ба ҷуз як хоначаи сафед дигар иморате надошт. Ҳар ду соҳилро кӯпруки чӯбӣ мепайваст. Соли 1964 пули калони бетонӣ сохтанд. Соҳили рост ба майдони бузурги сохтмон табдил ёфт. Аввал хонаҳои якқабатаи назди соҳилро сохта садҳо оилаҳоро ба он ҷо кӯчонданд.

Дигар мавзеъҳоро ба «микроноҳия»-ҳо тақсим карданд.
Барои вусъати сохтмон дар соҳили рост корхонаҳои масолеҳи бинокорӣ, комбинати хонасозии калонпанел, ПМК-ҳо таъсис доданд. Тӯли чаҳор-панҷ сол аз дашти доманфарохи соҳили рост ному нишон намонд.

Иншооти таъиноти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, маишӣ, фарҳангӣ, хонаҳои панҷ, шаш ва нӯҳошёнаи истиқоматӣ, роҳу кӯчаҳои васеи мумфарш ва каф барин ҳамвор, боғу гулгашту хиёбонҳо бунёд ёфтанд. Шаҳри дигаре бо ҳусни тоза дар ин мавзеъ қомат афрохт.

Дар соҳили чап низ бунёдкорӣ ба авҷи аъло расид. Миёнаи солҳои 50-ум маҳаллаи наздисоҳилии Раззоқро оби дарё зер кард. Ба сокинони ин ҷо аз маҳаллаи Чорчароғ замин ҷудо карданд. Кӯчаи калони «Себзор» Чорчароғро бо мавзеи «Наташа» пайваст. Даҳҳо кӯчаҳои миёнбури пуриморат кушоданд.

Дар маркази шаҳр хонаҳои пасту назарногирро саропо вайрон карда, иморатҳои баландошёна сохтанд.
Хуҷанд симояшро куллан дигаргун кард.

Чойхонаҳои шаҳри мо

Маҳаллае набуд, ки чойхона надошта бошад–имораташ пурнақшу зебо, сарҳавзи пурбедаш ҷои фароғат, чойхоначиаш чеҳракушоду ҳамеша даст пеши бар дар хизмат, суруди форам аз карнаи радио пайваста бо хониши кабку бедонаҳо гӯшҳоро навозиш медод.

Тавассути фитаи магнитофон сурудҳои Олмахон Ҳайитоваю Фахриддин Умарову Таваккал Қодиров садо медоданд. Мардум як чойхонаро ҳатто «Олмахон» ном ниҳода буданд.

Соли 1967 ду ронандаи таксӣ Олимҷон Сиддиқов ва Маҳмудҷон-ако дар фестивали ҳаваскорони санъат дар Душанбе сурудеро бо номи «Ленинобод» хонданд ва он хеле дилнавоз буд:

Ленинободи азизам боғу бӯстон гаштааст,
Қомати сабзаш дар ин боғи ленинӣ растааст…


Баъди ин чойхонаҳо сурудҳои ӯзбекиро ба сурудҳои тоҷикӣ иваз карданд.

Сӯҳбатгоҳи мӯйсафедон, мулоқотгоҳи ҷавонон буд чойхона, ҷои беғурбату беғайбат. Сари як пиёла чой албатта, бо нони гарм, қанду нишоло сӯҳбаташон қаймоқ мебаст. Баъзан оши ҳарифона мепухтанд, ки хеле бомазза мешуд.

«Гӯшаи сурх» ҳам дошт, бо рӯзномаҳои наву тоза, китобчаҳои тарғиботӣ. Чойхоначиҳо бо завқи хоссаи худ чойхонаро бо шиору плакатҳо, гуфтори бузургони адабиёти тоҷик, панду андарзҳо оро медоданд. Лекторон лексия мехонданд. Судҳои рафиқона баъзан дар чойхона мегузашт, ба айбдор танбеҳ мешуду ба дигарон дарс.

Охирсухан

Тобистони соли 1976 20 нафар донишҷӯёни Донишкадаи ба номи Патрис Лумумбаи Маскав-намояндагони кишварҳои Африқо ба Хуҷанд ташриф оварданд.

Қабл аз гусел дар боғи колхози ба номи Ӯрунхоҷаев дастархони пурнозу неъмат ва ба қавле шоҳона оростанд. Раиси колхоз Абдуҳамид Зоҳидов (рӯҳаш шод бод!) қадаҳвора гуфт:
-Ҳозир ва ҳамеша бидуни огоҳии пешакӣ ба хонаи кадом колхозчӣ дароед, фурсати панҷ дақиқа нагузашта, ҳамин хел дастархон мекушояд.

Маҳмудҷон Иброҳимов,
шаҳри Хуҷанд

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG